Мамадёрбек Маҳмадназарбеков: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳ using AWB
х →‎top: clean up using AWB
Сатри 7: Сатри 7:
|таърихи таваллуд = 23.01.1931,
|таърихи таваллуд = 23.01.1931,
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Шуғнон|ноҳияи Шуғнон}}, [[ҶШС Тоҷикистон]]
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Шуғнон|ноҳияи Шуғнон}}, [[ҶШС Тоҷикистон]]
|таърихи марг = 13.01.2014
|таърихи даргузашт = 13.01.2014
|шаҳрвандӣ = {{Флаг| Тоҷикистон}}
|шаҳрвандӣ = {{парчамбандӣ| Тоҷикистон}}
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}
|маҳалли даргузашт = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}
|фазои илмӣ = [[иқтисоддон]]
|фазои илмӣ = [[иқтисоддон]]
|ҷойҳои кор = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин]]
|ҷойҳои кор = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин]]

Нусха 02:20, 2 октябри 2020

Мамадёрбек Маҳмадназарбеков
Мамадёрбек Маҳмадназарбеков
Таърихи таваллуд 23.01.1931,
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 13 январ 2014(2014-01-13)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисоддон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1994)

Мамадёрбек Маҳмадназарбеков (23.01.1931, деҳаи Поршневи н. Шуғнони ВМКБ – 13.01.2014, ш. Душанбе) - олим, иқтисоддон, профессор (1986). Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома

Мамадёрбек Маҳмадназарбеков Институти давлатии педагогии ш. Душанберо (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) (1953) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС-ро (1962) хатм кардааст. Фаъолияташ пурра дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ҷараён гирифтааст, солҳои 1958-1973 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ, 1973-1994 мудири ҳамин кафедра, азсоли 1994 то поёни умр профессори кафедраи иқтисоди сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин буд.

Фаъолияти илмӣ

Перомуни истифодаи захираҳои моддию меҳнатӣ, фондҳои асосии корхонаҳо, роҳҳои баланд рафтани некуаҳволии мардуми деҳот, беҳбудии фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ, ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои он, дигар масоили иқтисодӣ зиёда аз дусад асару мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ навиштааст.

Осор

  • Истифодабарии захираҳои моддию меҳнатӣ ва болобарии некуаҳволии моддии колхозчиён. – Д., 1962;
  • Пасандозҳои сармоявӣ ва рушди фондҳои асосии колхозҳои Тоҷикистон. – Д., 1965;
  • Иқтисодиёти сотсиалистии корхонаҳои хоҷагии қишлоқ. – Д., 1966;
  • Имрўз ва фардои иқтисодиёти советӣ. – Д., 1966; В.И.Ленин – асосгузори иқтисоди сиёсии сотсиализм. – Д., 1969;
  • Андўхти маблағ ва тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон. – Д., 1971;
  • Экономическая оценка использования основных производственных фондов колхозов Таджикистана. – Д., 1971;
  • Баҳодиҳии иқтисодии истифодабарии фондҳои асосии колхозҳои Тоҷикистон. – Д., 1972;
  • Қонунҳои иқтисодӣ ва хоҷагидории сотсиалистӣ. – Д., 1972;
  • Иқтисоди сиёсӣ: Луғати тафсирии русӣ-тоҷикӣ. – Д., 1973 (ҳаммуаллиф);
  • Қонуни андўхти сотсиалистӣ. – Д., 1975;
  • Андӯхт дар сектори колхозию кооперативии иқтисодиёти сотсиалистӣ. – Д., 1978;
  • Таълимоти иқтисодии Карл Маркс. – Д., 1983.[1]

Адабиёт

  • Исломов С., Саидмуродов Л. Устод ва мураббӣ. – Д., 2001.[1]

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 326-327.