Тадвини филм: Тафовут байни таҳрирҳо

Jump to navigation Jump to search
no edit summary
No edit summary
No edit summary
'''Тадвини филм''' ({{lang-en|Film editing}}) — яке аз марҳилаҳои охири [[филмсозӣ]] аст, ки дар паставлиди филм анҷом мешавад ва тайи он аз интихобу пайванди намоҳои мавҷуд дар филми хом ({{lang-en|footage}}) ва табдили онҳо ба секонс барои расидан ба филми ниҳоӣ баҳра гирифта мешавад.
 
== Мароҳили тадвин ==
Дар дунёи филм «тадвин» ҳамон нақши зеҳнро дар воқеъият ба уҳда дорад, бад-ин маънӣ ки ончи пинҳон аст, ошкор мекунаду ончи ошкор аст, аммо ниёзе ба дидани он нест, пинҳон; яъне интихоби беҳтарини тасвир барои дидан.
Дар дунёи филм «тадвин» ҳамон нақши зеҳнро дар воқеъият ба уҳда дорад, бад-ин маънӣ ки ончи пинҳон аст, ошкор мекунаду ончи ошкор аст, аммо ниёзе ба дидани он нест, пинҳон; яъне интихоби беҳтарини тасвир барои дидан. Ин марҳала шомили гузиниши намоҳо ва андозаи онҳо, радиф кардани намоҳо, саҳнаҳову секонсҳо пушти сари ҳам, махлут кардани тамоми садоҳо ва таъйини мизони баландии онҳо ва дар ниҳоят дар ҳам омехтану ҳамгоҳ кардани садои ниҳоӣ бо тасвир аст. Ин корҳо ба василаи истифода аз филмномаи баррасишуда, қоидаҳову усули филмсозӣ ва завқи ҳунариву халлоқияти тавдвингар анҷом мешавад. Агарчи ба ин марҳала монтажу эдит ҳам гуфта мешавад, аммо тадвин ваҷҳи ҳунарии ин марҳала асту монтажу эдит бештар ба маънии истифода аз абзор аст<ref>{{Cite web|url=http://cinemaye-azad.com/1394/01/10/2214/|title=تدوین فیلم چیست؟ {{!}} سینمای آزاد|accessdate=2021-01-23}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://web.archive.org/web/20160423114713/http://www.filmacademy.ir/%D9%85%D9%82%D8%A7%D9%84%D8%A7%D8%AA/%D8%AA%D8%AF%D9%88%DB%8C%D9%86-%D9%88-%D9%85%DB%8C%DA%A9%D8%B3-%D9%81%DB%8C%D9%84%D9%85/66-%D8%AA%D8%AF%D9%88%DB%8C%D9%86-%DA%86%DB%8C%D8%B3%D8%AA-%D8%9F.html|title=تدوین چیست ؟|website=web.archive.org|date=2016-04-23|accessdate=2021-01-23}}</ref><ref>{{Cite web|url=http://info.donyayekar.ir/%da%a9%d8%a7%d8%b1-%d8%aa%d8%af%d9%88%db%8c%d9%86%da%af%d8%b1-%da%86%db%8c%d8%b3%d8%aa%d8%9f-%d9%85%d8%b1%d8%a7%d8%ad%d9%84-%d8%aa%d8%af%d9%88%db%8c%d9%86-%da%a9%d8%af%d8%a7%d9%85%d8%b3%d8%aa%d8%9f/|title=کار تدوینگر چیست؟ مراحل تدوین کدامست؟|author=|website=دنیای کار|date=2015-07-20|publisher=|lang=fa|accessdate=2021-01-23}}</ref><ref>{{Cite web|url=http://daneshnameh.roshd.ir/mavara/mavara-index.php?page=%D8%AA%D8%AF%D9%88%DB%8C%D9%86&SSOReturnPage=Check&Rand=0|title=: تدوین|website=daneshnameh.roshd.ir|accessdate=2021-01-23}}</ref>.
 
Тадвин дар синемо маъмулан бар уҳдаи фардест, ки филмсоз набошад, аммо гоҳ филмсоз ба ҷойи тадвингар кор анҷом медиҳад.
: Киносоз [[Лев Кулешов]] дар соли 1917 нисбати монтаж чунин навишта буд:
{{quote|''Барои он ки коргардон як сужети муайян ва лоиқи тамошо карданро созад ӯ бояд тамоми қисматҳои хурду алоҳидаи навор гирифташударо тавре, ки кӯдак аз кубикчаҳои ҳарфҳо калима, ибора ё ҷумлаи том месозад, бурида нозукона пайваст намояд.''}}
Ҳамчунин дар бораи монтаж гуфта истода, як чизи дигарро хотирнишон сохтан лозим аст, ки монтажи мултимедиавӣ танҳо аз буридану пайваст кардан иборат набуда, баръакс он ниҳоят кори нозук ва мушкилест, ки ҳатто дар раванди он лозим меояд сужети бутуни як — якунимсоатаро сония ба сония танзим (монтаж) намояд, то воқеан ҳам як чизи тамошобоб омода шавад.
Дар танзим ва ҷобаҷогузории кадрҳо саҳми худи [[муаллиф]], [[коргардон]], [[наворбардор]], [[танзимгар]] ва танзимгари садо хеле бузург буда, кори якҷояи онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
 
== Раванди монтаж ==
Муаллиф ҳамаи маводи матнии сужетро фароҳам меорад (эҷод мекунад), коргардон бошад, матни муаллифро таҳлил намуда, муайян менамояд, ки кадом қисми матн бояд чӣ гуна навор гирифта шавад. Ақидаҳои худро дар ин бобат бо муаллиф мувофиқа мекунад. Баъди ин коргардон, муаллиф ва наворбардор (бо талаби ҳолат нурафкан) ба ҷойи муайяншуда рафта, лаҳзаҳои муайянкардаи коргардонро навор мегирад. Дар зеҳни муаллиф метавонад зимни наворбардорӣ [[идея]]ҳои нав пайдо шавад, ки дар равшаннамоии лаҳзаҳо ва мазмуни [[лавҳа]] аҳамияти калон дошта бошад.
 
Инак раванди асосии монтаж оғоз меёбад. Наворбардор наворҳои гирифташударо ба танзимгар медиҳад, аммо кори наворбардор то ба ин ҷо набуда, мумкин аст зимни монтаж баъзе наворҳҳо торик норавшан омадаанд ва моҳияти навор фаҳмида намешавад, бинобар ин ӯ рафта метавонад он лаҳзаҳоро аз сари нав навор гирад. Ҳамин тавр кори танзимгар ва танзимгари садо, ки одатан ҳарду корро як нафар анҷом медиҳад, ҳамроҳи муаллиф, коргардон ва наворбардор пушти мизи танзим нишаста, аз наворҳои кӯчаки наворбардор ва аз мусиқии интихобнамудаи муаллифу коргардон як лавҳаи шоистаи тамошо карданро меофаранд.
 
== Эзоҳ ==

Менюи гаштан