Фарқият байни намунаҳои "Туғрал Аҳрорӣ"

Jump to navigation Jump to search
no edit summary
 
== Зиндагинома ==
Мухаммаднакиб - шоир ва яке аз суханварони гавхарчини адабиёти точик буда, 26-уми марти соли 1865 дар яке аз оилахои давлатманди дехаи Зосуни Фалгар ( хозира нохияи Айни) чашм ба олами хасти кушодааст.
Айёми кудакиву наврасии Накибхон дар зодгохаш гузаштааст. Накибхон бо нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адаби бо кумаки падари маърифатпарвараш чодаи Самарканду Бухороро пеш гирифта, дар яке аз хучрахои мадрасаи Тиллокории Регистони Самарканд маскан мегирад ва ба тахсили улум шугл меварзад. Дар рафти тахсил Накибхон бо як гурух устодони донишманд ошнои пайдо карда, ба халкаи зиёиёни онрузаи Самарканд ворид мешавад ва бо дасту дили гарм шеъру шоириро пеша мекунад.
Баъди хатми мадраса Накибхон муддате дар Бухоро кор карда, аз уламову удабои маъруфи онрузаи Бухоро маълумоти лозима гирифта, сипас ба зодгохаш бармегардад.
Накибхон ба Истам ном духтаре аз дехаи Куруд хонадор мешавад ва дар натичаи нух соли хамзисти, сохиби писаре мешаванд. Аммо бадбахтона, душманони Туграл ин писарчаро нобуд сохта, модарашро безуриёт мегардонанд. Дар хусуси таваллуду вафоти писараш худи Туграл чунин гуфтааст:
 
:Борхо дар дили ман буд таманнои писар,
:Лутф созад ба мани хаста Худованд агар,
:Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,
:Монд хасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.
 
Бино ба маълумоти сарчашмахо Туграл нозукихои забони хазорсолаи модарии худ – форсии точикиро ба дарачаи воло медониставу эхсос мекардааст ва дар сарфу нахви лугати араби низ устоди комил будааст, ки андешаву маколу оёти арабии иктибоси ва эчоди калами худаш гувохи онанд. Туграл дар шатранчбози махорати тамоме дошта, сохиби хатти зебову хонои настаълик хам будааст. Зиёда аз ин, у касби дехкониву хунари бинокори, урфу одати халку забони зинда, маишати мардуму рузгори шахру дехотро ба хуби медонистааст. Ва ин хама заковати илмиву фазолати инсони ва махорати адабии Тугралро хамзамононаш чиддан эътироф кардаанд, ки суханони зерини шоири хамдаври у Чавдат далели чунин даъвост:
 
:Яктои асри мо буд он шоири ягона,
:Бишкуфта буд аз у хар сухбату мачолис.
:Дар пеши дониши у донишварон мусаллам,
:Равшан бувад ба фахмаш хар нуктаю аходис.
:Дар назму насру ашъор яктои асри мо буд,
:Коил шуда ба илмаш хар олиму мударрис.
 
Туграл марди хоксору факирпарваре буда, хирси молу пул дар у мушохида намешудааст:
 
:Чунон сомони доман кардаам кунчи каноатро,
:Ки андар дил намебошад таманнои зару симам.
 
Рафокату хамсухбати дар мадрасахои Самарканду Бухоро бо муллобачахои нодору камбагал ва омаду рафти беохири мардуми факиру бечора ба хонаи Туграл дар Зосун гувохи зиндаи хайрхохиву бечорапарвариву авомдустии шоир мебошанд. Хамчунин, дар миёни мардуми камбагали Фалгару Панчакент, Истаравшану Мастчох ва Самарканду Бухоро ёру дустони зиёде дошта, хаммахфили як идда хунармандону зиёиён ва хамсухбати як даста суханварону хофизони пешкадами давр будааст. Аз чумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Ахмади Васли, Масехои Тамхид, Ахмади Равнак, Исхокбеки Ваххоч, Курби, Хасрати, Гулхани, Лутфи, Мухаммадкулии Тарчумон, Ашрафи Туччор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ хусни таваччуху эхтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.
Туграл дар байни солхои 1918-1919 хамрохи аскарони сурхи шурави дар чандин задухурдхои хунини алайхи босмачиёну аксулинкилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борхо штаби дастахои ихтиёриву аскаронро дар хавлии худ чой медихад ва хамрохашон дехахои Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро аз чанги душманони синфи озод мекунад. У дар рафти яке аз чунин мухорибахо барои озодии дехаи Вешаб аз тарафи душманону бадхохонаш ба тухмати нохаки аксуламал гирифтор ва 28-уми июни соли 1919 дар мавзеи Лангари дехаи Сангистони нохияи Фалгар (Айни) ба катл расонида мешавад
 
 
== Ғазал аз Туғрал ==
 
::Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?!
::Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?!
::Рост будам чун алиф монанди долам кардаи!
::Охир эй гардун, зади санги маломат бар сарам,
::Зери пои бешуурон поймолам кардаи!
::Аз чи ру, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод,
::Куръаи беэътибориҳо ба фолам кардаи?!
::Аз ту, эй ноҳид, гуфторам навои тоза дошт
::В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъкуб лолам кардаи!
::Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун,
::Аз чи дар рӯзи азал қисмат камолам кардаи?!
::Буд дар ойинаи ман акси сад маъни дучор,
::Занги ғам бар рӯи миръоти хаёлам кардаи!
::Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол,
::Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаи!
::Хамдамонам нокасони гулу аз дониш тихи,
::Сӯҳбати донишварон амри мухолам кардаи!
::Дар ҳавои мушикофи Туғралам пар мезанад,
::То ту эй гардун, маро дур аз висолам кардаи!
 
*[[Фироқнома]]
*[[Соқинома]]
 
Охирин асаре, ки окои Султон Сафар профессор, дромнавис ва ҳунаршиноси маъруф бо шоъир Қутби Киром навишт ба зиндагӣ ва осори Нақибхон Туғрал ихтисос дошт.<ref>http://www.bbc.co.uk/persian/tajikistan/story/2008/09/080916_sq-soltansafar-death.shtml Даргузашти Султон Сафар, дромнависи точик ''БиБиСи дастраси 10 апрели 2010''</ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
{{poet-stub}}
[[Category:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
Anonymous user

Менюи гаштан