Columbia Pictures: Тафовут байни таҳрирҳо
Ҷамшед Ғафуров (баҳс | ҳисса) х иловаи Гурӯҳ:Ширкатҳои синамоии ИМА бо ёрии HotCat |
Ҷамшед Ғафуров (баҳс | ҳисса) х иловаи Гурӯҳ:Калвер Сити бо ёрии HotCat |
||
Сатри 41: | Сатри 41: | ||
[[Гурӯҳ:Columbia Pictures]] |
[[Гурӯҳ:Columbia Pictures]] |
||
[[Гурӯҳ:Ширкатҳои синамоии ИМА]] |
[[Гурӯҳ:Ширкатҳои синамоии ИМА]] |
||
[[Гурӯҳ:Калвер Сити]] |
Нусха 21:17, 16 ноябри 2020
Навъ | ширкати ҷамъиятӣ |
---|---|
Таъсисёбӣ | 1924 |
Бунёнгузорон |
Гэри Кон Ҷек Кон Ҷо Брендт |
Макон | Калвер Сити, Калифорния, ИМА |
Бахш | Филмсозӣ |
Маҳсулот | филм |
Ширкати модарӣ | Sony Pictures Entertainment |
Ширкатҳои духтарӣ | TriStar Pictures |
Сайт | sonypictures.com(англ.) |
Columbia Pictures Industries, Inc. — ширкати синамоӣ ва телевизионии амрикоӣ, бахше аз Sony Pictures Motion Picture Group, ки аз соли 1989 ба ширкати Sony Pictures Entertainment, фаръии ширкати Sony Corporation-и Ҷопон тааллуқ дорад.
Шӯъбаи калони Columbia TriStar Pictures мебошад. Дар асл (вале қонунӣ нест), MGM, ки ба филмҳои Ҷеймс Бонд ҳуқуқ дорад, аз соли 2006 то 2015 дар ҳамон ҳолати тобеъ қарор дошт.
Ин яке аз киностудияҳои пешрафта дар ҷаҳон ва яке аз панҷ киностудияи бузургӣ амрикоӣ мебошад. Имрӯз он чаҳорумин студияи бузургтарин дар ҷаҳон аст.
Columbia Pictures Home Entertainment
Видеоширкати «Columbia Pictures Home Entertainment» соли 1979 таъсис ёфта, филмҳои ширкатро дар наворҳои Betamax ва VHS таҳия кардааст. Аз соли 1982 инҷониб бо RCA корхонаи муштараки "RCA / Columbia Pictures Home Video"-ро ташкил мекунад. Баъдтар, дар солҳои 90-ум, ширкати видеоӣ инчунин филмҳоро дар Laserdisc мебаровард. Аз соли 1991 вақте ки Tristar Pictures филмбанаворгириро оғоз намуд, ширкати видеоӣ «Columbia TriStar Home Video» номида шуд. Аз соли 1997 инҷониб ширкат филмҳои худро дар DVD мебарорад. Соли 2001 Columbia TriStar Home Entertainment номгузорӣ шуд ва дар ниҳоят бо дистрибютор Sony Pictures Home Entertainment дар миёнаи солҳои 2000-ум якҷоя шуд.