Абдухолиқ Набавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Фаъолияти илмӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 31: Сатри 31:
Риштаи дигари тадқиқоти илмии А. Набиевро омӯзиши таърихи зуҳур ва таҳаввули нақди нави адабии тоҷиӣ ташкил медиҳад ва чандин мақолаву гузоришҳои илмии ӯ дар ин мавзӯъ дар рисолаи «Адабиёт ва нақди адабӣ» (Душанбе: Адиб, 1993) гирд омадаанд. Муаллиф ба масоили оғози шаклгирии нақду адабиётшиносии ҷадиди тоҷик, тамизи нақди завқии нависанда ва нақди тахассусӣ, чеҳраҳо ва осори нави нақднависон, баҷҳо ва баррасии адабиёти тоҷик дар нашрияҳои хориҷ, масалан [[Амрико]], умуман дар хусуси «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и Айнӣ, фаъолияти ноқидӣ ва адабиётшиносии ӯ, «нақди номаӣ»-и байни устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, амиқрафт ва худшинохта гардидани нақди адабӣ дар фаъолият ва осори ноқидони пешраве чун Муҳаммадҷони Шакурӣ, З. Г. Османова, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода диққат ҷалб менамояд. Дар бораи ин китоби мунаққид дар «Доиратулмаорифи адаби тоҷик» (Эрон) фирқаи махсусе ихтисос дода шудааст.
Риштаи дигари тадқиқоти илмии А. Набиевро омӯзиши таърихи зуҳур ва таҳаввули нақди нави адабии тоҷиӣ ташкил медиҳад ва чандин мақолаву гузоришҳои илмии ӯ дар ин мавзӯъ дар рисолаи «Адабиёт ва нақди адабӣ» (Душанбе: Адиб, 1993) гирд омадаанд. Муаллиф ба масоили оғози шаклгирии нақду адабиётшиносии ҷадиди тоҷик, тамизи нақди завқии нависанда ва нақди тахассусӣ, чеҳраҳо ва осори нави нақднависон, баҷҳо ва баррасии адабиёти тоҷик дар нашрияҳои хориҷ, масалан [[Амрико]], умуман дар хусуси «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и Айнӣ, фаъолияти ноқидӣ ва адабиётшиносии ӯ, «нақди номаӣ»-и байни устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, амиқрафт ва худшинохта гардидани нақди адабӣ дар фаъолият ва осори ноқидони пешраве чун Муҳаммадҷони Шакурӣ, З. Г. Османова, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода диққат ҷалб менамояд. Дар бораи ин китоби мунаққид дар «Доиратулмаорифи адаби тоҷик» (Эрон) фирқаи махсусе ихтисос дода шудааст.
Дар ҳамин ришта ва равиш рисолаи вусъатнокеро бо номи «Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи 20» (Душанбе: Ирфон, 2004) аз чоп баровард, ки дар асоси мадорики ба куллӣ тоза ва назари нави илмӣ таълиф шудааст. Муҳимтарин ҷиҳати ин рисола дар он зоҳир мешавад, ки олим кӯшидааст, ки бе ҳеҷ ғараз ва эҳсосоте дар бораи сарнавишти пурмоҷарои Нарзуллои Бектош (1900-1938) ва мубоҳисаҳои зиёда аз ҳафтодсола дар гирди номи вай ва масъалаҳои забону адабии тоҷик сухани беғаразонаи ба воқияти таърихӣ мутобиқ ва аз меъёри инсофи илмӣ ва инсонӣ мувофиқ гуфта бошад. Зиёда аз он муаллиф дар заминаи асноди воқеӣ ва сарчашмаҳову рӯзномаҷоти он даврон кӯшидааст, ки вазъи сиёсӣ, мафкуравӣ ва адабию фарҳангии замони пурташвишро пеши назар оварад ва раванду қонунмандиҳои рафти инкишофи онро муайян карда бошад.
