Шоҳаншоҳии Кушонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.7.3) (робот илова карда истодааст: ar:إمبراطورية كوشان
MerlIwBot (баҳс | ҳисса)
х робот илова карда истодааст: als:Kuschana
Сатри 40: Сатри 40:
{{Link FA|la}}
{{Link FA|la}}


[[als:Kuschana]]
[[ang:Cuscan Rīce]]
[[ang:Cuscan Rīce]]
[[ar:إمبراطورية كوشان]]
[[ar:إمبراطورية كوشان]]

Нусха 14:48, 13 феврали 2013

Подшоҳии Кушониён ва мамлакатҳои зердасташ дар давраи ҳукмронии Канишка (асри II милодӣ)

Империяи Кушониён – давлати қадимест, ки тахминан дар асрҳои I – III милодӣ вуҷуд дошта сарзамини Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустони Шимоливу Туркистони Шарқиро фаро мегирифт.

Асосгузораш халқи бодиягарди ҳиндуэронии тахорӣ (хитоӣ - йуҷӣ)-ро ҳисоб мекунанд. Тахориҳо аз хуннҳо (с. 177 то милод) ва баъдтар аз қабилаи усунӣ (пас аз с. 155 то милод) шикаст хурда аз сарзамини Туркистони Шарқӣ ба Мувароуннаҳр муҳоҷират карданду подшоҳии Юнону Бохтарро барҳам доданд (с. 145 то милод). Соли 124 то милод тахориҳо зидди давлати Порт ҷанг карданду ба подшоҳи он – Артабони II (сс. 128 – 124 то милод) – ҷароҳати мӯҳлик расонданд. Пас аз он тахориҳо тамоми сарзамини Бохтарро забт карданд. Страбон дар «Ҷуғрофия»-и худ дар бораи он воқеаҳо ҳамин хел менависад: «Аксарияти скифҳо – аз баҳри Каспий сар карда – даҳҳо гуфта мешаванд. Қабилаҳоро, ки ба тарафи шарқ аз аз онҳо зиндагӣ мекунанд, массагетҳо ва сакоиҳо меноманд. Ҳамаи дигаронро скифҳо меноманд, ки он номи умумиашон ҳаст, лекин ҳар як қабилаашон низ номи махсус дорад. Ҳамаашон кӯчманчиён мебошанд. Аз ин кӯчманчиён махсусан онҳое машҳур гардиданд, ки аз юнониён Бохтарро кашида гирифтанд, яъне асиҳо, пасианҳо, тахориҳо ва сакараулҳо, ки аз ноҳияи соҳили дигари Яксарт кӯчида омаданд ва макони онҳо дар шафати сарзамини сакоиҳо ва инчунин хоки суғдиён ҷой дошт, ки дар дасти сакоиҳо буд».[1]

Тахориҳо аз бодиягардӣ тез даст кашида мардуми мутаваттин шуданду пешвои як қавмашон – кушониҳо (хитоӣ – Гуйшуан) – ки номаш Куҷула Кадфиз буд – тахминан дар асри 1-уми милодӣ чор вилояти дигари тахорӣ[2] зери таъсири худ дароварда подшоҳии калонро дар Бохтар ташкил кард. Худи вилояти Кушон тахминан дар сарзамини шимолтар аз Амударё (вилоятҳои Хатлону Сурхондарёи Тоҷикистону Ӯзбакистони ҳозира) воқеъ будаасту вилоятҳои йуҷии дигар сарзамини Афғонистони ҳозира ишғол менамуданд. Аз навиштаҷоти ҳиндизабоне рӯи сиккаҳо, ки аз номи Кадфиз зада буданд, мафҳум аст, ки футуҳоти Куҷула Кадфиз дар ҷануб сарзамини Ҳиндустонро расидаанд. Набераи Куҷула – Вима Кадфиз (ва ё Кадфизи II – тахминан охири асри 1-уму ибтидои асри 2-юми милодӣ) – истилогариҳои падарашро давом дода қисми зиёдтари Ҳиндустони Шимолӣ ба дасташ даровард. Аммо давраи равнақи баландтарини давлати Кушон ҳукмронии писари Вима Кадфиз – Канишка (тахминан асри 2-юми милодӣ) – будааст. Канишка ҳукуматашро қариб ки ба тамоми Ҳиндустони Шимолӣ, Покистон, Афғонистон, қисми бузурги Осиёи Миёна ва ба Туркистони Шарқӣ васеъ карду пойтахти давлаташро ба шаҳри Пешовар кӯчонд. Канишка ҳам дини буддоиро қабул карда ба паҳншавиаш ёрии бисёре расонд.

