Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.7.1) (робот ҳaвз карда истодааст: pt:Radio Free Europe
MerlIwBot (баҳс | ҳисса)
х робот илова карда истодааст: uz:Ozodlik Radiosi
Сатри 109: Сатри 109:
[[tt:Radio Free Europe]]
[[tt:Radio Free Europe]]
[[uk:Радіо «Свобода»]]
[[uk:Радіо «Свобода»]]
[[uz:Ozodlik Radiosi]]
[[vi:Đài Châu Âu Tự do/Đài Tự do]]
[[vi:Đài Châu Âu Tự do/Đài Tự do]]
[[zh:自由欧洲电台]]
[[zh:自由欧洲电台]]

Нусха 02:49, 29 октябри 2012

Нишонаи РАО/РО
Бинои нав бунёд гардидаи РАО/РО дар Прага

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) (англ. Radio Free Europe/Radio Liberty) RFERL) муассисаи мустақили амрикоист, ки тавассути Конгресси Иёлоти Муттаҳида таъмини молӣ мешавад. Барномаҳои РАО/РО, ки ба 28 забон дар ҳудуди кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пахш мешаванд, беш аз 35 миллион шунаванда доранд. Радиои Озодӣ маҷмӯан ҳафтае 1000 соат барнома ва ҳамарӯза ахбори тозаву объективӣ нашр мекунад. Маркази пахши барномаҳои РАО/РО дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех ва маркази идории РАО/РО дар шаҳри Вашингтон, пойтахти ИМА ҷойгир аст.

Стротежӣ ва ҳадаф

РАО/РО ба инъикоси ҳаёти рӯзмарраи минтақаҳои нашароти худ аҳамияти вижа медиҳад. Ҳадафи РАО/РО расондани иттилои дақиқ ва мутавозин ба шунавандагонаш мебошад.

Бо назардошти он ки аввалин қадам ба сӯи демократия дастрасии мардум ба иттилоот маҳсуб мегардад, РАО РО расидан ба аҳдофи зерро аз авлавиятҳои худ медонад.

Пешниҳоди хабар, таҳлил ва баҳсҳои мутавозин ва дақиқ дар мавзӯъоти маҳалливу минтақавӣ, ки барои демократия ва гузариш ба иқтисоди озод зарур аст.

Тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути бозтоби арзишҳои демократӣ. Мубориза бо таҳаммулнопазирии қавмӣ ва мазҳабӣ ва кӯмак ба рушди тафоҳум миёни одамон. Намунаи ибрат будан барои расонаҳои маҳаллӣ, мусоидат ба рушди маҳорати касбӣ ва истиқлолияти онҳо тавассути кумак дар омўзиш ва тақвияти ҳамкорӣ бо онон. Мусоидат ба густариши муносибатҳои наздик миёни кишварҳои минтақа ва кишварҳои демократии ҷаҳон

Забонҳо

Хабарнигори бахши афғони-дарии РАО/РО дар Ҳелманд, Афғонистон

Дар ҳоли ҳозир, барномаҳои РАО/РО бо забонҳои мазкур дар радио ва сомонаҳои интернетӣ дастрасанд:

  1. Аварӣ
  2. Албанӣ
  3. Англисӣ
  4. Арабӣ
  5. Арманӣ
  6. Белорусӣ
  7. Босниягӣ
  8. Бошқирдӣ
  9. Гурҷӣ
  10. Дарӣ
  11. Курдӣ
  12. Қазоқӣ
  13. Қирғизӣ
  14. Македонӣ
  15. Молдавӣ
  16. Озарӣ
  17. Пашту
  18. Руминӣ
  19. Русӣ
  20. Сербӣ
  21. Тоторӣ
  22. Тотории Қрим
  23. Тоҷикӣ
  24. Туркманӣ
  25. Узбакӣ
  26. Украинӣ
  27. Форсӣ
  28. Хорватӣ
  29. Черкессӣ
  30. Чеченӣ

Барномаҳои Тоҷикӣ

Барномаҳои тоҷикии РАО/РО ҳар шаб 3 соат (19:00 - 22:00 ба вақти Душанбе) ва ҳар бомдод 3 соат (06:00 - 09:00 ба вақти Душанбе) пахш мешаванд (Мавҷҳо). Хабару гузоришҳо ва таҳлилу мусоҳибаҳо доир ба таҳаввулоти Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, дар мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва варзишӣ тақдим мешаванд.

Хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе, чаҳор вилояти Тоҷикистон, ҳамчунин аз Прага ҳамвора шуморо дар ҷараёни тозатарин таҳаввулот қарор медиҳанд.

Ҳамаи барномаҳои Радио Озодиро мустақиман, яъне ҳангоми пахш дар саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ (www.ozodi.org ва ё www.ozodi.tj ) ва тариқи моҳвора ҳам метавон шунид. Сомонаи РО яке аз аввалин сомонаҳои интернетии хабарӣ бо забони тоҷикӣ аст, ки аз соли 1999 ба ин сӯ ҳамарӯза бо гузориш, мусоҳиба ва хабарҳои тоза нав мешавад.

Сабти барномаҳо низ қобили дастрасианд. Ба ғайр аз сабти мукаммали барномаҳо, сомонаи интернетии Радиои Озодӣ матни гулчини гузоришҳо ва таҳлилҳои мухталифро ҳам дар ихтиёри шумо мегузорад. Бойгонии ғанӣ аз гузоришу таҳлилҳо доир ба Тоҷикистонро дар сафҳаи собиқи интернетии Радиои Озодӣ пайдо мекунед.

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Пайвандҳои беруна