Пенелопа Круз: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
EmausBot (баҳс | ҳисса)
х r2.7.2+) (робот ҳaвз карда истодааст: hy:Պենելոպե Քրուզ
х r2.6.5) (робот илова карда истодааст: ko:페넬로페 크루스
Сатри 74: Сатри 74:
[[kk:Пенелопа Крус]]
[[kk:Пенелопа Крус]]
[[kn:ಪೆನೆಲೊಪ್‌ ಕ್ರೂಜ್]]
[[kn:ಪೆನೆಲೊಪ್‌ ಕ್ರೂಜ್]]
[[ko:페넬로페 크루스]]
[[la:Penelope Cruz]]
[[la:Penelope Cruz]]
[[lb:Penélope Cruz]]
[[lb:Penélope Cruz]]

Нусха 09:53, 20 июни 2012

Шаблон:Зиндагинома Аксари мову шумо дар бораи Пенелопа Круз (испанӣ: Penélope Cruz Sánchez) чизеро намедонистем то даме, ки ӯ дар филмҳои Ҳолливуд пайдо шуда, дилҳои тамошобинонро дар тамоми ҷаҳон тасхир накард.

Пенелопа Круз 28 апрели соли 1974 дар шаҳри Мадрид ба дунё омадааст ва даврони кӯдакии ӯ дар ин ҷо гузаштааст. Падари ӯ савдогар ва модараш ороишгар буд. Ҳанӯз аз айёми хурдсолӣ Пе (ҳунарпешаро дар ватанаш чунин ном мебаранд) ба санъат, хусусан ба балет ва ҷаз мароқ зоҳир мекард. ӯ он қадар ба рақс дил дода буд, ки мактабро хатм накарда онро тарк кард ва пурра ба ҳунари рақс машѓул шуд. Круз балет ва рақсҳои испаниро дар Консерваторияи Миллии Испания дар Мадрид дар давоми 10 сол омӯхт ва баъд аз он ба Ню-Йорк омад, то дар мактаби санъати ҳунарпешагии Кристина Рот таҳсил кунад. То ҳунарпеша шудан, Пенелопа Круз барандаи барномаи телевизионӣ дар бораи ҳаёти ҷавонон La Quinta Marcha буд.

Нақшҳои аввалинашро дар филмҳо ва сериалҳо Пенелопа ҳанӯз дар синни 16 солагӣ бозидааст. Вале ҳунарпеша пас аз чанд сол, баъд аз ба экранҳо баромадани филми "Айёми зебоӣ" /Belle epoque (The Age of Beauty)/, ки ба чандин ҷоизаҳо дар Испания сазовор гардид, дар ватанаш машҳур шуд. Ин филм ҷоизаи Оскарро низ дар номинатсияи "Филми беҳтарини хориҷӣ" гирифт.

Баъд аз иштирок дар чандин филмҳо, Крузро соли 1997 яке аз беҳтарин коргардонҳои Испания Педро Алмадовар барои бозӣ кардан дар нақши дуюмдараҷае ба филми /Carne tremula (Live Flesh)/ даъват мекунад. Ин филм шӯҳрати Пенелопаро боз афзуд.

Филмҳои "Кишвари теппаҳову водиҳо" /The Hi-Lo Country/, (соли 1998), "Одами дар пойафзолаш борон" /The Man with Rain in His Shoes/ Пенелопа Крузро ба тамошобинони амрикоӣ шиносонид. Соли 1999 Пенелопа боз бо Алмадовар ҳамкорӣ кард – ҳунарпеша яке аз нақшҳои асосиро дар филми машҳури "Дар бораи модарам" /Todo sobre mi madre/, бозӣ кард, ки он яке аз филмҳои беҳтарини кинофестивали Канн гардид ва соҳиби ҷоизаи Оскар низ чун " Филми беҳтарини хориҷӣ" шуд.

Баъд аз ин муваффақият ҳунарпешаро ба Ҳолливуд даъват карданд. Соли 2000 ӯ бо ҳамроҳии Метт Деймон дар филми Билли Боб Торнтон /All the Pretty Horses/ ва соле пас бо ҳамроҳии Ҷоннӣ Депп дар "Кокаин" /Blow/, ва бо Николас Кейҷ дар "Интихоби капитан Кореллӣ" /Captain Corelli's Mandolin/ нақшҳо офарид.

Соли 2001 Пенелопа бо Том Круз дар филми «Осмони ванилӣ» (римейки филми 'Abre los ojos') нақш меофарад ва онҳо пас аз ин филм ба ҳам ишқварзӣ мекунанд. Баъд аз се сол, моҳи январи соли 2004 Том ва Пенелопа ақди никоҳ мебанданд.

Пенелопа бо чаҳор забон – испанӣ, итолиёвӣ, фаронсавӣ ва англисӣ ҳарф мезанад. ӯ забони итолиёвиро аз он сабаб омӯхтааст, ки мехост соли 2004 дар филми "Non ti muovere" иштирок кунад. Круз ба ин муваффақ мешавад ва он сол ҷоизаи беҳтарин ҳунарпеша дар Итолиёро мегирад. Пенелопа вақт ва пули зиёди худро ба кӯмаки башардӯстона ва корҳои хайриявӣ сарф мекунад. Соли 1997 ӯ тайи ду моҳ дар Уганда дар созмони кӯмаки башардӯстона кор кардааст. Дӯсти беҳтаринаш ҳунарпешаи машҳур – Салма Хайек мебошад.

Инҷоро ҳам бингаред

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи