Мансури Суруш: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Rescuing 0 sources and tagging 1 as dead.) #IABot (v2.0.8
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 7: Сатри 7:
|номи пурра =
|номи пурра =
|тахаллусҳо = Суруш
|тахаллусҳо = Суруш
|таърихи таваллуд = 19.06.1954
|таърихи таваллуд = 19.06.1954
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Панҷ}}
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Панҷ}}
|таърихи даргузашт =
|таърихи даргузашт =
|маҳалли даргузашт =
|маҳалли даргузашт =
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}}
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}}

Нусха 14:23, 23 ноябри 2021

Мансур Суруш
Мансур Сайдалиевич Сайфиддинов
Тахаллусҳо: Суруш
Таърихи таваллуд: 19 июн 1954(1954-06-19) (69 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷ
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, драматург, мутарҷим, публисист, рӯзноманигор
Ҷоизаҳо: Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ

Мансур Суруш (Сайфиддинов Мансур) – нависанда, драматург, мутарҷим, публисист, рӯзноманигор. Дорандаи Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ.

Зиндагинома

Мансур Суруш (Сайфиддинов Мансур) 19 декабри соли 1954 дар ноҳияи Панҷ таваллуд ёфтааст. Хатмкунандаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (1977) ва шӯъбаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии Тошканд (1988) аст. Солҳои 1977-1992 ба ҳайси тарҷумони рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), мухбири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (ҳоло «Народная газета»), дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), мудири шӯъбаи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» хидмат намудааст. Солҳои 1993-2005 корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, 2005-2009 сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» буд. Аз соли 2009 мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

Мансур Суруш ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ якзайл менависад, ба адабиёт андаке дертар аз журналистика ворид гардиду аз рӯзноманигорӣ хешро канор намегирад. Тобишҳои ранги зиндагиро дар ойинаи дил мебинаду ба қалам медиҳад ва нахустнавиштаҳояш ҳамсони қатраҳои оби мурод ба зудӣ зулолу такшин шуданд. Зарраҳои умедбахшро аз ҳаёт дарёфта, бо оташи дил мегудозад ва ба армуғон меорад. Чун мутолиоти бисёр амиқу дақиқ дар мутуни насри русу Ғарб дорад ва ҳамзамон аз адабиёти пешину муосири форс-тоҷик хуб баҳраманд аст, ҳузури муассири нигорандагиаш тез собит шуд. Осораш ҳам аз назари қолаб ва наҳваи тавсиф, тасвирпардозӣ ва ҳам аз лиҳози маънӣ наву тоза аст. Дар нигоштаҳояш омезаи аз табиатситоии романтикии русу Аврупо ва табиатгароии орифони шарқӣ ҳувайдост, ба ёдоварӣ ва бозофаринии арзишҳои дерина ҳамвора рӯй меораду дар ростои бедории афкори ҷомеъа ҷадал менамояд. Дар дромнависӣ низ истеъдоди Мансур Сурӯш зуҳур кардааст. Намоишномаҳои «Акси садои тӯлонӣ», «Ба куштани ман ҳанӯз фурсат хоҳед ёфт» (ҳар ду дар Театри драмаи русии ба номи В.Маяковский рӯи саҳна омадаанд), «Шиквае аз ту надорам асри ман», «Омӯрзиш» ва ғайра баёнгари муносибати ҷиддии муаллиф ба ин жанри адабиётанд. Афзун бар ин, номрафта ҷуръати бебокона намуда, даст ба тарҷумаи бадеъӣ аз тоҷикӣ ба русӣ зад, намунаи фаровон аз осори адабии классикон ва адибони муосир, публисистикаи тоҷикро ба забони Пушкину Толстой баргардонд ва ба ин васила дар муаррифии адабиёти миллат ба хориҷиён саҳм мегузорад. Мураттиби китоби «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни Бухоро» (ба забони русӣ, соли 2012) мебошад. Асарҳои як қатор нависандагони тоҷикро, аз ҷумла баъзе аз порчаҳои китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Ӯрун Кӯҳзод, ҳикояҳои Абдулмалик Баҳорӣ, песаҳои «Гавҳари шабчироғ»-и С. Улуғзода, «Куруш ва Куруз»-и Низом Қосим, порчаҳо аз романи «Садама»-и Саттор Турсун, мақолаи устод Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш» ва ғайраро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи Қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони русӣ тарҷума намудааст. Намунаи ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои адабии «Новое время», «Огонёк» (Федератсияи Россия) ва «Русское поле» (Молдова) чоп шудаанд. Баъзе аз асарҳояш ба забонҳои ӯзбекӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.[1]

Ҷоизаҳо

Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (ду маротиба) гардидааст.

Намунаи осор

  • Изгнание. - Душанбе, 1994. - С.123.
  • Чала. Роман // Памир. -1995. - № 7-12.
  • Замурованный грех. Автобиографическая проза. - Душанбе, 1999. - С.148.
  • Метка Азроила. Рассказы, публисистика. - Душанбе, 1999. - С.88.
  • Ҳалвоӣ. Ҳикоятҳо, мақолаҳо ва намоишномаҳо. - Душанбе, 2001. - С.147.
  • Утреняя молитва. Повести и рассказы. - Душанбе, 2002. – 119 с.
  • Ду боли як иқбол. - Душанбе, 2013. - С.127

Адабиёт доир ба Суруш

  • Ковтун Марина Борисовна. Жанрово - стилевые искания в творчестве Мансура Суруша. - Душанбе, 2003. - 127 с.
  • Ковтун Марина Борисовна. Жанрово - стилевые искания в творчестве Мансура Суруша. - Душанбе, 2004. - 97 с.
  • Мансур Сурӯш ( Сайфиддинов Мансур) // Адибони Тоҷикистон. - Душанбе, 2003. - С.527-529.
  • Абдухолиқ Набавӣ. Шамсиддини Солеҳ. Намози бомдоди нависанда. // Адабиёт ва санъат. - 2009. - 11 июл.[2]

Эзоҳ

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе: «Адиб», 2014, – С. 233-234. ISBN 978-99947-2-379-9
  2. Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2014) - Душанбе: Бухоро, 2012.- 95 с.(пайванди дастнорас)