Аминӣ Баҳманёр Арабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 20: Сатри 20:
|ҷоизаҳо = Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ
|ҷоизаҳо = Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ
|Lib =
|Lib =
|сайт = sarmaddeh.tj
|вебгоҳ = sarmaddeh.tj
|викигуфтовард =
|викигуфтовард =
|имзо =
|имзо =

Нусха 08:40, 10 ноябри 2020

Аминӣ Баҳманёр Арабзода
Наҷмиддин Арабзода
Тахаллусҳо: Баҳманёр
Таърихи таваллуд: 15 август 1954(1954-08-15)
Зодгоҳ: Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 10 ноябр 2020(2020-11-10) (66 сол)
Маҳалли даргузашт: Шаблон:Маҳалли марг
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Жанр: ҳикоя, қисса
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ

Аминӣ Баҳманёр Арабзода (Наҷмиддин Арабзода; 15 августи 1954, Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон10 ноябри 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — нависандаи саршиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ.

Зиндагинома

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби №3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакент гирифта, риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ

Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез (инжинер-методист) дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд. Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид. Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт дигарбора ба ҳафтаномаи “Маданияти Тоҷикистон” ба кор омад, ки акнун ба “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд. Аз соли 1987 то соли 1993 ба унвони мудири бахши насри моҳномаи “Садои шарқ” кор кард. Узви Иттиҳодияи нависандагони СССР аз соли 1987 аст. Бо вуқӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992 – 1997) ба зогоҳаш – шаҳри Панҷакент рафта, сардабири рӯзномаи “Самандар” ва моҳномаи “Дайри муғон” таъйин гардид.

Соли 1997 барои қиссаи “Заринаи Зарнигор”, ки дар моҳномаи мазкур чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - “Садои Шарқ” - таъин гардид ва то охири умр корманди ин даргоҳ буд.

Эҷодиёт

Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014) ва «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014) мебошад. Соли 1991 дар Душанбе мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи “Песен идушего в петлю” (тарҷумаи Хуршеда Даврондухт) ба чоп расид. Маҷаллаи “Согласие”-и шаҳри Маскав соли 1995 дар шумораи нахустинаш нӯҳ ҳикояи Баҳманёрро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров чоп кард. Романи нахустинаш соли 2007 бо номи “Шоҳаншоҳ” дар моҳномаи “Садои шарқ” баъд аз тариқи нашриёти “Истеъдод” манзури хонандагон гашт.

Дар бистҷилдаи адабиёти тоҷик, ки нашриёти “Адиб” ба табъ расонд, китобҳояш “Шоҳаншоҳ” ва “Сармаддеҳ” дар як муҷаллад нашр шуданд. Комиссияи махсуси вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2013” дониста, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард.

Китобаш “Сармаддеҳ” соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондони Бритониё ба табъ расид. Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Писараш Исфандиёр Аминӣ мегӯяд, вақтҳои ахир якбора сари ду румон кор мекард, ки яке “Ғӯтях” ном дошт[1].

Даргузашт

Баҳманёр Аминӣ шаби 10 ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. [2]

Осор

  • Ишқи сайед: Ҳикояҳо. — Душанбе, 1984. — 173 с.
  • Аспи обӣ: Ҳикояҳо. — Душанбе, 1988, — 224 с.
  • Время цветения ромашки: Рассказы. — Москва, 1988. — 144 с.
  • Дуди хисрат: Қиссаю ҳикоёт. — Душанбе, 1993. — 337 с.
  • Зарринаи Зарнигор: Қиссаю ҳикоёт. — Душанбе, 1997. — 167 с.
  • Песен идущего в петлю: Рассказы. — Душанбе, 1998. — 164 с.
  • Сармаддеҳ: Роман.- Душанбе, 2002. — 403 с.
  • Шоҳаншоҳ: Роман. Душанбе, 2003. — 396 с.

Ҷоизаҳо

  • Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ.

Эзоҳ

  1. Суқути "Шоҳи Сармаддеҳ": Баҳманёр ҳам ба Ҳақ пайваст(тоҷ.). Sputnik Tajik. 10 ноябри 2020 санҷида шуд.
  2. Баҳманёр, нависандаи шинохтаи тоҷик даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 10 ноябри 2020 санҷида шуд.

Пайвандҳо

  • sarmaddeh.tj — вебгоҳи расмии Аминӣ Баҳманёр Арабзода