Фирдавсӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 28: Сатри 28:


== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==
Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.
Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Ҳаким Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.


Зодсоли Абулқосим Фирдавсӣ дар 940 м аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Абулқосим Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:
Зодсоли Фирдавсӣ дар 940 м аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:
{{Иқтибоси академикӣ|<poem>
{{Иқтибоси академикӣ|<poem>
Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,
Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,
Сатри 38: Сатри 38:
</poem>}}
</poem>}}


Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.
Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.


Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Абулқосим Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.
Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.


Номи вай ҳама ҷо Абулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.
Номи вай ҳама ҷо Ҳаким Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.


Барои падари Абулқосим Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Абулқосим Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Абулқосим Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад<ref>محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2</ref>‏.
Барои падари Абулқосим Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Абулқосим Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Абулқосим Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад<ref>محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2</ref>‏.

Нусха 14:27, 4 апрели 2021

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی
Ном ба ҳангоми таваллуд: форсӣ: حَکیم اَبوالقاسِم فِردُوسی طوسی
Таърихи таваллуд: 935
Зодгоҳ: Тӯс
Таърихи даргузашт: 1020
Маҳалли даргузашт: Тӯс
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ (форсӣ: حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی‎; 935—1020) — шоири форсу[2][3][4][5] тоҷик[4]. Сарояндаи «Шоҳнома» — ҳамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони порсигӯй аст.

Зиндагинома

Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Ҳаким Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.

Зодсоли Фирдавсӣ дар 940 м аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:

Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,
Бад-он гаҳ ки буд сол панҷоҳу ҳашт.
Замину замон пеши ӯ банда шуд,
Фаридуни бедордил зинда шуд.

Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.

Номи вай ҳама ҷо Ҳаким Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.

Барои падари Абулқосим Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Абулқосим Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Абулқосим Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад[6]‏.

Замони даргузашти Абулқосим Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Абулқосим Фирдавсӣ ёд карда, "Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405—411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.

Бинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст:

Шунудам ман, ки Фирдавсии Тӯсӣ,

Ки кард ӯ дар ҳикоят бефусусӣ,

Ба сию панҷ сол аз нӯки хома

Ба сар мебурд нақши «Шоҳнома».

Дар охир чун шуд он умраш ба охир,

Абулқосим, ки буд шайхи акобир,

Агарчи буд пире пурниёз ӯ,

Накард аз роҳи дин бар вай намоз ӯ.

Чунин гуфт ӯ, ки "Фирдавсї басе гуфт,

Ҳама дар мадҳи габре, нокасе гуфт.

Ба мадҳи габракон умре ба сар бурд,

Чу вақти рафтан омад, бехабар мурд".

Маро дар кори ӯ барги риё нест,

Намозам бар чунин шоир раво нест.

Чу Фирдавсии мискинро бибурданд,

Ба зери хоки торикаш супурданд,

Дар он шаб шайх ӯро дид дар хоб,

Ки пеши шайх омад дида пуроб.

Зумуррадранг тоҷе сабз бар сар,

Либосе сабзтар аз сабза дар бар.

Ба пеши шайх биншасту чунин гуфт,

Ки "ай ҷони ту бо нури яқин ҷуфт,

Накардӣ он намоз аз бениёзӣ,

Ки ме нанг омадат з-ин нонамозӣ.

Худои ту ҷаҳоне пурфаришта

Ҳама аз файзи рӯҳонӣ сиришта,

Фиристод ин-т лутфи корсозе,

Ки то карданд бар хокам намозе,

Хатам доданд бар фирдавси аъло,

Ки Фирдавсӣ ба фирдавс аст авло.

Хитоб омад, ки ай Фирдавсии пир,

Агар рондат зи пеш он Тӯсии пир.

Пазируфтам манат, то хуш бихуфтӣ,

Бад-он як байти тавҳидам, ки гуфтӣ.

Он байте, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар тавҳид гуфтааст ин аст:

Ҷаҳонро баландиву пастӣ туӣ!

Надонам, киӣ, ҳар кӣ ҳастӣ, туӣ!


Абулқосим Фирдавсӣ аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «Шоҳнома» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст.

Донишмандон дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"

Шоирон ӯро пайғамбари назму шеър хондаанд:

1.

Дар назм се тан паямбаронанд,

Ҳарчанд, ки «ло набия баъдӣ»,

Авсофу қасидаву ғазалро,

Фирдавсию Анвариву Саъдӣ.

