Висоли Шерозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
 
Сатри 11: Сатри 11:


== Адабиёт ==
== Адабиёт ==
* {{ЭМТ|Висоли Шерозӣ|3|муаллиф= }}
* {{ЭМТ|Висоли Шерозӣ|3|муаллиф=М. Муллоаҳмадов}}





Нусхаи кунунӣ то 10:08, 9 марти 2023

Висоли Шерозӣ
форсӣ: محمدشفیع وصال شیرازی
Таърихи таваллуд: 1782
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1846
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ ва арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муҳаммадшафеъи Шерозӣ (форсӣ: محمدشفیع وصال شیرازی‎; 17831846, маъруф ба Висол) — аз шоирон, адибон ва хушнависони маъруфи шерозӣ дар садаи сездаҳуми ҳиҷрӣ буд[1]. Ӯ гоҳе осори хушнависии худро бо имзои «Мирзои Кӯчак» ва гоҳе бо номи «Висоли Шерозӣ» рақам мезад[2].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш аз донишмандону ҳунармандони гуногуни давр илмҳои замони худ ва ҳунари хаттотиро омӯхт. Дар ҷавонӣ бо тахаллуси Маҳҷур дар пайравии шуарои гузаштаи форс-тоҷик қасидаву ғазал, марсия ва маснавӣ гуфтааст. Аз Висол девоне боқист, ки аз 15 ҳазор байт иборат мебошад. Девони Висол дар Теҳрон (1968) ва маҷмӯаҳои ашъори ӯ дар Ҳиндустон (1873) ба табъ расидаанд. Маснавии «Базми Висол»-и ӯ аз ҳафт ҳазор байт иборат аст. Дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ китоби «Субҳи Висол»-ро навиштааст. Висол хост достони нотамоми «Фарҳоду Ширин»-и Ваҳшии Бофқиро (асри 16) ба охир расонад, вале ин корро иҷро карда натавонист. Рисолаи «Атвоқу-з-заҳаб»-и олими бузурги форс-тоҷик Замахшариро аз забони арабӣ ба форсии тоҷикӣ тарҷума намудааст. Дар соҳаҳои калом, ҳикмат, мусиқӣ, арӯз, тафсир рисолаҳои алоҳидаи манзуму мансур низ таълиф кардааст. Висол Қуръонро бо ҳафт навъи хат хушнависӣ карда буд. Ҳангоме ки шоҳи Эрон Фатҳалишоҳи Қоҷор (ҳукмронӣ 1797—1834) ба Шероз омад, Висол Қуръони китобаткардаву музайянсохтаи худ ва мадҳияеро ба ӯ тақдим кард. Фатҳалишоҳ ӯро ба хидмати дарбор даъват намуд. Висол инчунин «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, девонҳои Хоқонӣ, Анварӣ, Ҳофиз, куллиёти Саъдии Шерозиро хаттотӣ намудааст, ки дар осорхонаҳои гуногуни олам мавҷуданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. بیانی، مهدی (۱۳۶۳). احوال و آثار خوش‌نویسان. تهران: علمی. صص. ۷۵۵.
  2. یساولی، جواد (۱۳۶۳). پیدایش و سیر تحول هنر خط. صص. ۱۶۸.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]