Саидаҳмад Зубайдов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х →‎Пайвандҳо: clean up using AWB
Сатри 33: Сатри 33:
== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]
* {{олим-нопурра}}
*
{{олим-нопурра}}


[[Гурӯҳ:Техникашиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Техникашиносони Тоҷикистон]]

Нусха 02:28, 2 октябри 2020

Саидаҳмад Зубайдов
Саидаҳмад Зубайдов
Таърихи таваллуд 20 ноябр 1957(1957-11-20) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ техника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Саидаҳмад Зубайдов (тав. 20.11.1957, деҳаи Моинкаҷи ноҳияи Рӯдакӣ, физик ва технолог, номзади илмҳои техникӣ (1989), дотсент (1993).

Зиндагинома

Солҳои 1975–1979 донишҷӯи факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1979–1981 афсари Артиши Шӯравӣ, 1981–1982 лаборанти калон, 1983–1986 аспирант, 1986–1980 ассистент, 1990–1993 муаллими калон, 1993– 1997 дотсент ва мудири кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Айни ҳол ҳамчун мудири шӯъбаи илми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон кор мекунад. Оид ба хосиятҳои гармофизикии гранулҳои катализаторҳои дар асоси окиси алюминий ҳосил кардашуда кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 60 номгӯи корҳои илмӣ, илмию методӣ ва таълимию методӣ аст, ки дар нашрияҳои илмии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон нашр гардидаанд. Бо раҳматномаҳои раёсати донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз шудааст.

Осор

  • Физика (синфи 7), Д., 2009.

Пайвандҳо