Дар ҳамин ришта ва равиш рисолаи вусъатнокеро бо номи «Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи 20» (Душанбе: Ирфон, 2004) аз чоп баровард, ки дар асоси мадорики ба куллӣ тоза ва назари нави илмӣ таълиф шудааст. Муҳимтарин ҷиҳати ин рисола дар он зоҳир мешавад, ки олим кӯшидааст, ки бе ҳеҷ ғараз ва эҳсосоте дар бораи сарнавишти пурмоҷарои Нарзуллои Бектош (1900-1938) ва мубоҳисаҳои зиёда аз ҳафтодсола дар гирди номи вай ва масъалаҳои забону адабии тоҷик сухани беғаразонаи ба воқияти таърихӣ мутобиқ ва аз меъёри инсофи илмӣ ва инсонӣ мувофиқ гуфта бошад. Зиёда аз он муаллиф дар заминаи асноди воқеӣ ва сарчашмаҳову рӯзномаҷоти он даврон кӯшидааст, ки вазъи сиёсӣ, мафкуравӣ ва адабию фарҳангии замони пурташвишро пеши назар оварад ва раванду қонунмандиҳои рафти инкишофи онро муайян карда бошад.
Китоби «Достони об ё Обнома» (Душанбе: Адиб, 2004) фарогири тадқиқот ва маводи фаровоне бо тарҳи нав аз осори асотирӣ, мазҳабӣ, илмиву тиббӣ, эҷодиёти мардумӣ ва адабиёти ҳирфаӣ буда, мавзўи эҳтиром, эҳтиёт ва бузургдошти обро ба сифати яке аз чор унсури муҳимми зиндагии инсоният дар фарҳанги маънавии тоҷикон (форсизабонон) ва мардуми ҷаҳон матраҳ менамояд. Ин асар бо илҳом аз пешниҳодҳои инсондӯстонаи Президенти [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] муҳтарам [[Эмомалӣ Раҳмон]] ба миён омада, як кӯшиши дастгирии хоксорона ва таъкиди муҳим будани масъалаи мазкур аз назари фарҳанги маънавии мардуми ориёӣ (форсизабонон) ба шумор меояд.
Китоби «Достони об ё Обнома» (Душанбе: Адиб, 2004) фарогири тадқиқот ва маводи фаровоне бо тарҳи нав аз осори асотирӣ, мазҳабӣ, илмиву тиббӣ, эҷодиёти мардумӣ ва адабиёти ҳирфаӣ буда, мавзӯи эҳтиром, эҳтиёт ва бузургдошти обро ба сифати яке аз чор унсури муҳимми зиндагии инсоният дар фарҳанги маънавии тоҷикон (форсизабонон) ва мардуми ҷаҳон матраҳ менамояд. Ин асар бо илҳом аз пешниҳодҳои инсондӯстонаи Президенти [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] муҳтарам [[Эмомалӣ Раҳмон]] ба миён омада, як кӯшиши дастгирии хоксорона ва таъкиди муҳим будани масъалаи мазкур аз назари фарҳанги маънавии мардуми ориёӣ (форсизабонон) ба шумор меояд.
Рисолаи «Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» (Душанбе: Адиб, 2004) бошад дар заминаи ҷӯстуҷӯҳои зиёде дар бойгонӣ ва мутолиаи бастаҳои рӯзномаҷоти солҳои 20-30 ва сарчашмаҳоии илмӣ таълиф шуда, бори нахуст таърихи аз иттиҳодияҳои адабӣ ба ҷамъияти адабии пролетарӣ ва сипас ба иттиҳодияи мустақили эҷодӣ табдил ёфтани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бо ҳамаи муваффақияту мушкилот, дастоварду камбудиҳояш то охири солҳои 40-и асри гузашта мавриди тадқиқ қарор додаст.
Рисолаи «Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» (Душанбе: Адиб, 2004) бошад дар заминаи ҷӯстуҷӯҳои зиёде дар бойгонӣ ва мутолиаи бастаҳои рӯзномаҷоти солҳои 20-30 ва сарчашмаҳоии илмӣ таълиф шуда, бори нахуст таърихи аз иттиҳодияҳои адабӣ ба ҷамъияти адабии пролетарӣ ва сипас ба иттиҳодияи мустақили эҷодӣ табдил ёфтани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бо ҳамаи муваффақияту мушкилот, дастоварду камбудиҳояш то охири солҳои 40-и асри гузашта мавриди тадқиқ қарор додаст.
Китоби «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» («Адиб», 2009) ба масъалаҳои таърих, хасоиси консепсуалӣ ва ҳунарӣ дар насри воқеъгарои тоҷиӣ дар мисоли эҷодиёти намояндагони барҷастаи насрнависон ва осори муҳимми онҳо, ҳамчунин сабку шакл ва ҷустуҷуи жанрӣ дар шароити озодие, ки вобаста ба истиқлоли кишвар ба амал омад мавриди таҳқиқу баррасии ҷиддӣ қарор додаст.
