Таҳмовар: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х ислоҳи шаблон using AWB
х вироишоти сабкӣ, ороиш
Сатри 1: Сатри 1:
{{Дараҷаи низомӣ
{{Дараҷаи низомӣ
| тасвир1 = Tajikistan-Army-OF-1a.png
| тасвир1 = Russia-Army-OF-1a-2010.svg
| image_size = 100px
| image_size = 100px
| зернавис1 = ''Сардӯшии таҳмовар дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон''
| зернавис1 = Сардӯшии [[Нерӯи заминӣ]]
| image2 =
| тасвир2 = Russia-Airforce-OF-1a-2010.svg
| зернавис2 = Сардӯшии [[Нерӯи ҳавоӣ]]
| caption2 =
| ном = Таҳмовар
| ном = Таҳмовар
| кишвар = {{парчамбандӣ|Tajikistan}}
| кишвар = {{парчамбандӣ|Tajikistan}}
Сатри 15: Сатри 15:
| бекоршуда =
| бекоршуда =
| дараҷаи болотар = [[Таҳмдор]]
| дараҷаи болотар = [[Таҳмдор]]
| дараҷаи поинтар =
| дараҷаи поинтар = [[Размсоз]]
| ҳамто = {{bulleted list|[[Новтаҳмовар]]|{{nowrap|{{lang-fa|'''ستوان سوم'''}}}}|{{lang-ru|''Мл. лейтенант''}}|{{lang-en|Third lieutenant}}|{{lang-en|Junior lieutenant}}|{{lang-zh|少尉 ''Shao wei''}}|{{lang-ps|'''دریم بریدمن'''}}}}
[[Размсоз]]
| ҳамто = {{bulleted list|{{nowrap|{{lang-fa|'''ستوان سوم'''}}}}|{{lang-ru|''Мл. лейтенант''}}|{{lang-en|Third lieutenant}}|{{lang-en|Junior lieutenant}}|{{lang-zh|少尉 ''Shao wei''}}|{{lang-ps|'''دریم بریدمن'''}}}}

'''Таҳмовар''' ({{lang-fa|'''تهم‌آور'''}}) — [[дараҷаи низомӣ|дараҷае]] [[афсар]]ӣ дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]] ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз [[таҳмдор]] ва болотар аз [[размсоз]] мебошад; ''лейтенанти хурд''<ref>[http://majmilli.tj/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-35/ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»]</ref>.
'''Таҳмовар''' ({{lang-fa|'''تهم‌آور'''}}) — [[дараҷаи низомӣ|дараҷае]] [[афсар]]ӣ дар [[нерӯҳои мусаллаҳ]] ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки поинтар аз [[таҳмдор]] ва болотар аз [[размсоз]] аст; ''лейтенанти хурд''<ref>[http://majmilli.tj/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-дар-бораи-35/ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»]</ref>.

{| class="wikipedia sortable" border="1"
{| class="wikipedia sortable" border="1"
Сатри 26: Сатри 25:
|+ '''[[Дараҷаи низомӣ|Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ]]'''
|+ '''[[Дараҷаи низомӣ|Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ]]'''

|width="30%" align="center" style="background:#cfcfcf;" | Дараҷаи поинтар:
[[Размсоз]]
|width="30%" align="center" style="background:#cfcfcf;" | Дараҷаи поинтар:
[[Размсоз]]
|width="35%" align="center" style="background:#bfbfbf;"|
[[File:Emblem_of_Tajikistan.svg|50px]]
'''''Таҳмовар'''''
|width="35%" align="center" style="background:#bfbfbf;"|
[[File:Roundel_of_Tajikistan.svg|50px]]
'''''Таҳмовар'''''
|width="30%" align="center" style="background:#afafaf;" | Дараҷаи болотар:
[[Таҳмдор]]

|width="30%" align="center" style="background:#afafaf;" | Дараҷаи болотар:
[[Таҳмдор]]

Нусха 08:24, 9 Декабри 2021

Таҳмовар
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: تهم‌آور
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Таҳмдор
Дараҷаи поинтар Размсоз
Ҳамто

Таҳмовар (форсӣ: تهم‌آور‎) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки поинтар аз таҳмдор ва болотар аз размсоз аст; лейтенанти хурд[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Размсоз

Таҳмовар
Дараҷаи болотар:
Таҳмдор

Таҳмовар дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳи таҳмро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё чанд гурӯҳ ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3].

Вожашиносӣ

«Таҳмовар» аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: таҳм + -овар. Мақулаи дастурии ин вожа сифат ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + пасванд (-овар)] аст. «-овар» гунае дигар аз пасванди «-вар» (< порсии миёна: -var < порсии бостон: *bara-баранда’ < √bar- ‘бурдан’)[4] ба маънои «доранда» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва сифат месозад. Ин пасванд дар «ҷанговар» ва «таковар» ҳам ба кор рафтааст[5]. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст.

«Таҳмовар» ба маънои «фармондеҳи таҳм» дар пайравӣ аз «таҳмдор» ва дар қиёс бо «размовар» сохта шуда, ки Фирдавсӣ онро дар «Шоҳнома» ба маънии «ҷанговар, разманда» ба кор бурдаст:

Ки гурдон кадоманду солор кист,
Зи размоварон ҷангро ёр кист[6].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳмовар» ба ҷои «лейтенанти хурд» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин; муъовин») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[7].

Пешина

Таҳмдор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224) пайдо шудааст. Чунончи, дар сафолнавиштаҳои ашконӣ аз солҳои 40-уми пеш аз милод, ки аз бойгонии шаҳри бостонии Нисо бозёфт шудаанд, истилоҳи «таҳмдор» (паҳлавӣ: tgmdr [tagm(a)dār]) бозхонӣ шудааст. Пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи юн.-қад. τάγματάρχης ё τάγματάρχος «фармондеҳи тагма» донистаанд: паҳлавӣ: tagmadār > лот. tagma «легион» (> юн.-қад. τάγμα «рада; бахше аз сипоҳ, ҳанг») + паҳлавӣ: -dār «доранда; фармондеҳ»[8] (< порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»).

«Тагма» дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100—500 сарбозро дар бар мегирифт[9]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавии «taxm» ‘нерӯманд, диловар, далер, чобук’ (> эронии бостон: *taxma- > √*tak-тохтан, давидан[10] < порсии миёна: tḥmy [tahm] > форсӣ: تهم‎ [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон[11]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст.

Дар сипоҳи Сосониён (224651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[12], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[13]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[14].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин; муъовин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмбон» ва «таҳмовар» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти калон» ва «лейтенанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[7].

Пайвандҳо

Эзоҳ

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
2. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. — с. 107. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
3. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
4. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. — ISBN 964-7531-28-1. — ҷ. 1, с. 438
5. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 106
6. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 3. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 234
7. 7.0 7.1 Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
8. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. — СПб.: — Петербургское лингвистическое общество, 2010. — 400 с., ил. — (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. — сс. 13; 223
9. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
10. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Зери назари Баҳман Саркоротӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 964-7531-28-1. — с. 75
11. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354—355
12. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2-5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
13. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
14. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449—451 гг. Кампании и сражения.- Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.