Лашкарсолор: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х мусавварсозӣ
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
Сатри 30: Сатри 30:
|}
|}


''Лашкарсолор'' дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии '''[[лашкар]]'''ро дорад, ки [[Ягони низомӣ|ягони роҳкунишие]] хурдтар аз [[сипоҳ]] ва бузургтар аз [[гунд]] буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад<ref>[http://www.mtrd.ir/sites/default/files/journals-files/کامل%20کتاب%20تصحیح%20شده.pdf ''Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ''. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 165]</ref>; дивизия<ref>[https://archive.org/details/farhangitafsirii01naza/page/442 ''Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд)''. Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 442.]</ref><ref>{{книга|автор=Коллектив авторов|часть=Том 3, статья «Дивизия»|заглавие=Военная энциклопедия|ответственный=Под ред. Грачёв П. С.|место= М.|издательство=[[Воениздат]]|год=1995|страницы=68—76|страниц=543|тираж=10 000|isbn=5-203-00748-9}}</ref>.
''Лашкарсолор'' дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии '''[[лашкар]]'''ро дорад, ки [[Ягони низомӣ|ягони роҳкунишие]] хурдтар аз [[сипоҳ]] ва бузургтар аз [[гунд]] буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад<ref>{{Cite web |url=http://www.mtrd.ir/sites/default/files/journals-files/%DA%A9%D8%A7%D9%85%D9%84%20%DA%A9%D8%AA%D8%A7%D8%A8%20%D8%AA%D8%B5%D8%AD%DB%8C%D8%AD%20%D8%B4%D8%AF%D9%87.pdf |title=''Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ''. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 165 |accessdate=2021-08-10 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20181222163608/http://www.mtrd.ir/sites/default/files/journals-files/%DA%A9%D8%A7%D9%85%D9%84%20%DA%A9%D8%AA%D8%A7%D8%A8%20%D8%AA%D8%B5%D8%AD%DB%8C%D8%AD%20%D8%B4%D8%AF%D9%87.pdf |archivedate=2018-12-22 }}</ref>; дивизия<ref>[https://archive.org/details/farhangitafsirii01naza/page/442 ''Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд)''. Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 442.]</ref><ref>{{книга|автор=Коллектив авторов|часть=Том 3, статья «Дивизия»|заглавие=Военная энциклопедия|ответственный=Под ред. Грачёв П. С.|место= М.|издательство=[[Воениздат]]|год=1995|страницы=68—76|страниц=543|тираж=10 000|isbn=5-203-00748-9}}</ref>.


== Вожашиносӣ ==
== Вожашиносӣ ==

Нусха 23:42, 10 августи 2021

Лашкарсолор
Дараҷаи болотар Сипаҳсолор
Дараҷаи поинтар генерал-майор
Ҳамто General of the Cavalry[d], Generalleutnant[d], divisional general[d] ва vice admiral[d]

Лашкарсолор (форсӣ: لشکرسالار‎) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки поинтар аз сипаҳсолор ва болотар аз гундсолор аст; генерал-лейтенант[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Гундсолор


Лашкарсолор
Дараҷаи болотар:
Сипаҳсолор

Лашкарсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини вазорати дифоъ, умури дохилӣ, амният, сардори ситод ё фармондеҳии лашкарро дорад, ки ягони роҳкунишие хурдтар аз сипоҳ ва бузургтар аз гунд буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад[2]; дивизия[3][4].

Вожашиносӣ

«Лашкарсолор» аз ду вожа сохта шудааст: лашкар (форсӣ: لشکر‎ > порсии миёна: laškar[5] > порсии бостон: *raxša-kara-посдоранда; поянда’ > эронии бостон: *raxš- + *kara-посдорӣ кардан’)[6]) + солор (форсӣ: سالار‎ < порсии миёна: sālār > паҳлавӣ: sarδār > эронии бостон: *sara-dāra-)[7]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (лашкар) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[8][9].

Пешина

Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «бевара» (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро «беварабад» (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[10]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[11], бевара «гунд» (паҳлавӣ: gundлашкар; гурӯҳ, даста[12] > эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda-сипоҳ; гунд[13]) ном гирифта ва фармондеҳи он «гунд-солор» (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[14].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: «drafš») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[15]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[16].

Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) низ ба кор мерафтааст[17]. Истилоҳи «лашкар» (форсӣ: لشکر‎) дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст[18]. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[19].

Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд[20]. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ муъовини генерал-полковник будааст:

Чунин гуфт солори лашкар ба шоҳ,
Ки «Фармони ту бартар аз чарху моҳ,
Бад-он сон шавам, к-ам ту фармон диҳӣ,
Ту шоҳи ҷаҳондориву ман раҳӣ».[21]

Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд[22].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان‎ > муғ. түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون‎ > фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард[23], ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.

«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»[24]) ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»[25] оварда шудааст.

Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, вожаҳои «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар пайравӣ аз «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани истилоҳи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja > лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» (аз олмонӣ: Generalleutnant) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[26].

Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ

Нишонаҳо
Артиши Сурх

Артиши Шуравӣ

Артиши Тоҷикистон
Нишонаи
гиребонӣ


Сардӯшӣ
альт= альт= альт= альт=
нишонаи остин
(мундир, кител ва гимнастёрка, шинел)(1940—1943)
нишонаи гиребонӣ
нерӯи заминии Артиши Сурх
(1940—1943)

нерӯи ҳавоӣ
(1940—1943)
…саҳроӣ
(1941)
сардӯшии
нерӯи ҳавоӣ
(1943—1955)
… саҳроии
нерӯи заминӣ (1943—1955)
… ҷашнии
нерӯи заминӣ
(1955—1991)
… нерӯи ҳавоӣ
(1955—1991)
… саҳроӣ
(1993—)
… нерӯи заминӣ

(1993—)
… нерӯи ҳавоӣ
(1993—)

Пайвандҳо

Эзоҳ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 165. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 442.
  4. Коллектив авторов. Том 3, статья «Дивизия» // Военная энциклопедия / Под ред. Грачёв П. С.. — М.: Воениздат, 1995. — С. 68—76. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
  5. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 52
  6. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2520.
  7. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1648.
  8. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 259
  9. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. ҷ. 2, с. 259.
  10. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
  11. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  12. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
  13. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2447.
  14. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  15. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  16. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
  17. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000. — р. 7
  18. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 718.
  19. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  20. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  21. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 17
  22. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 376
  23. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38
  24. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 596.
  25. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 718.
  26. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной