Карим Қодиров: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саҳифаи нав: '''Карим Қодиров''' (''Қодиров Карим Собирович''; 5.03.1940, ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) - доктори илмҳои таърих, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. == Зиндагинома == Техникуми полиграфии Рига (1960) ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Ленин...
 
(бе тафовут)

Нусха 03:46, 5 марти 2022

Карим Қодиров (Қодиров Карим Собирович; 5.03.1940, ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) - доктори илмҳои таърих, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Зиндагинома

Техникуми полиграфии Рига (1960) ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Ленинобод (1971) хатм кардааст.

Ношир ва директори матбаъаи ноҳияи Ҳисор, мудири матбааи КМ ПК Тоҷикистон, директори генералии ҶС «Боржома/Упаковка» шуда кор кардааст.

Аз 27 майи соли 2001-2005 вакили Маҷлиси намояндагон (интихоботи миёндавраӣ) аз ҳавзаи 4-уми ноҳияи Сино. Аз ҷониби ҲКТ пешбарӣ шуда, аз ҷониби ҲХДТ дастгирӣ шудааст. (Номзад аз ҲДТ ва ҲНИТ А.Соҳибназаров пирӯз шуд).

Узви фраксияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон. Котиби якуми ккумитиаҳи ҳизбии ноҳияи Сино.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.

Ҷоизаҳо

  • Корманди хидматнишондодаи саноати ҶШС Точикистон
  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон.