Ҷӯрахон Искандаров: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х Template: Шахсият → Мусиқидон@FBT002A
х →‎top: ислоҳ using AWB
Сатри 8: Сатри 8:
|ном ҳангоми таваллуд =
|ном ҳангоми таваллуд =
|номи пурра =
|номи пурра =
|санаи таваллуд = [[24 март]], [[1915]]
|таърихи таваллуд = [[24 март]], [[1915]]
|зодгоҳ = ш. [[Конибодом]]
|зодгоҳ = ш. [[Конибодом]]
|санаи марг = [[1970]]
|таърихи марг = [[1970]]
|маҳалли марг =
|маҳалли марг =
|солҳои фаъолият =
|солҳои фаъолият =

Нусха 12:02, 24 сентябри 2020

Ҷӯрахон Искандаров
Ҷӯрахон Искандаров
Таърихи таваллуд 24 март, 1915
Зодгоҳ ш. Конибодом
Пеша(ҳо) сароянда

Ҷӯрахон Искандаров — сароянда, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1942).

Зиндагинома

Ҳунари сознавозию овозхониро ибтидо дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Ҳуҷанду Самарқанд аз Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936), Содирхони Ҳофиз (1847-1931) дарси овозхонӣ андӯхтааст. Ҷӯрахон Искандаров фаъолияташро ибтидо дар театри республикавии мазҳакаи мусиқӣ ш. Ленинобод (1938) оғоз намуда, сониян чун сарояндаи яккахони театри халқии Конибодом (1949-1951), сароянда-солисти Филармонияи давлатии РСС Тоҷикистон (1956-1964) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ баъди таъсис ёфтани дастаи мақомхонон (1964) дар назди Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони РСС Тоҷикистон фаъолияти иҷроияшро дар ин даста идома дода, таҳти сарварии устодони мусиқӣ Шоҳназар Соҳибов (1903-1972), Фазлиддин Шаҳобов (1911-1974) санъати мақомхониро омӯхта, дар иҷрои шохаҳои ҷудогонаи овозӣ, «Қашқарчаи Содирхон», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Муғулчаи Сегоҳ», «Савти Сабо», «Бозургонӣ», иҷрои дастаҷамъии «Шашмақом» маҳорати хуби иҷроӣ ба харҷ додааст. Ҷӯрахон Искандаров иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва ҳунари тоҷик ш. Москва (1941, 1957) буда, барои хидмат ва маҳорати баланди иҷроияш бо тақдирномаю ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт

  • Энциклопедияи Советии тоҷик, ҷ.2. - Душанбе, 1978.
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душанбе, 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред

Сарчашма

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 87 ISBN 978-99947-49-13-3