Jump to content

Акустика: Тафовут байни таҳрирҳо

х
бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х (ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB)
х (бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB)
 
 
== Таърих ==
Истилоҳи акустикаро бори аввал олими франсавӣ Жозеф Савёр истифода намудааст (1701). Қонунҳои паҳншавӣ ва инъикоси садо аз замони Уқлидус маълуманд. Дар асрисадаи 17XVII вобастагии байни баландии лаҳн (тон) ва адади лаппиш муайян карда шуд. Г. Галилей ва М. Мерсенн (1588 – 1648) паҳншавии мавҷҳои садоро дар ҳаво шарҳ доданд ва бори аввал суръати паҳншавии садоро чен карданд. Торичеллӣ дар вакуум (фазои беҳаво) паҳн шудани садоро исбот намуд. Акустика аз охири асрисадаи 17XVII то аввали асрисадаи 20XX чун фасли механика дар асоси механикаи И. Ниютон тараққӣ кард. Ҷ. Рэлей бо асари худ «Назарияи садо» (1877) ба инкишофи акустикаи классикӣ асос гузошт.
 
== Самтҳои асосии акустикаи муосир ==
Акустикаи физиологӣ омӯзиши масъалаи садоафканӣ ва садоқабулкунии узвҳои инсону ҳайвон, таъсири садо ба организм ва ғайраро дар бар мегирад. Мафҳумҳои асосии акустикаи физиологиро Г. Ом ва Г. Гелмголс ворид кардаанд.
 
Акустика дар давраҳои кадимбостон чун тасаввуроти инсон дар бораи таъсири мутақобилаи ӯ бо олами беруна ба воситаи узвҳои сомеа ба амал омадааст. Гӯши инсон мавҷҳои садоро дар фосилаи басомадҳои тақрибан аз 15 то 20000 Ҳс (мавҷҳои садо) қабул мекунад. Дарозии мавҷе, ки дар ҳаво ба ин басомадҳо мувофиқат мекунад, дар фосилаи 22 м – 1,65 см ҷойгир аст. Фосилаи мавҷҳои акустикие, ки манбаъҳои гуногунуи табиӣ ва асбобҳои махсус ҷудо мекунанд, тақр. аз қимати радиуси Замин ва Офтоб (лаппишҳои хоси Замин ва Офтоб) то ангстремро дар бар мегирад. Мавҷҳои акустикии кӯтоҳ (баландбасомад) ва нисбатан дароз (пастбасомад)-ро мувофиқан мавҷҳои ултрасадо ё инфрасадо меноманд. Лаппишҳои акустикӣ дар газҳо ва моеъҳо ба шакли мавҷҳои барқад ва дар ҷисмҳои сахт чун мавҷҳои барқад ва ҳам кӯндаланги суст паҳн мешаванд. Суръати садо дар ҳаво дар ҳарорати Т=300К 330 м/с-ро ташкил медиҳад; вай мутаносибан ба афзоиш ёфта, қариб ки аз зичии ҳаво вобаста нест. Қиматҳои муқаррарии суръати садо дар моеъҳо ва ҷисмҳои сахт аз як то якчанд км/с-ро ташкил медиҳад; дар оби тоза дар ҳарор. Т=300К – 1,500 км/с, дар оҳан ва пӯлод – 5,7 – 6,1 км/с барои мавҷҳои барқад ва – 3,2 км/с, барои мавҷҳои кӯндаланг, дар ҷинсҳои кӯҳӣ (санги хоро, базалт) мавҷҳои барқад ва кӯндаланг мувофиқан 4,5 – 6 км/с ва 2,8 – 3,1 км/с мебошад. Дар натиҷаи хурд будани амплитудаи лаппиш вобаста ба зичӣ, фишор, ҳарорати ва дигар бузургиҳои муҳит мавҷҳои акустикӣ суст фурӯ буда мешаванд ва суръати мавҷ аз басомад кам вобаста аст (хусусан барои мавҷҳои пастбасомад). Ба туфайли ин мавҷҳои акустикӣ ба масофаҳои дур бе таҳрифи калон паҳн мешаванд.
 
=== Электроакустика ===
 
=== Акустикаи атмосфера ===
Акустикаи атмосфера ва гидроакустика паҳншавии садоро дар муҳитҳои ғайриякҷинса ва бисёрқабата меомӯзад. Масалан, дар баҳр, ки муҳити ғайриякҷинса аст, мавҷҳои рӯшноӣ мешикананд, инъикос меёбанд ва фурӯ бурда мешаванд, ки ин дар масофаҳои калон аниқ кардани мавқеи киштиҳоро душвор мегардонад. Дар ин маврид мавҷҳои садо истифода мегарданд. Чунин ҳодисаҳо дар атмосфера низ ҷой доранд. Дар нимаи аввали асрисадаи 20XX талаботи техникаи ҳарбӣ боиси инкишофи нави акустика гардид.
 
=== Акустикаи ҳарбӣ ===