Панҷрӯд: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3: Сатри 3:
Аз таърихи Панҷрўд
Аз таърихи Панҷрўд
[[Абдураҳмони Мустаҷир]] ном нависандае бо ҳамроҳии аскари Урусия, ки соли 1870 ба бо болооби Зарафшон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда буданд, ба Панчруд низ сафар кардааст ва маҳсули ин дидаҳояшро дар китоби «Рўзномаи сафари Искандаркўл» тасвир намудааст. Вай дар бораи Панҷрўд чунин менависад: «Баъд аз он тангӣ гузашта будем, ки як қишлоқи калоне намудор шуд. Ба он қишлоқ рафта, дар як чорбоғе фуромада, шаб хоб карда, пагоҳирўз хеста, дидем, ки бисёр ҷои васеи файзосор ва чаҳорбоғи бисёр дорад. Зардолу ва себ ва олуча ва чормағз ва зироати бисёре дорад, мисли гандум ва ҷав ва зағир ва боқило ва арзан ва қуноқ. Панҷ санги осиёб ва се масҷид доштааст. Мардуми он қишлоқ миқдори сад хонавор. Ва ҷои ободе будааст. Ба он ҷой ҳам оташ заданд. Ва он қишлоқро Панҷрўд мегўянд, аз он сабаб, ки сари ҷўй аз панҷ ҷо будааст». Ин тасвири Мустаҷир то ҳол боқӣ мондааст, чун Панҷрўд ҳоло ҳам макони файзосор ва чорбоғҳои зиёде дорад. Ҳар хонадори ин мулк соҳиби боғу роғ аст, ки бисёр ҷои бофароғат ва зебост. Боғҳо аз зардолу, себ, нок, олуча, чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳанда иборатанд ва дар кўҳҳо дарахтони худрўи хасакии себу писта ва зирку ҳулўлу вағнич зиёданд. То солҳои наздик тамоми аҳолии Панҷрўд рисқашонро аз боғдорӣ медиданд

[[Гурӯҳ:Тоҷикистон]]

Нусха 16:46, 5 сентябри 2012

Панҷрӯд деҳаест, ки дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент ҷойгир шудааст. Ин деҳа зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад. Уреҷ, ки сароби Зарафшон аст, маҳз аз кўҳҳои азими Чимтарға поён мешаваду аз байни Панҷрўд мегузарад. Номи деҳа ба панҷ рўд доштани он шаҳодат медиҳад, аммо ҳоло аз ин рўдҳо осоре намондааст. Ҳикоят мекунанд, ки аз ҷониби Сои Нова як рўд поён мешудаст, ки имрўз ҳам аз он ба қадри як ҷумаки офтоба об ҷорист. Наҳри дигаре дар Даҳони Ноч будаст, ки ҳоло њам об дорад. Рўди сеюм аз Шахи Сиёҳ поён мешудасту деҳаро аз мавзеъҳои тобистоннишин ҷудо мекардаст. Рўди чорум аз пушти кўҳи Ковона фуромада ба дарёи асосӣ – Уреҷ ҳамроҳ мешудаст, ки он дар сарњади Артуч ҷойгир аст. Рўди панҷум ва албатта асосї, балки рўди якум Уреҷ аст. Ҳамаи ин наҳрхо об доранд, аммо мисли як чашмае ҳастанд, агар Уреҷ набошад, онҳоро шояд наҳр ҳам гуфтан мумкин бошад. Мардумони Панҷрўд аслан дар соярў зиндагӣ мекунанд. Замоне дар офтобрў деҳае будааст, ки онро Уффор мегуфтаанд ва шояд Рўдакии Уффорӣ (ин тахаллусро бори аввал овозхони бисёр донишманд, донандаи хуби “Шашмақом” Фурқати Саид истифода кардааст, ки мегуфт: “Уффари ороми ҷон” аз мавзеи Уффори Панҷрўд гирифта шудааст) маҳз аз њамин мавзеъ бошад. Ин деҳа ба адабиёт ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Камол Насрулло ва нависандаи хушқалам Қодири Рустамро додааст. Ҳофизи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ низ зодаи Панҷрўд аст. Аз таърихи Панҷрўд Абдураҳмони Мустаҷир ном нависандае бо ҳамроҳии аскари Урусия, ки соли 1870 ба бо болооби Зарафшон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда буданд, ба Панчруд низ сафар кардааст ва маҳсули ин дидаҳояшро дар китоби «Рўзномаи сафари Искандаркўл» тасвир намудааст. Вай дар бораи Панҷрўд чунин менависад: «Баъд аз он тангӣ гузашта будем, ки як қишлоқи калоне намудор шуд. Ба он қишлоқ рафта, дар як чорбоғе фуромада, шаб хоб карда, пагоҳирўз хеста, дидем, ки бисёр ҷои васеи файзосор ва чаҳорбоғи бисёр дорад. Зардолу ва себ ва олуча ва чормағз ва зироати бисёре дорад, мисли гандум ва ҷав ва зағир ва боқило ва арзан ва қуноқ. Панҷ санги осиёб ва се масҷид доштааст. Мардуми он қишлоқ миқдори сад хонавор. Ва ҷои ободе будааст. Ба он ҷой ҳам оташ заданд. Ва он қишлоқро Панҷрўд мегўянд, аз он сабаб, ки сари ҷўй аз панҷ ҷо будааст». Ин тасвири Мустаҷир то ҳол боқӣ мондааст, чун Панҷрўд ҳоло ҳам макони файзосор ва чорбоғҳои зиёде дорад. Ҳар хонадори ин мулк соҳиби боғу роғ аст, ки бисёр ҷои бофароғат ва зебост. Боғҳо аз зардолу, себ, нок, олуча, чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳанда иборатанд ва дар кўҳҳо дарахтони худрўи хасакии себу писта ва зирку ҳулўлу вағнич зиёданд. То солҳои наздик тамоми аҳолии Панҷрўд рисқашонро аз боғдорӣ медиданд