1 316
edit
Omid Jeyhani (баҳс | ҳисса) х (илова, навсозӣ) |
|||
'''Роёна''' ( {{lang-fa|'''رایانه'''}} > {{lang-pal|*rāy-ēn-ag}} > {{lang-peo|*rād-aya-na-ka-}}) ё '''Компютер''' — [[мошини электрони|дастгоҳи
Роёна ё компутар номи умумии ҳама гуна дастгоҳҳои падозиши худкори додаҳо аст. Роёнаҳо бобаста ба шитоби корӣ ва вазифаҳое, ки анҷом медиҳанд, чунин намудҳо доранд: [[компутари фардӣ]], [[сервер (таҷҳизот)]], компутари истеҳсолотӣ ва ҳоказо.
[[Акс:Personal computer, exploded 5.svg|thumb|325px|Қисмҳои компютерҳои IBM PC]]
== Вожашиносии «роёна» ==
Вожаи «роёна» аз масдари «роёнидан» сохта шуда, ки дар [[забони порсии миёна]] ба гунаи «rāyēnīdan» ва ба маънои «санҷидан, муқоиса кардан; сабуку сангин кардан» ё «мураттаб кардан, назм бахшидан ва сомон додан» будааст. Ин масдар дар порсии миёна корбурди фаровоне дошта ва барсохтаҳои бисёре низ аз он сохта будаанд. Намуди порсии миёнаи ин вожа «rāyēnīdan» буда ва агар он ба форсии нав мерасид, «роёнидан/роёндан» мегашт (чунон ки вожаи порсии миёнаи «āgāhēnīdan» дар форсии нав «огоҳонидан/огоҳондан» гаштааст).
Ин вожа аз решаи фарзии эронии бостони «*radz-» рӯидааст, ки ба маънои «мураттаб кардан» будааст. Ин реша ба гунаи «*rad-» ба порсии бостон расида, ки дар порсии миёна «rāy» гаштааст. Аз ин реша ситокҳои ҳол ва вожаҳои зер дар порсии миёна ва форсии нав падид омадаву ба кор рафтаанд:
• «*ā-rādz-a-» (эронии бостон) → «ā-rāy-» (порсии миёна), ки вожаи «ороиш» дар форсии нав аз он аст.
• «*pati-rādz-a-» (эронии бостон) → «pē-rāy-» (порсии миёна), ки вожаи «пероиш» дар форсии нав аз он аст.
• «*rādz-ta-» (эронии бостон) → «rāst» (порсии миёна), ки вожаи «рост» дар форсии нав аз он аст.
Ин решаи эронии бостон худ аз решаи ҳиндуурупоии «*reĝ-» ба маънои «мураттаб кардан ва назм додан» рӯидааст.
Вожаи «роёна» дар порсии миёна метавониста «*rāy-ēn-ag» ва дар порсии бостон «*rād-aya-na-ka-» буда бошад. Шоёни ёдоварист, ки дар матнҳои порсии миёнаи турфонӣ ва порсии миёнаи зардуштӣ вожае ба гунаи «rāyēnāg» дида мешавад, ки ба маънои «раҳбар, раҳнамо; ҳидоятгар» аст. Ин вожа сифати фоъилии ҳол аз «rāyēnīdan» аст, ки бо пасванди «-āg» сохта шудааст. Агар ин вожа ба форсии нав мерасид, бояд «роёно» мегашт ва маъное камобеш ҳаммонанд бо маънояш дар порсии миёна медошт.
Дар форсии нав пасванди «-а»-ро ба ситоки ҳоли феълҳо мечаспонанд то номи абзори он феълҳо ба даст ояд. Барои намуна аз «расон-» (яъне ситоки ҳоли «расондан») + «-а» – «расона» – абзори расондани иттилоъот ва барномаҳои дидориву шунидорӣ сохтаанд. Вожаи «роёна» низ ҳамингуна сохта шудааст: аз «роён-» (яъне ситоки ҳоли «роёнидан») + «-а» – «роёна» – абзори назм бахшидан ва созмондиҳии додаҳо».
== Таърих ==
Бо [[қувва]]и [[барқ]] кор мекунад.
Намудҳои компютер [[Apple]], [[Windows]] ва ғ.
Наввожаҳое ки аз роёна сохта шудаанд:
* computerize - رایانیدن، رایاندن - роёнидан, роёндан
* computerizing - رایانش، رایانیدن، رایاندن - роёниш, роёнидан, роёндан
* computer architecture, architecture - معماریِ رایانه، معماری - меъмории роёна
* computer crime - جُرمِ رایانهای - ҷурми роёнаӣ
* computer farm - کارسازگان - корсозгон
* computer fraud - تقلّبِ رایانهای - тақаллуби роёнаӣ
* computer graphics - نِگاشتارِ رایانهای - нигоштори роёнаӣ
* computer literacy - سوادِ رایانه[ای]ا - саводи роёна[ӣ]
* computer network - شبکهیِ رایانهای - шабакаи роёнаӣ
* computer programming - برنامهسازیِ رایانهای، برنامهنویسیِ رایانهای - барномасозии роёнаӣ, барноманависии роёнаӣ
* computer system - سامانهیِ رایانهای - сомонаи роёнаӣ
* computer telephony - تلفیق/ یکپارچهسازیِ تلفن و رایانه - якпорчасозии телефуну роёна
* computer telephony integration - تلفیق/ یکپارچهسازیِ تلفن و رایانه - якпорчасозии телефуну роёна
* desktop computer - رایانهیِ رومیزی - роёнаи рӯмизӣ
* hand held computer - رایانهیِ جیبی - роёнаи ҷайбӣ
* home computer - رایانهیِ خانگی - роёнаи хонагӣ
* laptop computer - رایانهیِ کیفی - роёнаи кифӣ
* mainframe computer - بزرگْرایانه - бузургроёна
* microcomputer - ریزرایانه - резроёна
* minicomputer - خُردرایانه - хурдроёна
* network computer - رایانهیِ شبکهای - роёнаи шабакаӣ
* notebook computer - رایانهیِ کتابی - роёнаи китобӣ
* palmtop computer - رایانهیِ جیبی - роёнаи ҷайбӣ
* personal computer - رایانهیِ شخصی - роёнаи шахсӣ
* pocket computer - رایانهیِ جیبی - роёнаи ҷайбӣ
* simultaneous computer - رایانهیِ همپا - роёнаи ҳампо
* simultaneous computer - رایانهیِ همزمان - роёнаи ҳамзамон
* supercomputer - اَبَررایانه - абарроёна
* supercomputer, supermini computer - اَبَرْرایانه، اَبَرْخُردْرایانه - абарроёна, абархурдроёна
== Нигаред ==
|