2. Онҳое, ки қадри Ҳиким Фирдавсӣ-ро нашнохтанд:

Бар хирад бедод рафту додро нашнохтанд,

Ҳамзабонон ҳикмати Устодро нашнохтанд,

Баҳри инсон мезад ӯ бонги адолат дар ҷаҳон,

Ҳамдиёрон маънии фарёдро нашнохтанд.

Бар рухи бунёди зулмат офтобе пош дод,

Шабпарсатон аз қазо бунёдро нашнохтанд.

Номаи шоҳон накӯҳишномаи бедодҳост,

Нуктасанҷон рози ин бедодро нашнохтанд.

Аз шукӯҳу шавкати фарри ниёгон қисса дошт,

Ворисони нохалаф аҷдодро нашнохтанд.

"Он ки бо сеҳри сухан мулки Аҷамро зинда кард",

Камназарҳо шеваи эъҷодро нашнохтанд.

Аз ҷафои давр андар кунҷи танҳоӣ муқим,

Ҳамзамонон шоири озодро нашнохтанд.

Алғараз, дар олами маънӣ расуле тоза буд,

Лек ин пайғамбари навзодро нашнохтанд.

3. Ҳаким Фирдавсӣ забони форсиро зинда кардааст:

Сиккае к-андар сухан Фирдавсӣ-и Тӯсӣ нишонд,

Кофирам гар дигаре аз зумраи форсӣ нишонд.

Аввал аз болои курсӣ, бар замин омад сухан,

Ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд.

4. Ишораи Шайх Саъдӣ ба Ҳаким Фирдавсӣ:

Чӣ хуш гуфт Фирдавсӣ- и покзод!

Ки раҳмат бар он турбати пок бод:

«Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст»!

5. Ҳаким Фирдавсӣ буд, ки шукуҳу фарри ниëгонро зинда кард:

Он чи Куруш карду Доро, в-он чи Зардушти меҳин,

Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсӣ- и сеҳрофарин.

6. Достони Ҳаким Фирдавсӣ ва Темури Ланг:

Масти хун бо савлату боди бурут,

Чун суи Эронзамин лашкар кашид,

Ланг-лангон Темури бедодгар

Бар мазори поки Фирдавсӣ расид.

Бар сари хоки гиромӣ по фишурд,

Мушти хокеро гирифту бод кард.

Баъд байти зерро бо заҳрханд

Гӯиё аз номи худ бунёд кард:

«Сар аз хок бардору Эрон бубин,

Ба чанги далерони Турон бубин!»

Ногаҳон Фирдавсӣ берун шуд зи гӯр,

Устухонҳо ларз-ларзон аз ғазаб.

Байти зеринро бихонду ғайб зад ,

Ҳамчу нақши зузанаб дар коми шаб:

«Дар Эрон намондаст шеру паланг,

Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг…»

Лол шуд Темур чу санги рӯи гӯр,

Мушкилашро кард осон аскаре:

«Мурдагонаш гар чунин зӯроваранд,

Зиндагонашро чӣ сон зӯр оварӣ!»

Пирмарде гуфт: «Гоҳо, ҳазратам,

Мурдаҳо аз зиндаҳо афзалтаранд.

Фатҳи кӯҳ аз фатҳи рӯҳ осонтар аст,

Мурдаҳо аз зиндаҳо пурдилтаранд…»

7. Васфи Ҳаким Фирдавсӣ:

Аз он рӯз Яздон ҷаҳон офарид,

Чу Фирдавсӣ одам суханвар надид.

Ҳакиме буд номовару кордон,

Хирадманду донандаи бостон.

Зи таърихи гетӣ бигуфт ӯ сухан,

Навишт як сар пайкори даври куҳан.

Зи Ҳурмузду Зардушти фархундапай,

Зи Ҷамшеду Заҳҳоку Ковуси кай.

Зи Кайхусрав, Афредуну Ардашер,

Зи гурдону номоварони далер.

Зи Эрону Тӯрону туркони зӯр,

Зи Афросиёбу зи Баҳроми гӯр.

Зи Сӯҳробу Рустам, зи кини падар,

Зи Таҳмина, сӯгаш ба марги писар.

Зи Доробу Дорову Исфандийор,

Зи Искандару оташи корзор.

