Гуноҳ (ҳуқуқ): Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
'''Гуноҳ''' – муносибати рӯҳии шахс нисбат ба кирдори ба ҷамъият хавфнок ва оқибати он буда, дар шакли беэҳтиётй ифода меёбад.
'''Гуноҳ''' – муносибати рӯҳии шахс нисбат ба кирдори ба ҷамъият хавфнок ва оқибати он буда, дар шакли беэҳтиётй ифода меёбад.

Гуноҳ,
== дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ==
== Гуноҳ, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ==
муносибати манфии равонии шахс ба арзишҳои асосии иҷтимоӣ, ки барқасдона ё аз беэҳтиётӣ содир карда шуда, гунаҳкор оқибатҳои зарарноки онро барои ҷамъияту шахсони дигар дарк карда метавонад. Шахс танҳо барои кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати ҷамъиятии ба вуқуъ пайвастани он, ки гуноҳи ӯ нисбати чунин рафтор тасдиқ шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Гуноҳ аломати ҳатмии тарафи субъективии ҷиноят буда, бе он таркиби ҷиноят ҷой надорад, яъне гуноҳ заминаи зарурии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо мебошад. Дарк намудани хавфнокии кирдори худ онро ифода мекунад, ки шахс ба хусусиятҳои ҳам воқеӣ ва ҳам иҷтимоии кирдори худ сарфаҳм меравад. Мас., ҳангоми дуздӣ шахс дарк менамояд, ки ба таври пинҳонӣ амволи шахси дигарро тасарруф мекунад ва бо ин кирдори худ ҳуқуқи моликияти ҷабрдидаро поймол месозад.
Гуноҳ, муносибати манфии равонии шахс ба арзишҳои асосии иҷтимоӣ, ки барқасдона ё аз беэҳтиётӣ содир карда шуда, гунаҳкор оқибатҳои зарарноки онро барои ҷамъияту шахсони дигар дарк карда метавонад. Шахс танҳо барои кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати ҷамъиятии ба вуқуъ пайвастани он, ки гуноҳи ӯ нисбати чунин рафтор тасдиқ шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Гуноҳ аломати ҳатмии тарафи субъективии ҷиноят буда, бе он таркиби ҷиноят ҷой надорад, яъне гуноҳ заминаи зарурии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо мебошад. Дарк намудани хавфнокии кирдори худ онро ифода мекунад, ки шахс ба хусусиятҳои ҳам воқеӣ ва ҳам иҷтимоии кирдори худ сарфаҳм меравад. Мас., ҳангоми дуздӣ шахс дарк менамояд, ки ба таври пинҳонӣ амволи шахси дигарро тасарруф мекунад ва бо ин кирдори худ ҳуқуқи моликияти ҷабрдидаро поймол месозад.
Мавқеи асосиро дар байни омилҳое, ки боиси сар задани гуноҳ шудаанд, омили равонӣ ишғол менамояд. Муҳтавои гуноҳ аз муносибати байни шуур ва ирода вобаста буда, таносуби гуногуни онҳо боиси сар задани шаклҳои гуногуни гуноҳ мегардад. Дар баробари дараҷа ва аломатҳои гуноҳ инчунин ҳолатҳои содир шудани он низ ба эътибор гирифта, бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи гуноҳ дараҷаи ҷавобгарӣ барои он муқаррар карда мешавад. Муайян намудани дараҷаи гуноҳ ба ҳалли объективии масъалаи ҷавобгарӣ ва ҷазодиҳии гунаҳкор мусоидат менамояд. Дараҷаи гуноҳ андозаи муносибати манфии шахсро нисбат ба арзишҳои иҷтимоӣ (манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат), ки ҳангоми содир кардани ҷиноят зоҳир шудааст, нишон медиҳад. Ба дараҷаҳои гуноҳ вазъияту ҳолати объективию субъективӣ: шакли гуноҳва навъи ният ғараз ё беэҳтиётӣ, сабабу мақсади ҷиноят, ҳолатҳое, ки шахсияти гунаҳкорро тавсиф мекунад, шароити ташаккули мақсад ё ғараз таъсир мерасонад. Дар қонунгузории ҷиноятӣ мафҳуми “дараҷаи гуноҳ.” истифода намешавад, вале он дар таҷрибаи судӣ ба таври васеъ корбурд мегардад.

