Бурҳонуддин Раббонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 50: Сатри 50:
Бурҳонуддин Раббонӣ ба унвони Раиси ҷумҳури қонунӣ 22 декабри 2001 тайи маросими расмӣ ҳукуматро ба Идораи муваққат ба раҳбарии Ҳамид Карзай таҳвил дод. Ин як воқеаи истисноӣ дар таърихи муосири Афғонистон аст, ки қудрат ба таври оштиомез ба раҳбари интихобшудаи дигар таҳвил дода мешавад. Бо ин амалаш Бурҳонуддин Раббонӣ тавонист саҳифаи дурахшонеро дар таърихи Афғонистон бо номи худ рақам занад.
Бурҳонуддин Раббонӣ ба унвони Раиси ҷумҳури қонунӣ 22 декабри 2001 тайи маросими расмӣ ҳукуматро ба Идораи муваққат ба раҳбарии Ҳамид Карзай таҳвил дод. Ин як воқеаи истисноӣ дар таърихи муосири Афғонистон аст, ки қудрат ба таври оштиомез ба раҳбари интихобшудаи дигар таҳвил дода мешавад. Бо ин амалаш Бурҳонуддин Раббонӣ тавонист саҳифаи дурахшонеро дар таърихи Афғонистон бо номи худ рақам занад.


Баъд аз ин ҳам Бурҳонуддин Раббонӣ ба сифати чеҳраи меҳварӣ дар сиёсати Афғонистон боқӣ монд. Вақте масъалаи музокира бо толибон ва ташкили Шӯрои Олии Сулҳ ба вуҷуд омад, аз Бурҳонуддин Раббонӣ номзади арзандатаре барои раҳбарӣ ба ин Шӯро пайдо нашуд ва ногузир тавофуқ карданд. Ӯ бо вуҷуди норозигиҳои пайравони худ, ки фикр мекарданд бо дастаҳо ва тӯдаҳои ҷоҳил ва одамкуш набояд музокира шавад ва вақту замону пул бояд дар музокира бо одамкушҳо масраф нашавад, сентябри 2010 раёсати ин Шӯроро пазируфт, ки нишонгари хайрхоҳӣ, сулҳталабӣ, хирадгароӣ ва адолатҷӯии ин сиёсатмадори варзида ва мутаШаҳодатффакири бузург мебошад.
Баъд аз ин ҳам Бурҳонуддин Раббонӣ ба сифати чеҳраи меҳварӣ дар сиёсати Афғонистон боқӣ монд. Вақте масъалаи музокира бо толибон ва ташкили Шӯрои Олии Сулҳ ба вуҷуд омад, аз Бурҳонуддин Раббонӣ номзади арзандатаре барои раҳбарӣ ба ин Шӯро пайдо нашуд ва ногузир тавофуқ карданд. Ӯ бо вуҷуди норозигиҳои пайравони худ, ки фикр мекарданд бо дастаҳо ва тӯдаҳои ҷоҳил ва одамкуш набояд музокира шавад ва вақту замону пул бояд дар музокира бо одамкушҳо масраф нашавад, сентябри 2010 раёсати ин Шӯроро пазируфт, ки нишонгари хайрхоҳӣ, сулҳталабӣ, хирадгароӣ ва адолатҷӯии ин сиёсатмадори варзида ва мутаффакири бузург мебошад.


== Шаҳодат ==
== Шаҳодат ==

Нусха 08:44, 2 сентябри 2021

Бурҳонуддин Раббонӣ
дарӣ: برهان الدين رباني
30 декабри 1992 — 22 декабри 2001[1]
Пешгузашта Сабқатуллоҳ Муҷаддадӣ
Ҷонишин Ҳомид Карзай

Таваллуд 1940(1940)
Даргузашт 20 сентябр 2011(2011-09-20)
Мадфан
Падар мулло Муҳаммадюсуф
Фарзандон писарон: Салоҳуддин ва Ҷамол
Ҳизб роҳбари «Ҷамъияти исломии Афғонистон»
Таҳсилот
Эътиқод ислом, суннӣ
Ҷоизаҳо
Ордени Исмоили Сомонӣ
Набардҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бурҳонуддин Раббонӣ (дарӣ: برهان الدين رباني — Burhânuddîn Rabbânî; 1940, Файзобод, вилояти Бадахшон — 20 сентябри соли 2011[4], Кобул) — арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (19922001), раҳбари аввалин ва пурнуфузтарин ҳизби исломии Афғонистон — «Ҷамъияти исломии Афғонистон» (аз соли 1973), профессор, доктори илми фалсафа[5].