Зи Нӯшинравону зи Сосонийон,

Зи оғози гетӣ, ҷаҳон то ҷаҳон.

Бигуфт аз Бузургмеҳру аз Борбад,

Зи Парвизу Хусрав, зи неку зи бад.

Зи Усмону Уммар, зи хоки Аҷам,

Зи куштору тороҷу ҷавру ситам.

Ҳама саргузашти Аҷам йод кард.

Руҳи рафтагонро бадин шод кард.

Ба Шаҳнома заҳмат кашид сол сӣ,

Аҷам зинда кард ӯ, бадин порсӣ.

Зи бигзашта бинвишт байт шаст ҳазор,

Бикард гетиро неку бад ошкор.

Ки бодаш сипосу зеҳу офарин,

Зи рӯи замин то ба чархи барин.

Ба некӣ зи ӯ дар ҷаҳон йод бод,

Ки арвоҳи покаш ҳаме шод бод.

Ҷаҳон то ҷаҳон бигзарад аз ҷаҳон,

Зи Фирдавсӣ монад ба гетӣ нишон.

Ки пур бод аз лутфи Ҳақ ҷоми ӯ,

Накӯ бод оғозу анҷоми ӯ.

Ба хокаш ҳаме раҳмати Ҳақ бод,

Мазорашро ҳаргиз газанде мабод.

Чу Маҳмуд нашнохт қадри варо,

Ки кард зиндагиаш пур аз моҷаро.

Накардӣ ба гетӣ ба ҷуз бад ба йод,

Зи Маҳмуди бадгавҳари баднажод.

Тани Маҳмуд ё Раб, ба оташ бисӯз,

Бад-ин руҳи Пири хирад барфурӯз.

8. Ëди Ҳаким Фирдавсӣ:

Куҷо хуфтаӣ, эй баланд Офтоб?

Бурун ою бар фарқи гардун битоб.

На андархӯри туст рӯи замин,

Зи ҷо хезу бар тахти даврон нишин.

Куҷо мондаӣ, эй рӯҳи қудсисиришт,

Ба чорум фалак ё ба ҳаштум биҳишт?

Ба як гӯша аз гетӣ ороми туст,

Ҳама гетӣ канда аз номи туст.

Чу оҳанги шеъри ту ояд ба гӯш,

Ба тан хуни афсурда ояд ба ҷӯш.

Зи «Шоҳнома» гетӣ пуровоза аст,

Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст.

Ту гуфтӣ: «Ҷаҳон кардаам чун биҳишт,

Аз ин беш тухми сухан кас накишт»...

Зи ҷо хезу бингар, к-аз он тухми пок

Чӣ гулҳо дамидаст бар тарфи хок.

На он гул, ки дар Меҳргон пажмурад,

Нахандида бар шох, бодаш барад.

На ҷаври хазон дида гулзори ӯ,

На бар дасти гулчин шуда хори ӯ.

9. Бузургии Ҳаким Фирдавсӣ:

Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад, қаҳрамонӣ кунад.

</poem>}}

Оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс
Оромгоҳи Фирдавсӣ дар Тӯс

Эзоҳ

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. John Andrew Boyle Ferdowsī // Britannica
  3. Крымский А. Е. Фирдоуси // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  4. 4.0 4.1 Османов, 1977.
  5. Лахути, 2017, с. 406.
  6. محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2

Бунмояҳо

  • محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2.
  • ‏جلیل دوستخواه. شناخت‌نامهٔ فردوسی و شاهنامه. چاپ اول، تهران: دفتر پژوهشهای فرهنگی، بهار ۱۳۸۴، ISBN 964-379-060-6. ‏
  • ذبیح‌اللّه صفا، تاریخ ادبیات در ایران، جلد اول.
  • محمدامین ریاحی. فردوسی: زندگی، اندیشه و شعر او. چاپ اول، تهران: طرح نو، ISBN 964-5625-38-6. ‏
  • سید حسن تقی‌زاده، فردوسی و شاهنامه او، انجمن آثار ملی، ۱۳۴۹
  • تئودور نولدکه، حماسه ملی ایران، ترجمه بزرگ علوی، تهران ۱۳۲۷
  • ژول مول، دیباچهٔ شاهنامه. ترجمهٔ جهانگیر افکاری، چاپ چهارم، تهران: انتشارات و آموزش انقلاب اسلامی، ۱۳۶۹.