Зарафшондарё: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
RedBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.2) (робот илова карда истодааст: ca:Zarafxan
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: fa:رود زرافشان
Сатри 26: Сатри 26:
[[es:Río Zeravshan]]
[[es:Río Zeravshan]]
[[et:Zarafšon]]
[[et:Zarafšon]]
[[fa:رود زرافشان]]
[[fr:Zeravchan]]
[[fr:Zeravchan]]
[[hi:ज़रफ़शान नदी]]
[[hi:ज़रफ़शान नदी]]

Нусха 10:32, 25 апрели 2012

Зарафшондарё
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Зарафшондарё
дар Викианбор

Дарёи Зарафшон дарёе дар Осиё аст. Ин дарё аз Тоҷикистон ба Узбакистон мерезад.

Инҷоро ҳам бингаред

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи

«Дарёи Зарафшон», «Зарафшондарё», дарёест дар [Осиёи Миёна] ҳудуди кӯҳистони Тоҷикистони марказӣ, вилояти Суғд ва Узбекистон. Ин дарё дар кӯҳистони Мастчо, аз пиряхи Зарафшон сарчашма гирифта, ба самти ғарб ҳаракат мекунад. Дар замонҳои қадим ин дарёро юнониҳо "Полеомелит" ва мардумони таҳҷоӣ "Суғдрӯд" низ ном мебурдаанд. Маҷрои дарё дар ҳудӯди ноҳияҳои Мастчо ва Айнӣ хеле танг буда, бисёр тезҳаракат аст, пас аз якҷоя шудан бо шохоби калонтаринаш Фондарё,дар наздикии маркази ноҳияи Айнӣ, маҷрои он нисбатан васеътар мегардад. Бо баробари дохил шудан ба ҳудӯди ноҳияи Панҷакент, дарё пурра ба водии фарох баромада, паҳноияш то ба якуним км мерасад. Ҳамагӣ 316 км дарёи мазкур ба қаламрави Тоҷикистон мансуб аст. Зарафшон зиёда аз 100 шохобҳои хурду калон дорад, аз ҷумла шохобҳои асосияш: Фондарё, Моғиёндарё ва Шингдарё мебошанд. Дар ғарби ноҳияи Панҷакент дарё ба қаламрави Узбекистон ворид шуда, ба самти Самарқанд равон мешавад ва тақрибан боз 400 км идома меёбад. То ғалабаи Инқилоби Октябр (аниқтар то соли 1923)Зарафшон шаҳри Бухороро убур намуда, пас ба тарафи ҷанӯб ҳаракат карда, ба Амӯдарё мерехтааст ва яке аз шохобҳои Амӯдарё будааст. Пас аз Инқилоби Октябр, бо васеъ гардидани майдони заминҳои корам (асосан пахта) дар Узбекистон, оби дарё комилан барои кишту-кор истифода бурда мешавад. Ҳоло Зарафшон дарёи алоҳида мебошад. Ҳавзаи обгирии Зарафшон 12 ҳазор км мураббаъ мебошад. Давраи серобии дарё моҳҳои июл-августро дар бар мегирад. Давраи аз ҳама серобияш 930 мк сония ва давраи аз ҳама камобияш моҳҳои феврал-март, 24 мк сония ва 164 мк сония ба ҳисоби миёнаи солона дар мавзеи дупулаи Панҷакент ба ҳисоб гирифта шудааст. Барои сохтани силсила-нерӯгоҳҳои обии барқӣ Зарафшон мувофиқ ва дорои аҳамияти калон мебошад.