Китоби «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» («Адиб», 2009) ба масъалаҳои таърих, хасоиси консепсуалӣ ва ҳунарӣ дар насри воқеъгарои тоҷиӣ дар мисоли эҷодиёти намояндагони барҷастаи насрнависон ва осори муҳимми онҳо, ҳамчунин сабку шакл ва ҷустуҷуи жанрӣ дар шароити озодие, ки вобаста ба истиқлоли кишвар ба амал омад мавриди таҳқиқу баррасии ҷиддӣ қарор додаст.

Нусха 19:16, 22 феврали 2021

Абдухолиқ Набавӣ
Абдухолиқ Мирзоевич Набиев
Абдухолиқ Набиев
Абдухолиқ Набавӣ
Таърихи таваллуд: 20 ноябр 1946(1946-11-20) (77 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: филолог
Забони осор: тоҷикӣ, порсӣ, забони ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ

Абдухолиқ Набавӣ (тахалл.; дар ҳуҷҷатҳо Абдухолиқ Набиев), адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик. Номзади илмҳои филологӣ (1981), дотсент (1984).

Зиндагинома

20 ноябри соли 1946 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ вилояти Суғди (собиқ Ленинобод) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1963 пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш ба бахши таъриху филологияи Институти омӯзгории Хуҷанд ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, соли 1967 таҳсилро ба поён мерасонад ва дар ҳамин донишгоҳ ба кор пазируфта мешавад. Солҳои 1967–1968 хизмати ҳарбиро адо карда, сипас ба донишгоҳ бозмегардад ва аз соли 1968 то нимаи соли 1984 дар кафедраи адабиёти тоҷик ба сифати муаллими калон ва дотсенти кафедра ифои вазифа менамояд. Ҳамзамон бо кори омӯзгорӣ чанде ба сифати котиби масъули рӯзномаи бисёртиражаи «Маҳорати педагогӣ» низ фаъолият дошт. Дар муддати устоди донишгоҳ будан шогирдони зиёдеро ба арсаи таълиму тадрис ва илму эҷодкорӣ ҳидоят намудааст, ки аз байни эшон шоирони тавоно ва олимони шинохтаи имрӯзаи тоҷикро дидан мумкин аст. Соли 1981 дар мавзӯи «Масъалаи психологизм дар насри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, сазовори унвони илмӣ мегардад. Аз соли 1984 то ба ҳол ходими калон ва сипас ходими пешбари илмии [1] мебошад. Соли 1984 узви Иттиҳодияи нависандагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар айни замон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Мақолоту пажӯҳишҳояш риштаҳои таърихи рушду камоли адабиёти муосир, насри реалистӣ (воқеъгароёна), равоншинохтии ҳунарӣ, масъалаҳои назму драматургия, таърихи ташаккули нақди адабӣ ва илми суханшиосии (филологияи) тоҷикро фаро гирифтаанд. Ибтидои фаъолияти илмиву эҷодии ӯ ба охири солҳои шастум (1969) рост меояд. Дар баробари тадрис ва таълим дар донишгоҳ, бо ҳидояти устод Раҳим Ҷалил ва ба тақозои пешаи ноқиди адабӣ, хеле солҳо бо шӯъбаи Ленинободии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, дар таҳлилу баррасӣ ва нақди осор ва ташаккули ҳунариву назарии аҳли нақду адаби ин минтақа, мисли Қурбон Алӣ, Маҳкам Пӯлод, Фарзона, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Норинисо, Носирҷон Салимов, Абдувалӣ Давронов, Мавлуда Шарифова, Аҳмадҷон Раҳматзода, Мӯҳсин Аминзода, Ғайрат Ҳаким, Равшани Ҳамроҳ, Мирзо Мавлон, Давлатшоҳ, Сироҷиддини Шарофиддин ва дигарон саҳм гирифтааст. Дар курс-конференсияҳои ҷумҳуриявии адибони ҷавон (солҳои 1977, 1981, 1983 дар шаҳри Хуҷанд ва Душанбе) иштироки фаъолона дошт. Дар ҳамин солҳо ӯ ба нақди адабӣ машғул гардида, бо мақолаву тақризҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ зуд-зуд баромад мекунад ва яке аз иштирокдорони асосии баҳсҳои адабӣ бахшида ба вазъи шеър (1975) ва насри муосири тоҷик (1973, 1985) мебошад.

