Сайёра ранг иваз мекунад: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Munirjohn (баҳс | ҳисса)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ Advanced mobile edit
No edit summary
Сатри 9: Сатри 9:
|Таҳиякунанда = Дилошуб Орифзода
|Таҳиякунанда = Дилошуб Орифзода
|Филмноманавис = Бахтиёр Каримов
|Филмноманавис = Бахтиёр Каримов
|Бозигарон = [[Қурбони Собир]]
[[Таҳмина Раҷабова]]
[[Хуршед Мустафоев]]
Умар Алиев
[[Тағоймурод Розиқов]]
Толиб Исмоилов
[[Абдумумин Шарифӣ]]
|Бозигарон = [[Қурбони Собир]]
[[Таҳмина Раҷабова]]
[[Хуршед Мустафоев]]
Умар Алиев
[[Тағоймурод Розиқов]]
Толиб Исмоилов
[[Абдумӯъмин Шарифӣ]]
|Наворбардор = Даврон Восидӣ
|Наворбардор = Даврон Восидӣ
|Оҳангсоз = Зайниддин Каримов
|Оҳангсоз = Зайниддин Каримов

Нусха 12:33, 20 май 2021

Сайёра ранг иваз мекунад
Нахустин постери филми «Сайёра ранг иваз мекунад»
Нахустин постери филми «Сайёра ранг иваз мекунад»
Жанр мелодрамма, триллер
Коргардон Муҳиддини Музаффар
Таҳиякунанда Дилошуб Орифзода
Муаллифи
филмнома
Бахтиёр Каримов
Дар нақшҳои
асосӣ
Қурбони Собир
Таҳмина Раҷабова
Хуршед Мустафоев
Умар Алиев
Тағоймурод Розиқов
Толиб Исмоилов
Абдумӯъмин Шарифӣ
Наворбардор Даврон Восидӣ
Оҳангсоз Зайниддин Каримов
Ширкати синамоӣ Суғдсинамо
Буҷет 350 000 сомонӣ
Мамлакат  Тоҷикистон
Забон тоҷикӣ ва русӣ
Сол 2018

«Сайёра ранг иваз мекунад» — филми коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар. Нахустнамоиши филм 22 сентябри соли 2018 баргузор гардид[1].

Хулосаи достон

Филм дар хусуси бархӯрди ду тинат — бадиву некӣ, ду арзиш — мавънавиву моддӣ ва талошу афтударафти байни онҳо нақл менамояд. Қаҳрамони асосии филм Сайёра бо модар ва ду хоҳаракаш зиндагии хоксорона, вале аз нигоҳи маънавӣ сарватманд дошт. Хуршед ва Сайёра якдигаррро дӯст медоштанд. Орзуҳои наҷибе дар дил доштанд… Аммо Муроди афъиниҳоду тарёкӣ бо ёрону каморагони аҳриманкирдору девсират ин ҳама орзуву таманноҳоро ба якборагӣ ба ҳам мезананд. Сайёра бо амри тасодуф қотил мешавад[2].

Сайёра фарзанди ягонаи Фаридро ба қатл расонид[3]. Фарид Сайёраро барои қатли фарзандаш бад мебинад ва мехоҳад аз ӯ қасосашро бигирад. Аммо баъди ошно шудан аз ҷаҳони ботинии духтар ва ҳодисаҳои ба миён омада, Фарид ба андеша фурӯ меравад, ки фарзандашро чигуна тарбия кардааст?! Ҷавондухтар марди рӯзгордида ва ҷаҳонгаштаро маҷбур мекард, то ботини худро дарёбад. Фарид пас аз ин задухӯрдҳои ботинӣ ба худ суол медиҳад, ки оё муҳайё сохтани шароит ва иҷро кардани тамоми хоҳишҳои фарзандаш ҳамчун падар дуруст буд? Ба ғайр аз маблағ ба мерос боз чӣ боқӣ гузошт? Чихел ва барои чӣ бояд дар ин дунё зиндагӣ кард?

Нақшҳо

Ҳунармандон Қурбон Собир, Таҳмина Раҷабова (Сайёра), Дилбар Сулаймонова, Тағоймурод Розиқов, Нурулло Ҳақназаров, Хуршед Мустафоев, Умар Алиев офарандагони нақшҳои асосии филм мебошанд.

Омилони филм

Бино ба иттилои директори филм Осими Орифпур филм асосан дар шаҳри Хуҷанд сабт шуда, чанд саҳнаи он дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич ба навор гирифта шудаанд. Сабти филм наздики ду моҳ тӯл кашида, 5 моҳ танзим, садогузорӣ, оҳангсозӣ шудааст. Ба сабти филм мутахассисони баландихтисоси соҳаи синамо — Дилошӯб Орифзода, Зайниддин Каримов, Даврон Восидӣ, Абдуазиз Абдураҳмонов, Қобилҷон Шарипов, Темур Султонов, Абдусафо Қосимов, Кароматулло Норов, Суҳроб Муллошоев, Сарвар Ҳабибов, Баҳодур Тошматов, Анушервон Тилабов, Султонҷон Усмонов ва дигарон ҷалб шуданд[1].

Буҷети филм

Буҷети филм 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад[4].

Эзоҳ

1. 1.0 1.1 Сурайё Ҳакимова. Нахустнамоиши “Сайёра ранг иваз мекунад”(тоҷ.). www.hakikati-sugd.tj. Ҳақиқати Суғд.
2. Аз шаҳри як бинандаи филм, Шарифҷон Тоҷибоев дар Фейсбук
3. Трейлери расмии "Сайёра ранг иваз мекунад" | Сайти расмии Киностудии "Суғдсинамо"(тоҷ.). sughdcinema.com. 19 июли 2018 санҷида шуд.
4. «Суғдсинамо»: Чанд монеае, ки ба рушди кино халал мерасонад(тоҷ.). sughdcinema.com. Сайти расмии Киностудияи "Суғдсинамо". 20 июли 2018 санҷида шуд.