Вахш: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: ar:نهر فخش
Luckas-bot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: hi:वख़्श नदी
Сатри 41: Сатри 41:
[[fa:سرخ آب]]
[[fa:سرخ آب]]
[[fr:Vakhch]]
[[fr:Vakhch]]
[[hi:वख़्श नदी]]
[[it:Vahš]]
[[it:Vahš]]
[[ja:ヴァクシュ川]]
[[ja:ヴァクシュ川]]

Нусха 08:55, 15 Январ 2012

Вахш
Ҷараёни об
Сарчашма[?] Помир
  Баландӣ[?] 7105 м м
Резишгоҳ[?] Омударё
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Вахш
дар Викианбор


Вахш (форсӣ: وخش‎) — рӯдест дар Осиёи Марказӣ, ки дар Қирғизистону Тоҷикистон равон аст ва бо рӯди Панҷ пайваста дар Омударё мерезад.

Рӯди Вахш аз кӯҳҳои Помир дар сарзамини Тоҷикистон ва кӯҳсори Олой дар сарзамини Қирғизистон сарчашма мегирад. Қирғизистону Тоҷикистон ду кишвари аслии обгири он ҳастанд.

Дарозои ин рӯд 786 км, паҳнои ҳавзаи обхезаш 39 100 км², миёнгини гузашти обаш 156 м³/с аст. Оби ин рӯд барои обёрӣ дар пахтазорҳо ба кор меравад. Аз дараи рӯди Вахш шоҳроҳи ДушанбеЧанок мегузарад.

Шаҳрҳои Норак, Сарбанд ва Қурғонтеппа дар канораи рӯди Вахш ҷой доранд. Дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ шикоргоҳи «Бешаи палангон» ҷойгир аст.

Решашиносии ном

Вожаи «Вахш» бархоста аз вожаи «vaxšu-» дар эронии бостон аст ва маънояш «боланда, фазоянда» аст. Ҳамин номро юнониён «Ὄξος» навиштанд ва румиён онро лотинӣ карданду «Oxus» нигоштанд. Ин вожа дар номи рӯдҳои Вахшу Вахон (ва эҳтимолан дар номҳои Вахиё ва Ахшу ё Кӯлобдарё, ки туркона Оқсуяш хонем) боз мондааст.

Вахш дар даврони бостон сарчашмаи аслии Омударё шумурда мешуда аз ин рӯ номи бостонияш бар ин рӯд боз мондааст.


Пайнавиштҳо