Фаъолияти илмӣ

Абдухолиқ Набавӣ яке аз ноқидони фаъоли адабиёти тоҷик ба шумор меояд. То ба имрӯз зиёда аз 350 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф намудааст. Бештари ин мақолаҳо хусусияти илмӣ-интиқодӣ дошта, дар онҳо масъалаҳои муҳимми раванди адабӣ, амсоли марҳалаҳои тасвири бадеии шахси инсон дар адабиёти муосир, ташаккулу таҳаввули равонковии бадеӣ (психологизм) ва амиқрафти ҳунари воқеънигорӣ, ғанои шаклӣ, поэтика ва сабки нигориш, тазоҳуру ташаккули фардияти эҷодӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Рӯзгор ва осори адибони тоҷикӣ, амсоли устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одинаев, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Саттор Турсун, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Атохон Сайфуллоев, Аскар Ҳакимов ва як гурҷӯҳ нависандагони ҷавон маводи асарҳои илмиву танҷқидии ӯро ташкил кардаанд. Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми нақднависии А. Набавӣ дар он зоҳир мешавад, ки бо таваҷҷҷӯҳ ба ҷанбаи эстетикӣ ва ҳунарии осори адибон ба вуруди истеъдодҳои нави тозанигоҳ ва равандҳои нави адабӣ дар адабиёт даст меёбад. Аз ҷумла, мақолаи ӯ «Умеду ояндаи наср» (1986), ки ба хасоиси ба куллӣ нав ва тозаназарии насли ҷавони насрнависони тоҷик бахшида шуда буд, таъкиду ишораҳое дар бораи ба зуҳур расидани насри нави зеҳниро дар бар мегирифт ва мунаққид аз падидае чун диду сабки тозаи нависандагоне чун Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзод, Ҷонибеки Акобир, Тоҳири Муҳаммадризо, Абӯвайси Азиз сухан ба миён овард. Дар мақолаҳои минбаъдааш ташаккули истеъдод ва ибтикороти адабии ин насл ва хасоиси насри нав (модерн)-ро мавриди пажӯҳиш қарор дод. Нахустин истиқболи гарм ба осори Муаззама – ин адибаи бармаҳал фавтида ва истеъдоди тавонои вай низ дар мақолаи мазкури Абдухолиқ Набавӣ изҳор шуда буд. Таълифоти Набавӣ, мисли ҳамаи аҳли нақду адаби тоҷики замони шӯравӣ аз меъёри зебоишиносии ба он замон хос таълиф шудаанд. Аммо ӯ аз мунаққидонест, ки кӯшидаанд то ба осори адабӣ аз меъёри фарогирии масъалаҳои башардӯстонаву ахлоқӣ ва савияи ҳунарӣ баҳо дода бошанд. Бахусус, дар ҳимоя ва дастгирии адибони аз ҷониби ҳизбия ва доираҳои расмӣ «задашуда» ё номақбул кӯтоҳӣ накардааст ва дар бораи румони Ҷумъа Одина «Гузашти айём» («Назари ибратбини нависанда», 1978), эҷодиёти С. Улуғзода, Сорбон, Муҳаммадзамони Солеҳ ва дигарон, ки нақди ҳизбӣ ва касбии сиёсатгаро ба сифати осори «зиёновар» маҳкум ва мазаммат ва нодида гирифта мешуданд, мақолаҳо навишта, ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Вай дар айёми Бозсозӣ ва минбаъд замони Истиқлолият низ дар пажӯҳиш ва бознигарии таърихи адабиёти замони шӯравӣ ва нақди адабии он аз дастури ҳақгӯӣ, таҳаммулпазирӣ, қазовати одилона, фаҳмидани вазъи аҳли адаб ва замону шароити сиёсӣ ва таърихии зиндагии онҳо роҳ гирифта, аз танқидҳои камгирона ва инкоргарии ифротӣ дар мавриди баҳо ба таърихи адабиёти 70-солаи замони шӯравии тоҷикӣ барҳазар будааст. Худ бошад ба пажӯҳиши эҷодиёти ашхоси ба ноҳақ сиёҳшуда (Н. Бектош, Қ. Комилӣ) ва осори фаромӯшшудаи адибон пардохт, ҳамчунин масоили кам мавриди тадқиқ фаро гирифта шудаеро, амсоли раванди зуҳур ва ташаккули илми ҷадиди филологияи тоҷик ва нақди нави адабӣ дар адабиёти ҷадидӣ, намояндагони ҷудогонаи он, назму наср ва нақди адабии солҳои 20-30 замони шӯравӣ, баҳсҳои атрофи забони форсии тоҷикӣ, таърихи муборизаҳои адабию мафкуравӣ, ташаккули иттиҳодияи нависандагон дар даҳаҳои аввали асри ХХ мавриди пажӯҳиши муфассал қарор додааст. Абдухолиқи Набавӣ ҳамчунин ба нақди намоишӣ (театр) низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, оид ба намоишҳои театрҳои вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) дар саҳафоти рӯзномаҷот як силсила маҷқолаҳо ба табъ мерасонад. Вай чандин сол дар ҳайати доварони азназаргузаронии театрҳои касбии вилояти Ленинобод (ҳоло Сӯғд) ба сифати ҷониши раисӣ ҳакамот иштирок кардаааст. Инчунин дар хусуси вазъи ҳунари муосири тоҷик, бахусус ҳунари овозхонӣ (дар бораи ҳофизи шӯҳратёр ва устоди нотакрори ҳунар Ҷӯрабек Муродов), вазъи «Шашмақом»-сароӣ, санъати ҳунари ноширӣ мақолаҳо таълиф карда, дар таҳриру танзими китоби мусаввири ёдгориҳои таърихии кишвар ҳисса гузоштааст ва чанд муддат аст, ки чун корманди рӯзномаи «Баҳори Аҷам» (нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон]) низ ифои вазифа мекунад. Соҳаи дигар ва асосии фаъолияти Абдухолиқи Набавӣ нақду баррасӣ ва ва пажӯҳиши адабиёти тоҷик аст. Мақолаҳои танқидӣ ва пажӯҳишҳои ӯ дар чанд ҷилд китобу рисолаҳо ба дасти хонандагон ва аҳли илму адаб расидаанд. Рисолаи «Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри шӯравии тоҷик» (1978) масъалаи мақоми Айниро дар рушду такомули насри нави реалистии тоҷикӣ дар бар гирифтааст. Дар китоби «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (Душанбе: Ирфон,1983) мақолоте ба ҳам омадаанд, ки аз хусуси масоили ғанои шаклу жанр ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насру назми муосири тоҷикӣ баҳс мекунад. Рисолаи «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (Душанбе: Адиб,1987) бошад пажӯҳиши муфассалест оид ба масъалаи муҳими насри реолистии тоҷик – ҳунари равоннигории бадеӣ, ки солҳои 50-80 аз муҷҳимтарин сифатҳои раванди бадеӣ, бахусус эҷодиёти Ҷалол Икромӣ ба шумор меомад. Фишурдаи тадқиқоти мазкур ба забони русӣ (1981) низ чоп шудааст. Донишмандони босалоҳият, амсоли З. Г. Османова, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода, Р. Тошматов ва дигарон ин тадқиқотро тақриз карда, баҳои сазовор додаанд. Қайд кардан лозим аст, ки дар рисолаи мазкур бори нахуст тасвири симои инсони муосир ва таърихӣ аз назари ҳунари воқеъароӣ ва пайваста амиқ рафтани он ба василаи зина ба зина аз бар кардани санъати равоннигорӣ (тасвирӣ психологӣ) мавриди пажӯҳиши муфассал қарор гирифтааст. Бахусус, романи сегонаи таърихӣ - инқилобии нависандаи машҳур Ҷалол Икромӣ аз ин мавқеъ таҳлилу таҷзия шуда, дар айни замон хеле аз масъалаҳои вобаста ба шакл ва воситаҳои тасвири воқеъгароёнаи зеҳнӣ, иртиботи он бо поэтикаи асар, сохтор ва умуман ғанӣ ва амиқ ба тасвир омадани симои иштирокдорони румон ва дар ин раванд ба зинаи нав расидани ҳунари нигорандагӣ дар насри муосир низ таҳқиқи ҳамаҷониба шудааст. Риштаи дигари тадқиқоти илмии А. Набиевро омӯзиши таърихи зуҳур ва таҳаввули нақди нави адабии тоҷиӣ ташкил медиҳад ва чандин мақолаву гузоришҳои илмии ӯ дар ин мавзӯъ дар рисолаи «Адабиёт ва нақди адабӣ» (Душанбе: Адиб, 1993) гирд омадаанд. Муаллиф ба масоили оғози шаклгирии нақду адабиётшиносии ҷадиди тоҷик, тамизи нақди завқии нависанда ва нақди тахассусӣ, чеҳраҳо ва осори нави