Зиндагинома

Бурҳонуддин Раббонӣ соли 1961 мадрасаи Абуҳанифаро дар шаҳри Кобул хатм намуда, солҳои 1961—1964 таҳсилро дар факултаи шаръиёти Донишгоҳи Кобул идома дод ва дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолият оғоз намуд. Баъдан барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи ал-Азҳари Миср рафта, дар риштаи фалсафаи исломӣ таҳсил намуд. Бурҳонуддин Раббонӣ рисолаи илмии худро зери унвони «Ҷанбаҳои илмию фалсафии эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ» соли 1968 дар Туркия дифоъ намуд. Баъди бозгашт ба кори худ дар Донишгоҳи Кобул идома дод. Ҳанӯз аз солҳои таҳсилаш дар мадрасаи «Абуҳанифа» ба корҳои сиёсӣ пардохта, ба аввалин ҳаста (маҳфил)-и сиёсие дохил гардид, ки ибтидои солҳои 60 садаи XX дар Донишгоҳи Кобул Ғуломмуҳаммад Ниёзӣ асос гузошта буд ва баъдан бо номи «Ҷамъияти исломии Афғонистон» машҳур шуд. Аз соли 1969 дар Донишгоҳи Кобул созмоне бо номи «Ҷавонони мусулмон» фаъолият кард, ки шуъбаи донишгоҳии «Ҷамъияти исломии Афғонистон» буд. Баҳори соли 1973 дар хонаи Бурҳонуддин Раббонӣ маҷлиси фаъолони ҳизб доир гардид ва ӯ сарвари нави ҳизб интихоб шуд. Ҳамон вақт ин ҳизб расман унвони «Ҷамъияти исломии Афғонистон»-ро гирифт. Он ҳизбе буд, ки бо дарки шароити миллӣ ва бай­налмилалӣ, бо доштани барнома ва стратегияи мушаххас ва ҳадафу ормони муайян дар саҳнаи сиёсии Афғонистон ба фаъолиятҳои сиёсӣ қадам ниҳода буд.

Фаъолияти сиёсӣ

Раббонӣ бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Душанбе 22 октябри соли 2001.

Баъд аз табаддулоти давлатии соли 1973 ва суқути низоми шоҳӣ таъқибу фишор бар зидди исломиҳо афзоиш ёфт ва раҳбарони онҳо, аз ҷумла Бурҳонуддин Раббонӣ соли 1973 ба Покистон ҳиҷрат намуданд. «Ҷамъияти исломии Афғонистон» бо роҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ягона танзими бузурги сиёсиест, ки бар асоси забон, ҷуғрофиё, қавмият бино наёфта буд. Дар солҳои ҷиҳод ҷабҳаҳои ҳизби мазкур дар Қандаҳор, Лағмон ва Лугар ба ҳамон андоза қавӣ буданд, ки дар Балх, Файзобод, Ҳирот, Тахор ва ғайра нуфуз доштанд. Сиёсати мудоро ва тавъам бо лутфу меҳрубонии раҳбари «Ҷамъияти исломии Афғонистон» сабаб шуда буд, ки мардум дар солҳои ҷиҳод дар манотиқи зери назорати он эҳсоси оромиш ва амният мекарданд.

