Алибегии Танбӯрӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х →‎top: ислоҳ using AWB
Сатри 8: Сатри 8:
|ном ҳангоми таваллуд =
|ном ҳангоми таваллуд =
|номи пурра =
|номи пурра =
|санаи таваллуд = [[848]]
|таърихи таваллуд = [[848]]
|зодгоҳ = ш. [[Бухоро]]
|зодгоҳ = ш. [[Бухоро]]
|санаи марг = [[910]]
|таърихи марг = [[910]]
|маҳалли марг =
|маҳалли марг =
|солҳои фаъолият =
|солҳои фаъолият =

Нусха 12:56, 24 сентябри 2020

Алибегии Танбӯрӣ
Алибегии Танбӯрӣ
Таърихи таваллуд 848
Зодгоҳ ш. Бухоро
Пеша(ҳо) сароянда ва мусиқишиноси тоҷик

Алибегии Танбӯрӣ (Алибекӣ)сароянда, навозанда, мусанниф (оҳангсоз), аз намояндагони машҳури мактаби классикии замони Сомониён аст.

Услуби Алибегии Танбӯрӣ

Намояндаи машҳури мактаби классикии замони Сомониён. Асосҳои назариявию амалии мусиқиро назди Абулаббоси Бахтиёр ва Абулаббоси Сарахсӣ омӯхтааст. Алибегии Танбӯрӣ аз мӯътақидон ва мубаллиғони сабки иҷроии «Хуросоник» (Хуросонӣ) буда, бештар суруду осори мусиқиашро бар пояи мероси мусиқии фаҳлавиёту марвисароӣ танзиму тадвин менамуд. Алибегии Танбӯрӣ ба услуби сарояндагии Абуамир пайравӣ намуда, хусусан дар иҷрои достонҳои ҳамосавӣ, қасидаю маснавӣ ном бароварда буд. Дар навохтани танбӯр, алалхусус танбӯри мовароуннаҳрӣ маҳорати баланд дошт. Алибегии Танбӯрӣ асосҳои назарию амалии мусиқиро зери сарпарастии Абӯлаббоси Бахтиёр, Абӯлаббоси Сарахсӣ омӯхтааст. Алибегии Танбӯрӣ аз мӯътақидон ва мубаллиғони сабки иҷроии «Хуросоник» (Хуросонӣ) буда, бештар суруду осори мусиқиашро бар пояи мероси мусиқии фаҳлавиёту марвисароӣ танзиму тадвин менамуд. Дар сабки овозхонӣ ба хонандагону навозандагон Абӯамир, Мударники Ноӣ, Исои Барбатӣ, Ҳобони Ноӣ иродат намуда, дар иҷрою таҳияи достонҳои ҳамосию таърихӣ, қасида (пат-вожа), манзумаҳои мадҳиявӣ истеъдоди хоса доштааст. Дар равиши иҷроии танбӯри хуросонӣ сабки нави иҷроиро ворид намуда, дар сохти пардавии ин соз пардаи 19-ро бо номи «нашид» зам кардааст. Дар танбӯри мовароуннаҳрӣ ҳам ихтироъоте дошта ва аҳли созу овоз ӯро «танбурнаво», «танбӯрӣ» ном мебурданд.[1]

Адабиёт

  • Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён. – Душанбе,2000;
  • Фарҳангномаи мусиқии Эрон. – Теҳрон, 1376;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. – Душанбе,1988.
  • Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Д., 2008;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.

Ҳамчунин нигаред

Шашмақом

Эзоҳ

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 20 ISBN 978-99947-49-13-3

Сарчашма