Леонид Гайдай: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 5: Сатри 5:
Пас аз хатми Институти умумииттифоқии давлатии кинематография (бахши коргардонӣ) аз соли 1955 дар киностудияи «Мосфилм» кор кардааст. Нахустин бор ҳунари хешро дар филми «Домод аз он дунё» (1958) намоиш дод. Филмҳои дар жанри мазҳакаи ҳаҷвӣ бо усулҳои назарфиреб ва шигарфҳои кинои беовози солҳои 1920, инчунин тақлидҳои ҳаҷвомез дар мавзӯъҳои рӯз банаворгирифтааш Леонид Гайдайро шуҳратманд гардониданд.

Леонид Гайдай дар киноновеллаи «Саг Барбос ва кросси ғайриодӣ» (дар маҷмӯаи «Комилан ҷиддӣ», 1961) образҳои Балбес, Трус ва Бивалийро дар ҳамкорӣ бо ҳунарпешагони маъруф Ю. Никулин, Г. Витсин ва Е. Моргунов офарид, ки баъдан онҳо дар филмҳои дигари Леонид Гайдай («Шаробпазҳо», 1962; «Амалиёти Ы...», 1965; «Асири Қафқоз...», 1967) ва дигар коргардонҳо (Э. Рязанов, Е. Карслова) дар байни бинандагони сершумор маъруф гаштанд. Филмҳои таҳиякардаи Леонид Гайдай бо возеҳии манзараҳои кинематографӣ, шаклҳои фасеҳ ва ҳассосияти хислатҳои персонажҳо фарқ мекунанд. Бисёр филмҳои ӯ («Мардуми корчаллон», 1963; «Дасти алмосӣ», 1968, Ҷоизаи давлатии ИҶШС, 1970 ва ғ.) ба фонди тилоии кинои Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудаанд. Леонид Гайдай дар филмбардории осори И. Илф ва Е. Петров («12 курсӣ», 1971), М. Булгаков («Иван Василевич касби худро иваз мекунад», 1973), М. Зошенко («Ин ғайримумкин аст!», 1975) аз воситаҳои тасвири тақлиди масхараомез ва хандаовар истифода кардааст. Ӯ солҳои 1980 бештар барои киножурнали ҳаҷвии «Фитил» саҳнаҳо ба навор бардошт. Корҳои маъруфи ӯ дар охири умр: «Барои гӯгирд» (1982, аз рӯйи асари М. Лассиле), «Спортлото – 82» (1982), «Ҳавои хуб дар Дерибасковский...» (1992). Леонид Гайдай муаллифи сенарияи аксари филмҳои ба саҳна гузоштааш мебошад. Филмҳои Леонид Гайдай дар байни тамошобинони тоҷик маҳбубияти хосса доранд.
Леонид Гайдай дар киноновеллаи «Саг Барбос ва кросси ғайриодӣ» (дар маҷмӯаи «Комилан ҷиддӣ», 1961) образҳои Балбес, Трус ва Бивалийро дар ҳамкорӣ бо ҳунарпешагони маъруф Ю. Никулин, Г. Витсин ва Е. Моргунов офарид, ки баъдан онҳо дар филмҳои дигари Леонид Гайдай («Шаробпазҳо», 1962; «Амалиёти Ы...», 1965; «Асири Қафқоз...», 1967) ва дигар коргардонҳо (Э. Рязанов, Е. Карслова) дар байни бинандагони сершумор маъруф гаштанд. Филмҳои таҳиякардаи Леонид Гайдай бо возеҳии манзараҳои кинематографӣ, шаклҳои фасеҳ ва ҳассосияти хислатҳои персонажҳо фарқ мекунанд. Бисёр филмҳои ӯ («Мардуми корчаллон», 1963; «Дасти алмосӣ», 1968, Ҷоизаи давлатии ИҶШС, 1970 ва ғайра) ба фонди тилоии кинои Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудаанд. Леонид Гайдай дар филмбардории осори И. Илф ва Е. Петров («12 курсӣ», 1971), М. Булгаков («Иван Василевич касби худро иваз мекунад», 1973), М. Зошенко («Ин ғайримумкин аст!», 1975) аз воситаҳои тасвири тақлиди масхараомез ва хандаовар истифода кардааст. Ӯ солҳои 1980 бештар барои киножурнали ҳаҷвии «Фитил» саҳнаҳо ба навор бардошт. Корҳои маъруфи ӯ дар охири умр: «Барои гӯгирд» (1982, аз рӯйи асари М. Лассиле), «Спортлото – 82» (1982), «Ҳавои хуб дар Дерибасковский...» (1992). Леонид Гайдай муаллифи сенарияи аксари филмҳои ба саҳна гузоштааш мебошад. Филмҳои Леонид Гайдай дар байни тамошобинони тоҷик маҳбубияти хосса доранд.

== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==

Нусха 10:34, 6 Январ 2021

Леонид Гайдай
русӣ: Леонид Иович Гайдай
Ном ба ҳангоми таваллуд: русӣ: Леонид Иович Гайдай
Таърихи таваллуд: 30 январ 1923(1923-01-30)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 19 ноябр 1993(1993-11-19)[1] (70 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, филмноманавис, ҳунарпеша, коргардон
Корнома: 19561992
Самт: кумедӣ
Ҷоизаҳо:
Order of the Patriotic War 1st class Medal "For Battle Merit" Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" медали «Ветерани меҳнат» Jubilee Medal "50 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "60 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "70 Years of the Armed Forces of the USSR"
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Honored art worker of the Russian Soviet Federative Socialist Republic Vasilyev Brothers State Prize of the RSFSR
IMDb: ID 0301145
leonid-gaidai.ru/index.p…
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гайда́й Леони́д И́ович (30 январи 1923, Свободний, губернияи Амур19 ноябри 1993, Маскав) — коргардони филм, ҳунарпеша, филмноманависи рус. Артисти халқии ИҶШС (1989). Иштирокдори ҶБВ (1941–1945).

Зиндагинома

Пас аз хатми Институти умумииттифоқии давлатии кинематография (бахши коргардонӣ) аз соли 1955 дар киностудияи «Мосфилм» кор кардааст. Нахустин бор ҳунари хешро дар филми «Домод аз он дунё» (1958) намоиш дод. Филмҳои дар жанри мазҳакаи ҳаҷвӣ бо усулҳои назарфиреб ва шигарфҳои кинои беовози солҳои 1920, инчунин тақлидҳои ҳаҷвомез дар мавзӯъҳои рӯз банаворгирифтааш Леонид Гайдайро шуҳратманд гардониданд.

Леонид Гайдай дар киноновеллаи «Саг Барбос ва кросси ғайриодӣ» (дар маҷмӯаи «Комилан ҷиддӣ», 1961) образҳои Балбес, Трус ва Бивалийро дар ҳамкорӣ бо ҳунарпешагони маъруф Ю. Никулин, Г. Витсин ва Е. Моргунов офарид, ки баъдан онҳо дар филмҳои дигари Леонид Гайдай («Шаробпазҳо», 1962; «Амалиёти Ы...», 1965; «Асири Қафқоз...», 1967) ва дигар коргардонҳо (Э. Рязанов, Е. Карслова) дар байни бинандагони сершумор маъруф гаштанд. Филмҳои таҳиякардаи Леонид Гайдай бо возеҳии манзараҳои кинематографӣ, шаклҳои фасеҳ ва ҳассосияти хислатҳои персонажҳо фарқ мекунанд. Бисёр филмҳои ӯ («Мардуми корчаллон», 1963; «Дасти алмосӣ», 1968, Ҷоизаи давлатии ИҶШС, 1970 ва ғайра) ба фонди тилоии кинои Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудаанд. Леонид Гайдай дар филмбардории осори И. Илф ва Е. Петров («12 курсӣ», 1971), М. Булгаков («Иван Василевич касби худро иваз мекунад», 1973), М. Зошенко («Ин ғайримумкин аст!», 1975) аз воситаҳои тасвири тақлиди масхараомез ва хандаовар истифода кардааст. Ӯ солҳои 1980 бештар барои киножурнали ҳаҷвии «Фитил» саҳнаҳо ба навор бардошт. Корҳои маъруфи ӯ дар охири умр: «Барои гӯгирд» (1982, аз рӯйи асари М. Лассиле), «Спортлото – 82» (1982), «Ҳавои хуб дар Дерибасковский...» (1992). Леонид Гайдай муаллифи сенарияи аксари филмҳои ба саҳна гузоштааш мебошад. Филмҳои Леонид Гайдай дар байни тамошобинони тоҷик маҳбубияти хосса доранд.

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Сарчашма