Абдуқаюм Қодиров: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х мукофот ҶОИЗА нест, replaced: |мукофоту ҷоизаҳо → |ҷоизаҳо using AWB
х →‎Пайвандҳо: ислоҳ using AWB
Сатри 36: Сатри 36:
* Ҳалли муодилаҳои номуайяни ас-Саҷовандӣ // Мактаби советӣ, № 12, 1968;
* Ҳалли муодилаҳои номуайяни ас-Саҷовандӣ // Мактаби советӣ, № 12, 1968;
* Дар бораи арифметикаи ас-Саҷовандӣ // Мактаби советӣ, № 12, 1969; Нисбат ва таносуб // Мактаби советӣ, № 8, 1973.
* Дар бораи арифметикаи ас-Саҷовандӣ // Мактаби советӣ, № 12, 1969; Нисбат ва таносуб // Мактаби советӣ, № 8, 1973.
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]
*
*

Нусха 11:40, 18 сентябри 2020

Абдуқаюм Қодиров
Абдуқаюм Қодиров
Таърихи таваллуд 1923
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, СССР
Маҳалли даргузашт
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишкадаи омӯзгории ш. Бухоро, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», нишони «Муваффақиятҳои аъло дар кор», медали «Барои меҳнати шоён»

Абдуқаюм Қодиров (тав. 30.11.1923, ш. Хуҷанд – ваф. 13.04.1988, ш. Душанбе), риёзидон ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1968), дотсент (1971).

Зиндагинома

Солҳои 1941–1946 ҳамчун мудири қисми таълими мактаби ибтидоӣ, директори мактаби ибтидоӣ ва мудири маорифи ноҳияи Ромит кор кардааст. Солҳои 1946–1949 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Аз соли 1949 то охири ҳаёташ аз вазифаи ассистент то ба дотсенти кафедраи методикаи таълими математика дар донишкадаи омӯзгории пойтахт фаъолият кардааст. Солҳои 1970–1971 вазифаи декани факултети математика, 1971–1977, 1982–1988 мудири кафедраи методикаи таълими математика, мудири кафедраи синфҳои ибтидоӣ, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишкадаи омӯзгориро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба ӯҳда дошт. Ҳамчун олими соҳаи таърихи математика оид ба назария ва амалияи тақсими мерос чун яке аз сарчашмаҳои рушди дониши математикӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик кори илмӣ бурдааст. То охири умр ба таҳияи китоби «Инкишофи математика дар Осиёи Марказӣ» машғул буд, аммо марг имкон надод онро ба охир расонад. Муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», нишони «Муваффақиятҳои аъло дар кор», медали «Барои меҳнати шоён», ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Осор

  • Аз таърихи инкишофи математикаи Осиёи Марказӣ (асрҳои IX-XV), Д., 2004;
  • Назария ва амалияи тақсими мерос ҳамчун манбаи инкишофи математика дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ //Вопросы истории и методики элементарной математики. Вып. 3, Д., 1967;
  • Ҳалли муодилаҳои номуайяни ас-Саҷовандӣ // Мактаби советӣ, № 12, 1968;
  • Дар бораи арифметикаи ас-Саҷовандӣ // Мактаби советӣ, № 12, 1969; Нисбат ва таносуб // Мактаби советӣ, № 8, 1973.

Пайвандҳо