нақднависон, баҷҳо ва баррасии адабиёти тоҷик дар нашрияҳои хориҷ, масалан Амрико, умуман дар хусуси «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и Айнӣ, фаъолияти ноқидӣ ва адабиётшиносии ӯ, «нақди номаӣ»-и байни устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ, амиқрафт ва худшинохта гардидани нақди адабӣ дар фаъолият ва осори ноқидони пешраве чун Муҳаммадҷони Шакурӣ, З. Г. Османова, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода диққат ҷалб менамояд. Дар бораи ин китоби мунаққид дар «Доиратулмаорифи адаби тоҷик» (Эрон) фирқаи махсусе ихтисос дода шудааст. Дар ҳамин ришта ва равиш рисолаи вусъатнокеро бо номи «Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи 20» (Душанбе: Ирфон, 2004) аз чоп баровард, ки дар асоси мадорики ба куллӣ тоза ва назари нави илмӣ таълиф шудааст. Муҳимтарин ҷиҳати ин рисола дар он зоҳир мешавад, ки олим кӯшидааст, ки бе ҳеҷ ғараз ва эҳсосоте дар бораи сарнавишти пурмоҷарои Нарзуллои Бектош (1900-1938) ва мубоҳисаҳои зиёда аз ҳафтодсола дар гирди номи вай ва масъалаҳои забону адабии тоҷик сухани беғаразонаи ба воқияти таърихӣ мутобиқ ва аз меъёри инсофи илмӣ ва инсонӣ мувофиқ гуфта бошад. Зиёда аз он муаллиф дар заминаи асноди воқеӣ ва сарчашмаҳову рӯзномаҷоти он даврон кӯшидааст, ки вазъи сиёсӣ, мафкуравӣ ва адабию фарҳангии замони пурташвишро пеши назар оварад ва раванду қонунмандиҳои рафти инкишофи онро муайян карда бошад. Китоби «Достони об ё Обнома» (Душанбе: Адиб, 2004) фарогири тадқиқот ва маводи фаровоне бо тарҳи нав аз осори асотирӣ, мазҳабӣ, илмиву тиббӣ, эҷодиёти мардумӣ ва адабиёти ҳирфаӣ буда, мавзӯи эҳтиром, эҳтиёт ва бузургдошти обро ба сифати яке аз чор унсури муҳимми зиндагии инсоният дар фарҳанги маънавии тоҷикон (форсизабонон) ва мардуми ҷаҳон матраҳ менамояд. Ин асар бо илҳом аз пешниҳодҳои инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омада, як кӯшиши дастгирии хоксорона ва таъкиди муҳим будани масъалаи мазкур аз назари фарҳанги маънавии мардуми ориёӣ (форсизабонон) ба шумор меояд. Рисолаи «Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» (Душанбе: Адиб, 2004) бошад дар заминаи ҷӯстуҷӯҳои зиёде дар бойгонӣ ва мутолиаи бастаҳои рӯзномаҷоти солҳои 20-30 ва сарчашмаҳоии илмӣ таълиф шуда, бори нахуст таърихи аз иттиҳодияҳои адабӣ ба ҷамъияти адабии пролетарӣ ва сипас ба иттиҳодияи мустақили эҷодӣ табдил ёфтани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бо ҳамаи муваффақияту мушкилот, дастоварду камбудиҳояш то охири солҳои 40-и асри гузашта мавриди тадқиқ қарор додаст. Китоби «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» («Адиб», 2009) ба масъалаҳои таърих, хасоиси консепсуалӣ ва ҳунарӣ дар насри воқеъгарои тоҷиӣ дар мисоли эҷодиёти намояндагони барҷастаи насрнависон ва осори муҳимми онҳо, ҳамчунин сабку шакл ва ҷустуҷуи жанрӣ дар шароити озодие, ки вобаста ба истиқлоли кишвар ба амал омад мавриди таҳқиқу баррасии ҷиддӣ қарор додаст. Китоби нави вай таҳти унвони «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2010) дар Нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба табъ расид. Ҳамчунин бо ташуббус, тарҳу таҳия ва таҳрири Набавӣ ду маҷмӯа – яке «Абармарди илму фарҳанг» (бахшида ба 80-солагии устоди бузург, академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ) ва «Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо» (маводи