Гарданаи Суэс: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Гарданаи Суэс''' (({{lang-ar|برزخ السويس}}) — минтақаи хушкӣ, ки Африқо ва Осиёро ба ҳам пайваст ва...
(бе тафовут)

Нусха 04:16, 29 май 2020

Гарданаи Суэс ((ар. برزخ السويس‎) — минтақаи хушкӣ, ки Африқо ва Осиёро ба ҳам пайваст ва баҳри Миёназамину баҳри Сурхро аз ҳам ҷудо кардааст. Бараш 112 км. Гарданаи Суэс минтақаи фурӯхамидаи тектоникӣ буда, бо ҷинсҳои гилӣ пур шудааст. Релефаш ҳамвор, дар қисми ғарбӣ хомаю регтеппа дорад. Дар пастиҳо ҷо-ҷо шӯрзамин ва кӯлҳои шӯр (бузургтаринаш Кӯли Калони талх) вомехӯранд. Иқлимаш субтропикии биёбонӣ. Аз Гарданаи Суэс Канали Суэс мегузарад.

Эзоҳ

Сарчашма