Заволи давлати Кушонро бо таҷовузи давлати ҷавони эронии Сосониён вобаста мекунанд. Муаррихи арабии Табарӣ менавишт, ки нахуст аз Сосониён Ардашери I (сс. 222/227 – 240 милодӣ) Марву Балху Хоразмро «то ҳудуди ақсои Хуросон» забт кардааст.[3] Гарчанде, ки баъзе таърихшиносон ба ин исботи Табарӣ эътимод намекунанд, мафҳум аст, ки давлати Кушон муборизаро зидди подшоҳии Сосониён бардошта натавонисту тахминан дар асри 3-юми милодӣ пароканда шуд.

Рӯйхати тахминии подшоҳони Кушон

Тангаи тиллоии Канишка бо тасвираш. Мӯҳри танга, ки бо ҳуруфоти юнонӣ-бохтарӣ навишта шудааст: "Шаонано шао Канешки Кошано", яъне "Шоҳаншоҳ Канишка Кушон"

Соли 1993 дар сарзамини Афғонистон (назди шаҳри Бағлон) як навиштаҷоти рӯисанг ёфта шуд, ки онро "Навиштаҷоти Работак" номиданд. Ин навиштаҷоти бохтарзабон подшоҳони аввалини Кушонро то Канишка номбар карда Куҷула Кадфизро чун бобокалонаш, Вима Такторо чун бобояш ва Вима Кадфизро чун падараш зикр мекунад.

1. Герай (асри I то милод, дар рӯи сиккаҳояш тасвир карда шудааст, эҳтимолан ҳокими вилояти Кушон буд - яке аз 5 вилояти мазкури йуҷӣ)

2. Куҷула Кадфиз (асри I милодӣ, хитоӣ - Киоҷӯкӯ, мувофиқи манбаъҳои хитоӣ 80-сола вафот ёфтааст)[4]

3. Вима Такто (охири асри I милодӣ, хитоӣ - Янгаоҷен)

4. Вима Кадфиз (ибтидои асри II)

5. Канишка (асри II)

Канишка ҳисоби нави солҳо аз оғози подшоҳиаш сар кардааст. Тӯли подшоҳиаш аз рӯи тақвими ӯ – солҳои 1 – 23.

6. Васишка (асри II, солҳои 23 – 29 аз рӯи «эраи Канишка»)

7. Хувишка (охири асри II)

8. Васудева (ибтидои асри III). Воқеаномаи хитоие сафоратеро аз подшоҳи йучӣ Po-t'iao зикр мекунад, ки соли 230 милодӣ ба дарбори қайсари хитоӣ Цао Жуй аз сулолаи Вей омада буд. Дар забони қадими хитоӣ ин ном чун Pua-d'ieu талаффуз карда шуда буду эҳтимолан ба номи Васудева мос меояд.

Пайнавиштҳо

  1. Страбон, География, Книга XI, 8, 2.
  2. Маъхазҳои хитоӣ исмҳои он вилоятҳоро нигоҳ доштаанд: Ҳӯмӣ, Шуанмӣ (Шуғнон?), Ситун ва Гаофу (Кобул?).
  3. Б. Ғафуров. Тоҷикон. Душанбе, 2008. С. 151.
  4. Воқеаномаи Хоу Хан-шу

Шаблон:Link FA