Бурҳонуддин Раббонӣ бо дарки дуруст ва фаҳми омили дипломатӣ дар фаъолияти муҷоҳидин, бо пазируфтани ҳама душвори­ҳои сиёсӣ аз аввалин солҳои ҷиҳод ба фаъолтарин раҳбари сиёсии муҷоҳидон табдил ёфта буд. Соли 1980 дар конфронси кишварҳои исломӣ дар Исломобод ба намояндагӣ аз гурӯҳҳои исломии Афғонистон ширкат карда, тавонист таваҷҷуҳи кишварҳоро ба мавзӯи Афғонистон ҷалб намояд. Бурҳонуддин Раббонӣ бо вуҷуди вокуниши манфӣ ва созмондиҳишуда бар зидди ӯ соли 1987 ба ИМА сафар намуд ва бо Президенти ин кишвар Р. Рейган дар Қасри сафед дидор кард. Баъд аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон бо дарки шароити навини сиёсӣ ва бо дар назар доштани диди стратегӣ дар сиёсатҳои минтақавӣ 11-15 ноябри 1991 дар сафари Маскав қарор дошт ва бо роҳбарони ин кишвар мулоқот намуд.

Бурҳонуддин Раббонӣ дар дохил ягона раҳбари сиёсие буд, ки бо ҳама аҳзоби ҷиҳодӣ — ҳам аҳзоби мустақар дар Покистон ва ҳам аҳзоби исломии Афғонистон, ки дар Эрон буданд, робитаи хуб дошт. Солҳои 1988-89 Бурҳонуддин Раббонӣ вазифаи вазири бозсозии «Ҳукумати интиқолӣ»-и муҷоҳидон ва солҳои 1989-92 вазифаи вазири корҳои хориҷии ин ҳукуматро, ки дар Пешовари Покистон ташкил шуда буд, ба уҳда дошт. Маҳз нерӯҳои «Ҷамъияти исломии Афғонистон» бо роҳбарии ӯ соли 1992 шаҳрҳои муҳимми Афғонистонро пайи ҳам фатҳ карданд. Нерӯҳои таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд баъд аз озод намудани Тахор пойтахти Афғонистон — Кобулро зери назорат гирифтанд. Нерӯҳои «Ҷамъияти исломии Афғонистон» таҳти фармондеҳии Исмоилхон вориди Ҳирот шуданд ва вилоятҳои ҳавзаи ҷанубу ғарбро яке паси дигаре озод карданд. Нерӯҳои фармондеҳи «Ҷамъияти исломии Афғонистон» Нақибуллоҳ Қандаҳорро фатҳ карда, Атомуҳаммади Нур ва дигар фармондеҳони «Ҷамъияти исломии Афғонистон» нерӯҳои худро вориди Мазори Шариф намуданд. Яъне, «Ҷамъияти исломии Афғонистон» дар суқути низоми Ҳизби демократӣ халқии Афғонистон нақши асосиро ифо намуд.

Бурҳонуддин Раббонӣ 28 июни 1992 баъд аз хатми давраи думоҳаи раёсати Сибғатулло Муҷаддадӣ ба унвони Раиси ҷумҳури муваққат вориди Арк гардид. Декабри 1992 дар Шӯрои аҳли ҳалл ва ақд Бурҳонуддин Раббонӣ Раиси ҷумҳури кишвар барои 2 соли оянда интихоб гардид. Соли 1994 бо сабаби набудани шароити муносиб барои интихобот Додгоҳи олии Давлати исломии Афғонистон салоҳиятҳои раиси давлатро барои ду соли дигар тамдид намуд. Давраи раёсати Бурҳонуддин Раббонӣ яке аз пурмоҷаротарин давраҳои таърихи муосири Аф­ғонис­тон ба шумор рафта, ба таҳлилу тадқиқи муфассал зарурат дорад ва бояд авомили зиёди дохилӣ ва хориҷии таъсиргузор решаёбӣ шаванд.

Баъд аз суқути Кобул 26 сентябри 1996 ва ақибнишинӣ бо роҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ «Ҷабҳаи муттаҳиди исломӣ барои наҷоти Афғонистон» ташкил шуд, ки дар расонаҳои хабарӣ барғалат «Эътилофи шимол» номида мешавад. Нерӯи меҳварии муқовиматро боз ҳам неруҳои «Ҷамъияти исломии Афғонистон» ташкил мекарданд. Онҳо бо «Толибон», ки аз пуштибонии васеи созмонҳои террористии байналмилалӣ, неруҳои вижаи покистонӣ ва ҳазорон довталаби покистонӣ бархурдор буданд, қариб ҳафт сол ҷангиданд. Барои муқоиса бояд бубинем, ки баъд аз соли 2001 дар ҳудуди 200 ҳазор неруи НАТО аз 40 кишвари ҷаҳон ва ҳамин қадар неруи давлатии афғон бо бақияҳои «Толибон»-и пароканда наметавонанд муваффақона мубориза кунанд.

