Алек Болдуин: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
MerlIwBot (баҳс | ҳисса)
х робот дигаргуни карда истодааст: nn:Alec Baldwin (deleted)
х r2.7.3) (бот изменил: ko:알렉 볼드윈 на ko:앨릭 볼드윈
Сатри 50: Сатри 50:
[[ja:アレック・ボールドウィン]]
[[ja:アレック・ボールドウィン]]
[[ka:ალეკ ბოლდუინი]]
[[ka:ალეკ ბოლდუინი]]
[[ko:알렉 볼드윈]]
[[ko:앨릭 볼드윈]]
[[mk:Алек Болдвин]]
[[mk:Алек Болдвин]]
[[ms:Alec Baldwin]]
[[ms:Alec Baldwin]]

Нусха 01:52, 31 Декабри 2012

Алек Болдуин

Алек Болдуин ситораи намоёни синамои ИМА мебошад. Ӯ 3 апрели соли 1958 дар шаҳри хурдакаки Массапека (иёлати Ню-Йорк) ба дунё омадааст. Номи аслияш Александр Рэй Болдуин III мебошад.

Овони наврасӣ ва ҷавонӣ

Ӯ дар оила аз шаш фарзанд фарзанди дуввум буд. Александр аз хурдияш ба театр ва кино шавқи беандоза дошт. Вале ӯ пас аз хатми мактаб, бо хоҳиши падараш ба факултаи сиёсатшиносии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дохил мешавад. Падараш, ки муаллими фанни ҷомеашиносӣ буд, ҳамеша орзу дошт, ки писари калонияш президенти ИМА мешавад. Александр, ки писари фармонбардор буд, ба гуфтаҳои падар гӯш дод ва донишгоҳро бомуваффақият хатм намуд. Вале аз сабаби он ки кино ва саҳна назар ба сиёсат диққати ӯро бештар ба худ ҷалб мекарданд, ӯ ба факултаи драмаи Донишгоҳи Ню-Йорк дохил шуд ва роҳи санъатро пеша кард. "Падарам, - гуфт ӯ дар яке аз мусоҳибаҳо, - албатта, хеле хафа шуд, ки ман пас аз гирифтани унвони бакалаври сиёсатшиносӣ боз ба мактаби драмавӣ дохил шудам: ӯ метарсид, ки ман ба монанди аксари кормандони ҳунару санъат нокому камбизоат мемонам. Шукри худо, ки комёбиҳои аввалини маро дида, падарам хушҳол гардид".

Карйера

Дар ҳақиқат, чанде пас Александр нақши аввалини худро дар телесериали "Врачи" бозӣ кард ва номи дарози худро ба Алек Болдуин иваз намуд. Пас аз баромадани ин силсилафилм ҳунари ҳунарпешаи ҷавону зебо ва боистеъдод ба коргардонҳо писанд омад ва ба ӯ чандин нақшҳоро дар синамову театр пешниҳод карданд. Баъд карйераи Алек зуд ба боло рафт. Яке аз пайи дигар филмҳо бо иштироки ӯ мебаромаданд: "Сладкая месть", "Твоя Лулу", "Деловая девушка", "Радиобеседа", "Битлджус", "Замужем за мафией"... Вале ӯ шӯҳрати ҳақиқиро пас аз баромадани филми "Красный Октябрь" дар соли 1990 пайдо намуд. Дар ин филм Алек нақши ҷосуси амрикоӣ Ҷек Райнро бозӣ кард, ки ӯ бояд нақшаҳову мақсадҳои капитани киштии зериобии "Красний Октябр"-ро меёфт. Ин триллери Ҷон Мактирнен аз нигоҳи молиявӣ хеле комёб буд ва 130.000.000 доллари ИМА даромад овард. Ҳамон сол маҷаллаи "People" Болдуинро ба рӯйхати панҷоҳ хушрӯйтарин одамони дунё даровард. Дар ҳаёти Алек филми "Привычка жениться" тағйироти наверо ворид сохт. Ҳангоми ба навор гирифтани ин филм, ӯ бо Ким Бесинҷер шинос шуд. Онҳо чанд муддате ишқварӣ карданд. Ба он нигоҳ накарда ки Ким аз ӯ панҷ сол калон буд ва муфлис шуда истода буд, Алек ба Ким пешниҳоди оиладоршавиро кард ва онҳо соли 1993 ақди никоҳ бастанд. Соли 1995 дар оилаи Болдуин-Бесинҷер духтарчае бо номи Ирлэнд Элисс ба дунё омад.

Дигар машғулиятҳо

Дар айни замон Алек яке аз машҳуртарин ва гаронарзиштарин ҳунармандони Ҳолливуд ба шумор рафта, дар чандин филмҳо иштирок мекунад ва дар театр нақшҳо меофарад. Алек инчунин узви фаъоли Ҳизби демократи ИМА мебошад. Ӯ ҳамаи пешниҳодоти ин ҳизбро дастгирӣ мекунад ва баъзан худаш низ пешниҳодоти сиёсӣ мекунад.

Пайвандҳо