имии баҳсҳои забоншиносии солҳои 20-30) омодаи чоп шудааст, ки тақрибан 70 ҷузъи таълифиро ташкил медиҳад. Бахши асосии асари машҳури Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро низ таҳия ва ба чоп расонидааст. Абдухолиқи Набавӣ ба тарҷумаи осори бадеӣ низ машғул шудааст: чанд ҳикояи [2] ва [3] ва очерку мақолоти адабиётшиносиро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Дар тартиб додани маҷмӯаи «Бойчечакҳои Помир» (Киев,1988, ба забони украинӣ) ва ҷилдҳои I-III «Куллиёт»-и Фазлиддин Муҳаммадиев иштирок доштааст. Мақолаҳояш ба забонҳои русӣ, узбакӣ, украинӣ, ҳамчунин дар нашрияҳои Эрон ба табъ расида ва мавриди нақду баррасӣ қарор гирифтаанд. Солҳои зиёд узви Шӯрои координатсионии нақди адабӣ дар назди АУ Тоҷикистон, аъзои ҷамъияти Ходимони театрии вилояти Ленинобод, солҳои 1987-1998 котиби илмӣ ва то ба ҳол узви Шӯрои нақду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон, чанд вақт (1993-94) раҳбари бахши «Адабиёти шӯравӣ»-и [4], аъзои Шӯроии илмии Институти мазкур, аз соли 1985 ба баъд котиб ва аъзои шӯрои илмии «Адабиётшиносӣ»-и ин пажӯҳишгоҳ будааст. Узви ҳайати таҳрири маҷаллаҳои «Фарҳанг» ва «Илм ва ҳаёт», ходими адабии рӯзномаи «Баҳори Аҷам» будааст. Барои дастоварди илмӣ дар конференсияи бахшида ба 100-солагии устод Айнӣ бо таҳсинномаҳои КМ Комсомоли Тољикистон (1978) ва ифтихорномви АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), ҳамчунин ба унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тољикистон (2008) сарфароз гардидааст. Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2017) мебошад.

Санаҳои асосии зиндагӣ ва фаъолияти илмиву адабӣ

1963 - мактаби миёнаро дар деҳаи Ревади ноҳияи Айни вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) хатм кардааст. 1963-1967 - донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров). 1967 - муаллими кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи мазкур. 1967-1968 - хизмат дар сафи артиш. 1968 - мудири кабинети забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (Хуҷанд). 1968 - устоди кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин донишкада. 1973 - устоди калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (Хуҷанд). 1973 - ходими адабии рӯзномаи «Маҳорати педагогӣ». 1979 - узви Ходимони театрии вилояти Ленинобод (ҳоло Сӯғд). 1978 - узви Шӯрои ҳамоҳангии танқиди адабию бадӣ дар назди раёсати АУ ҶШС Тоҷикистон. 1982 - номзади илми филология. 1983-1984 - дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (Хуҷанд). 1984 – дотсент. 1984 - узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 1986 - иштирок дар анҷумани IХ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 1987-1991 котиби Шӯрои нақду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон. 1987-2011 - узви Шӯрои нақду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон. 1991 - иштирок дар анҷумани Х Иттифоқи нависандагон. 1984 то ба ҳол - ходими калони илмии бахши адабиёти муосири тоҷики [5] 2006 то 03-2012 - ходими адабии рӯзномаи «Баҳори Аҷам»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2006 то ба ҳол - узви ҳайати мушовираи маҷаллаи «Фарҳанг». 2009 то ба ҳол - узви ҳайати мушовараи маҷаллаи «Номаи пажӯҳишгоҳ», нашрияи [6] 2017 – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ.