Гуноҳ дар ҳуқуқи гражданӣ ҳуқуқвайронкунии гражданӣ буда, боиси ба ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ кашидани шахс мегардад.
Гуноҳ дар ҳуқуқи гражданӣ ҳуқуқвайронкунии гражданӣ буда, боиси ба ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ кашидани шахс мегардад.

Нусха 07:33, 11 августи 2020

Гуноҳ – муносибати рӯҳии шахс нисбат ба кирдори ба ҷамъият хавфнок ва оқибати он буда, дар шакли беэҳтиётй ифода меёбад.

Гуноҳ, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ

Гуноҳ,  муносибати манфии равонии шахс ба арзишҳои асосии иҷтимоӣ, ки барқасдона ё аз беэҳтиётӣ содир карда шуда, гунаҳкор оқибатҳои зарарноки онро барои ҷамъияту шахсони дигар дарк карда метавонад. Шахс танҳо барои кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати ҷамъиятии ба вуқуъ пайвастани он, ки гуноҳи ӯ нисбати чунин рафтор тасдиқ шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Гуноҳ аломати ҳатмии тарафи субъективии ҷиноят буда, бе он таркиби ҷиноят ҷой надорад, яъне гуноҳ заминаи зарурии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо мебошад. Дарк намудани хавфнокии кирдори худ онро ифода мекунад, ки шахс ба хусусиятҳои ҳам воқеӣ ва ҳам иҷтимоии  кирдори худ сарфаҳм меравад.  Мас., ҳангоми дуздӣ  шахс дарк менамояд, ки ба таври пинҳонӣ амволи шахси дигарро тасарруф мекунад ва бо ин кирдори худ ҳуқуқи моликияти ҷабрдидаро поймол месозад.

Мавқеи асосиро дар байни омилҳое, ки боиси сар задани гуноҳ шудаанд, омили равонӣ ишғол менамояд. Муҳтавои гуноҳ аз муносибати байни шуур ва ирода вобаста буда, таносуби гуногуни онҳо боиси сар задани шаклҳои гуногуни гуноҳ мегардад. Дар баробари дараҷа ва аломатҳои гуноҳ инчунин ҳолатҳои содир шудани он низ ба эътибор гирифта, бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи гуноҳ дараҷаи ҷавобгарӣ барои он муқаррар карда мешавад. Муайян намудани дараҷаи гуноҳ ба ҳалли объективии масъалаи ҷавобгарӣ ва ҷазодиҳии гунаҳкор мусоидат менамояд. Дараҷаи гуноҳ андозаи муносибати манфии шахсро нисбат ба арзишҳои иҷтимоӣ (манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат), ки ҳангоми содир кардани ҷиноят зоҳир шудааст, нишон медиҳад. Ба дараҷаҳои гуноҳ вазъияту ҳолати объективию субъективӣ: шакли гуноҳва навъи ният ғараз ё беэҳтиётӣ, сабабу мақсади ҷиноят, ҳолатҳое, ки шахсияти гунаҳкорро тавсиф мекунад, шароити ташаккули мақсад ё ғараз таъсир мерасонад. Дар қонунгузории ҷиноятӣ мафҳуми “дараҷаи гуноҳ.” истифода намешавад, вале он дар таҷрибаи судӣ ба таври васеъ корбурд мегардад. Гуноҳ дар ҳуқуқи гражданӣ ҳуқуқвайронкунии гражданӣ буда, боиси ба ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ кашидани шахс мегардад. Гуноҳ дар фиқҳ нофармонӣ ва табаҳкорӣ, сарпечӣ аз амрҳои Худованд, мухолифати бевосита ё бавоситаи меъёру муқаррароти шаръӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ аст. Гуноҳна танҳо ба худи содиркунандаи он, балки ба дигарон, ҳатто ба тамоми инсоният зарари мудҳиш расонида метавонад. Масалан, гуноҳҳое аз қабили дурӯғгӯӣ, дашномдиҳӣ, эҳтиром накардани падару модар, ҳасадбарӣ, кинагирӣ, судхӯрӣ, ришваситонӣ, фиребгарӣ, қаллобӣ, зинокорӣ, дуздӣ, одамкушӣ ва ғ. унсурҳои ба табиати инсон зарарноку нописанд, нохушоянду бегона ба шумор рафта, бештар ҷисму ҷони гунаҳкорро азият медиҳанд. Гуноҳ зараррасонӣ ба худии худ тавассути вайронсозии қонунҳои солими ҳастии инсоният мебошад. Бо содир кардани гуноҳ инсон худро аз Худо ва одамон дур мегардонад ва ба худии худ нафрат мекунад.

