Убайдуллоҳ Раҷаб: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
No edit summary
Сатри 6: Сатри 6:
|тавсифи тасвир =
|тавсифи тасвир =
|ном ҳангоми таваллуд =
|ном ҳангоми таваллуд =
|таърихи таваллуд = 20.3.1941
|таърихи таваллуд = 20.3.1941
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Данғара}}, [[вилояти Кӯлоб]], [[ҶШС Тоҷикистон]]
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Данғара}}, [[вилояти Кӯлоб]], [[ҶШС Тоҷикистон]]
|таърихи даргузашт = 1.7.2021
|таърихи даргузашт = 1.7.2021
|маҳалли даргузашт = [[Душанбе]]
|маҳалли даргузашт = [[Душанбе]]
|шаҳрвандӣ = {{парчамбандӣ|Тоҷикистон}}
|шаҳрвандӣ = {{парчамбандӣ|Тоҷикистон}}
|касб = [[ҳунарпеша]], коргардони театр ва синамо
|касб = [[ҳунарпеша]], коргардони театр ва синамо
|солҳои фаъолият =
|солҳои фаъолият =
|самт =
|самт =
|ҷоизаҳо = {{(!}} style="background:transparent"
|ҷоизаҳо = {{(!}} style="background:transparent"
{{!}} [[Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон]] ([[1994]])
{{!}} [[Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон]] ([[1994]])
{{!)}}
{{!)}}
Сатри 25: Сатри 25:
}}
}}


'''Убайдулло Раҷабов''' (тав. [[20 март]]и [[1941]], [[ноҳияи Данғара]], [[вилояти Кӯлоб]], [[ҶШС Тоҷикистон]] — ваф. [[1 июл]]и [[2021]], [[Душанбе]], [[Тоҷикистон]]) — [[ҳунарпеша]], коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик. [[Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон]] ([[1994]]). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ ([[1998]]).
'''Убайдулло Раҷабов''' ([[20 март]]и [[1941]], [[ноҳияи Данғара]], [[вилояти Кӯлоб]], [[ҶШС Тоҷикистон]] — [[1 июл]]и [[2021]], [[Душанбе]], [[Тоҷикистон]]) — [[ҳунарпеша]], коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик. [[Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон]] ([[1994]]). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ ([[1998]]).


== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==
Сатри 63: Сатри 63:
== Ҷоизаҳо ==
== Ҷоизаҳо ==
Бо орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи Президент, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Бо орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи Президент, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

== Даргузашт ==
Убайдулло Раҷабов 1 июли соли 2021 бар асари беморие ки дошт, дар шаҳри Душанбе даргузашт.


== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==

Нусха 10:46, 12 июли 2021

Убайдулло Раҷабов
Таърихи таваллуд: 20 март 1941(1941-03-20)
Зодгоҳ: ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 1 июл 2021(2021-07-01) (80 сол)
Маҳалли марг: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 2018721

Убайдулло Раҷабов (20 марти 1941, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон1 июли 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1998).

Зиндагинома

Хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982).

Фаъолияти корӣ

Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990—2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000—2004 Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 то соли 2021 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина» фаъолият намудааст.

Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.

Нақшҳо

Беҳтарин нақшҳои офаридааш дар саҳнаи Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб:

  • Хуршед («Орзу»-и М. Назаров),
  • Ҳоҷӣ Нуъмон («Ишқи африқоӣ»-и П. Мериме)

дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ:

  • Амфореас («Мубориза»-и С. Карас),
  • Хор («Антигона»-и Ж. Ануй),
  • Маҷ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода),
  • Саид Акбар («Корвони бахт»-и М. Миршакар),
  • Абулқосим («Кафшҳои Абулқосим»-и И. Франко).

Истеъдоди актёрии Р. хусусан ҳангоми иҷрои нақшҳои ҳаҷвии зерин хеле хуб зоҳир гардидааст:

  • Ҳалимбой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов),
  • эшон («Вопасин арӯси амиралмӯъминин»-и Ф. Муҳаммадиев),
  • Шариф Тормоз («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров).

Дар намоишномаҳои телевизионии зерин ширкат варзида нақшҳо иҷро кардааст:

  • «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ,
  • «Дугонаҳо ба театр мераванд»-и Ҷ. Икромӣ,
  • «Зангирии Чақабой»-и М. Давлат,
  • «Зани оҳанин»-и С. Аҳмад,
  • Қучқорбойи тракторчӣ («Зани оҳанин»-и Шароф Бошбеков) ва ғайра.

Сенария ва таҳия

Соли 1987 барои ансамбли «Дӯстӣ»-и колхози ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир дар асоси расму ойинҳои халқи тоҷик бо номи «Ашаглон» сенария таълиф намуд, ки соли 1987 дар Фестивал-конкурси байналмилалии ансамблҳои фолклориву этнографии кӯҳсор дар Полша ҷойи аввал ва ҷоизаи «Табари тило»-ро дарёфт намуд. Ҳамчунин муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар шаҳри Маскав ва барномаи театришудаи ҷашни Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзи Тоҷикистон» буд.

Соли 1997 роҳбари бадеӣ, таҳиягари дастаи ҳунарии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар Фестивал-озмуни байналмилалии ансамблҳои наврасон дар шаҳри Клангенфурти Австрия сазовори ҷойи аввал ва соҳиби «Ҷоми тилоӣ» гардиданд.

Ҷоизаҳо

Бо орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи Президент, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Даргузашт

Убайдулло Раҷабов 1 июли соли 2021 бар асари беморие ки дошт, дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Муҳаммадиев, Ф. Ҳунарманд: Артисти театри ба номи Лоҳутӣ Убайдйлло Раҷабов // Адабиёт ва санъат. — 1986. — 1 январ.
  • Гаҷиева, А. Қисмати ҳунарманд: Убайдулло Раҷабов // Агитатори Тоҷикистон. — 1989. — № 22. — С. 30 — 31.
  • Мавлон, Х. «Дар паси ойина»: Убайдулло Раҷабов // Ҷавонони Тоҷикистон. — 2003. — 4 март, 2, 11, 18, 25 апрел.
  • Низомов, А. «Оинае дар даст, оинае дар дил»: Андешаҳо нисбати Убайдулло Раҷабов // Ҷумҳурият. — 2003. — 18 март.
  • Раҳим, А. «Дар паси ойина»: Китоби нави муаллиф дар бораи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов // Ҷумҳурият. — 2003. — 3 июн.
  • Остонов, Р. Раҷабов Убайдулло // Энсиклопедияи адбиёт ва санъати тоҷик. — Душанбе, 2004. — С.49 — 50.
  • Азиз, А. «Ойина»-и Убайдулло: Ангораҳои бадеӣ, илмӣ ва фалсафии таълимиву омӯзишӣ. — Душанбе: Ирфон, 2008. — 38 с.

Пайвандҳо

Сарчашма