Китобҳо

  • Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри реалистии тоҷик. – Душанбе: Нашриёти ҷамъияти «Дониш», 1978.
  • Проблема психологизма в таджикской советской литературе. АКД. – Душанбе,1981.
  • Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон. – Душанбе: Ирфон, 1983.
  • Тасвири олами ботинии инсон ва нависанда. – Душанбе: Адиб, 1987.
  • Адабиёт ва нақди адабӣ. – Душанбе: Адиб, 1993.
  • Нарзуллои Бектош ва илму адаби солҳои 20-30. – Душанбе: Ирфон, 2004.
  • Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2004.
  • Достони об ё Обнома. – Душанбе: Адиб, 2004.
  • Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ ва фарҳанги рӯзноманигорӣ. – Душанбе: Эҷод (Вазорати фарҳанги Тоҷикистон), 2007.
  • Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср. – Душанбе: Адиб, 2009. – 20 ҷ.т.
  • Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010. – 9 ҷ.т.
  • «Бухорои шариф» сароғози мутбути миллии тоҷикӣ. – Душанбе: Бухоро, 2012.- 11, 5 ҷ.т.
  • Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. – Душанбе:, 2015 (бо илова ва таҳрири тоза).

Таҳия ва таҳрир

  • Саъиди Сирҷонӣ. Чанд нукта… (Бо пешгуфтор) // Садои Шарқ, 1993, № 5-6, саҳ. 61-81. (таҳия).
  • Н. Бектош. Дар бораи ғун кардани адабиёти даҳонакии халқ // Фарҳанг, 2004, № 4 таҳия); Н. Бектош. Дар бораи ғун кардани адабиёти даҳонакии халқ // Рӯдакӣ, соли ҳафтум, зимистони 2007, шумораи 13, соли 133-146 (ба ҳуруфи форсӣ).
  • Абармарди илму фарҳанг (бахшида ба 80-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурҷӣ). – Душушанбе: Дониш, 2006 (мураттиб ва муҳаррир).
  • Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо (нақша, таҳрир, таҳия, муаллифи пешгуфтор, луғатномаи мафоҳим ва ашхос). Душанбе: Дониш, 2007. – 720 саҳ.
  • Андарзи «Маснавии маънавӣ». – Хӯҷанд: Нӯри маърифат, 2007. - (мураттиб ва муаллифи пешгуфтор).
  • Бонуе, ки бори илм мекашад, - Душанбе: Деваштич, 2007 (мураттиб).
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма; Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр. – Душанбе: Ому, 2008 (таҳрир).
  • Садриддин Айнӣ. Мухтасари асарҳои илмӣ дар ду ҷилд, ҷилди 2. Асарҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ. – Душанбе: Дониш, 2008 (мураттиб бо Ф. Набизода).
  • С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик (мухтасаран). – Дар маҷ.: Садриддин Айнӣ. Мухтасари асарҳои илмӣ дар ду ҷилд, ҷилди 2. Асарҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ. – Душанбе: Дониш, 2008 (таҳия, бо ҳамқаламии Ф. Набизода).
  • А. Семёнов. Ду шоири бузурги асри Х. Рӯдакӣ ва Дақиӣ // Баҳори Аҷам, 2008, август.
  • Донишномаи Рӯдаӣ, ҷ. 2. – Душанбе, 2008 (узви ҳайати муаллифон).
  • Донишномаи Рӯдакӣ, ҷ. 3. – Душанбе, 2017 (узви ҳайати муаллифон).
  • Қуллапаймои сухан (муаллифи мақола, таҳия, таҳрир). - Душанбе: Деваштич, 2009.
  • Ҷашнномаи Айнӣ, ҷ. ХI. – Душанбе: Дониш, 2010.
  • Шиблии Нуъмонӣ. Шеъру-л-Аҷам». Китбҷои 1-5 (таҳия). – Душанбе: ДДОТ, 2015. – 1100 саҳ.
  • Ҷашнномаи Айнӣ (мураттиб). – Душанбе: Дониш, 2019.
  • С. Айнӣ. Рӯдакинома (Устод Рӯдакӣ дар шинохти Садриддин Айнӣ). – Душанбе: Дониш, 2019 (пешгуфтор, таҳия бо тавзеҳот, ҳамроҳ бо профессор А. Сатторзода).

Эзоҳ