Ҳамапурсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
ислоҳи шаблонҳо using AWB
Сатри 13: Сатри 13:
воздиҳии умумихалқӣ вобаста ба моҳияти масъалаҳо метавонад умумимиллӣ, яъне дар тамоми мамлакат ё ин ки маҳаллӣ бошад, ки дар марзи муайяни воҳидҳои марзию маъмурӣ гузаронида мешавад.
воздиҳии умумихалқӣ вобаста ба моҳияти масъалаҳо метавонад умумимиллӣ, яъне дар тамоми мамлакат ё ин ки маҳаллӣ бошад, ки дар марзи муайяни воҳидҳои марзию маъмурӣ гузаронида мешавад.


Овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) дар [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] асосан [[6 ноябр]]и [[соли 1994]] барои қабули [[Конститутсия]]и [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ва тағйироту иловаҳо ([[26 сентябр]]и [[соли 1999]] ва [[22 июн]]и [[соли 2003]]) гузаронида шуд.<ref> Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — C. 359—360 </ref>
Овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) дар [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] асосан [[6 ноябр]]и [[соли 1994]] барои қабули [[Конститутсия]]и [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ва тағйироту иловаҳо ([[26 сентябр]]и [[соли 1999]] ва [[22 июн]]и [[соли 2003]]) гузаронида шуд.<ref>Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — C. 359—360</ref>


== Нигаред ==
== Нигаред низ ==
* [[Овоздиҳӣ]]
* [[Овоздиҳӣ]]


== Манбаъ ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{эзоҳ}}

[[Гурӯҳ:Мафҳумҳои ҳуқуқ]]
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳои ҳуқуқ]]
[[Гурӯҳ:Интихобот]]
[[Гурӯҳ:Интихобот]]

Нусха 10:50, 6 октябри 2020

Ҳамапурсӣ, раъйпурсӣ, овоздиҳии умумихалқӣ — яке аз падидаҳои муҳими демократияи бевосита ба шумор рафта, оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ гузаронида мешавад. Овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) аз интихобот бо мавзӯи изҳори иродааш фарқ мекунад.

Мавзӯи овоздиҳии умумихалқӣ ягон номзад ва рӯйхати номзадҳо набуда, балки масъалаи муайянест, ки ба хотири он овоздиҳӣ гузаронида мешавад. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамояд, ки қарорҳои бо овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) қабулшуда эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ба ҳеҷ гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд ва иҷрои онҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҳатмист.

Дар овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) оид ба масъалаҳои пешниҳодшуда шаҳрвандони ҶТ, ки синнашон ба 18 расидаасту мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, иштирок карда метавонанд. Дар овоздиҳии умумихалқӣ шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ва ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи иштирок кардан надоранд.

Шаҳрвандон дар овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) озодона, бевосита ва шахсан дар асосҳои баробар иштирок мекунанд. Овоздиҳии пинҳонии бавосита бо гирифтани варақа (бюллетен) сурат мегирад, назорат ба изҳори хоҳишу иродаи шаҳрвандон манъ аст.

Шаҳрвандон дар овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) дар маҳалли зисти доимӣ ва ё муваққатии худ иштирок мекунанд. Дар варақаи овоздиҳӣ масъалаҳои гузошташуда бо овоздиҳии «тарафдор» ва «муқобил» ифода ёфтааст.

Овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ)-ро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд. Ташаббуси таклиф дар бораи гузаронидани овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) оид ба масъалаҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олӣ ва аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

воздиҳии умумихалқӣ вобаста ба моҳияти масъалаҳо метавонад умумимиллӣ, яъне дар тамоми мамлакат ё ин ки маҳаллӣ бошад, ки дар марзи муайяни воҳидҳои марзию маъмурӣ гузаронида мешавад.

Овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан 6 ноябри соли 1994 барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳо (26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003) гузаронида шуд.[1]

Нигаред низ

Эзоҳ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — C. 359—360