Раббонӣ, сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон

Ҷаласаи васеъ бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бурҳонуддин Раббонӣ раиси Ҷумҳури Афғонистон. Душанбе.

Бурҳонуддин Раббонӣ дар дастёбии тарафҳои даргири тоҷик ба сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон саҳми аслӣ дошт ва мулоқоте, ки ӯ барои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Саййид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул тартиб дод, роҳи музокира ва тафоҳумро миёни тарафҳо боз намуд ва мулоқоти тарафҳо дар Хусдеҳи Афғонистон гардишеро дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ба вуҷуд оварда, раванди оштӣ ва тафоҳумро наздик кард.

Бурҳонуддин Раббонӣ новобаста ба он ки пойтахти кишвар зери назорати толибон қарор дошт, то соли 2001 аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари давлат эътироф мешуд. Ӯ бо вуҷуди он ки дар бораи Конфронси Бонн (2001) пеш­ни­ҳодоти мушаххас ва шаффоф дошт, аммо бо чеҳраи кушод ва таҳаммул файсалаҳои конфронсро пазируфт, ба ивази шитобзадагии баъзе шогирдон дар пазируфтани шартҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва зиракии душманонаш сабру таҳаммулро пеша кард.

Бурҳонуддин Раббонӣ ба унвони Раиси ҷумҳури қонунӣ 22 декабри 2001 тайи маросими расмӣ ҳукуматро ба Идораи муваққат ба раҳбарии Ҳамид Карзай таҳвил дод. Ин як воқеаи истисноӣ дар таърихи муосири Афғонистон аст, ки қудрат ба таври оштиомез ба раҳбари интихобшудаи дигар таҳвил дода мешавад. Бо ин амалаш Бурҳонуддин Раббонӣ тавонист саҳифаи дурахшонеро дар таърихи Афғонистон бо номи худ рақам занад.

Баъд аз ин ҳам Бурҳонуддин Раббонӣ ба сифати чеҳраи меҳварӣ дар сиёсати Афғонистон боқӣ монд. Вақте масъалаи музокира бо толибон ва ташкили Шӯрои Олии Сулҳ ба вуҷуд омад, аз Бурҳонуддин Раббонӣ номзади арзандатаре барои раҳбарӣ ба ин Шӯро пайдо нашуд ва ногузир тавофуқ карданд. Ӯ бо вуҷуди норозигиҳои пайравони худ, ки фикр мекарданд бо дастаҳо ва тӯдаҳои ҷоҳил ва одамкуш набояд музокира шавад ва вақту замону пул бояд дар музокира бо одамкушҳо масраф нашавад, сентябри 2010 раёсати ин Шӯроро пазируфт, ки нишонгари хайрхоҳӣ, сулҳталабӣ, хирадгароӣ ва адолатҷӯии ин сиёсатмадори варзида ва мутаффакири бузург мебошад.

Шаҳодат

Бурҳонуддин Раббонӣ дар натиҷаи як амали интиҳорӣ, ки зоҳиран аз тарафи намояндаи «Толибон» анҷом гардид, дар саҳни ҳавлии худаш ба шаҳодат расид.

Эзоҳ

  1. Фактически потерял власть с захватом талибами Кабула 27 сентября 1996 года См. также здесь
  2. Deutsche Nationalbibliothek Record #1028171862 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. https://www.theguardian.com/world/gallery/2011/sep/23/funeral-burhanuddin-rabbani-kabul-pictures
  4. Убит бывший президент Афганистана Бурхануддин Раббани
  5. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 3. БОЗ-ВИЧКУТ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, — с.279-280 // Қ. Искандаров.

Пайвандҳо

Сарчашма


Эзоҳ