Гуноҳ дар дини насронӣ

Дар дини насронӣ се навъи гуноҳшинохта мешавад: нахустгуноҳи Одами Абулбашар ба ҳамаи фарзандони вай то ин замон тааллуқ дошта, инсон танҳо тавассути ғусли таъмид ва шафоати Исо аз гуноҳпок мегардад; гуноҳи авлодӣ ё меросӣ, ки аз падару модар ё аҷдодони гузашта ба мерос расидааст; гуноҳи шахсӣ – рафтори зидди виҷдон ва зидди 10 фармони Худо содиршуда.

Гуноҳ дар дини ислом

Дар дини ислом гуноҳ содир кардани рафтор ё нияти анҷом додани амалест, ки хилофи фармудаҳои динӣ буда, шариат онро манъ кардааст. Инсони гунаҳкор шахси болиғу солимақлест, ки гуноҳро барқасд, бе он ки касе ӯро маҷбур намуда бошад, содир кардааст. Одами гуноҳкор ҳамеша имконияти тавба аз Ггуноҳро дорад ва дари тавба то дами вопасин боз аст. Аммо тез-тез содир кардани Г., ҳарчанд он ночиз ҳам бошад, ба ҷисму ҷони инсон таъсири баду зиёнбор расонида, ӯро ба гуноҳи бузург мекашонад ва имонро суст мегардонад. Гуноҳҳо ба кабира ва сағира ҷудо мешаванд. Гуноҳҳои кабира: инкори ҳастии Худо, ширк (бисёрхудоӣ, ба Худо шарикеро қоил будан), нашинохтани аҳкоми динӣ, одамкушӣ, содир кардани зино, ҳамҷинсгароӣ, сеҳру ҷоду, судхӯрӣ (рибо), хӯрдани моли ятим, гурез аз майдони ҷанг, қазф – шаҳодати дурӯғ ба зино кардани зан, эҳтиром накардани падару модар, таҷовуз ба номуси касе, гувоҳии бардурӯғ, қасами бардурӯғ, иҷро накардани муқаррароти шариат, тундравӣ дар содир кардани ягон гуноҳ Дараҷаи заранокии гуноҳҳои сағира камтар аст, аммо дар сурати такрори зиёд онҳо ба гуноҳи кабира баробар мешаванд. Тибқи тақсимбандии дигар гуноҳ эътиқодӣ, қалбӣ ва амалӣ мешавад. Масалан, ширк аз ҷумлаи гуноҳони эътиқодӣ, кибр аз қабили гуноҳони қалбӣ ва шурби хамр (шаробхорӣ) аз қабили гуноҳони амалӣ аст. Аз рӯи эътиқоди динӣ, танҳо пайғомбарон аз гуноҳҳо мубарро буда, аз онҳо содир шудани баъзе хатоҳо (заллат) имкон дорад. Ислом нахустгуноҳи Абулбашарро қабул надорад; тибқи ақидаи исломӣ ҳамаи инсонҳо аз модар бегуноҳ тавлид мешаванд, вале дар тӯли умр ба содир кардани гуноҳҳо гирифтор мегарданд. Баъзан ба ҷои гуноҳ муродифҳои он ҷурм ва базаҳ низ истифода мешавад. Адабиёт: Тафсир ба Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2006; Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2009; Али-зода, А.А. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007.

Нигаред

Манбаъ