Ғужмкарам: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
Саҳифаи нав: thumbnail|Ғужмкарам '''Ғужмкарам''' (Brassica gemmifera), муғҷакарам, карами брюсселӣ, як...
(бе тафовут)

Нусха 04:31, 23 июли 2013

Ғужмкарам

Ғужмкарам (Brassica gemmifera), муғҷакарам, карами брюсселӣ, як навъ карам. Пояаш рост (дарозиаш 50 – 70 см), баргаш сабз (дарозиаш 18 – 40 см, бараш 18 – 32 см). Дар бехи пояаш то 30 – 40-то «каллакарам» (вазни умумиашон 200 – 700 г) мебандад. Бештар навъи миёнсолию дерпазаки Ғужмкарам – «Геркулес 1342»-ро мепарваранд. Дар Тоҷикистон дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ парвариш карда мешавад. Даври нашваш 8 – 10 моҳ. Онро охири тирамоҳ ҷамъоварӣ мекунанд. Дар таркиби Ғужмкарам моддаҳои барои организм муфид бисёранд. Он хусусан аз намакҳои минералии натрий (7 мг%), калий (500 мг%), калтсий (40 мг%), фосфор (110 мг%), оҳан (1,3 мг%), йод, аминокислотаҳо ва ферментҳо ғанӣ аст. Ғужмкарам ба миқдори зиёд сафедаҳои зудҳазм низ дорад. Дар таркиби Ғужмкарам миқдори витамини С нисбат ба диг. навъҳои карам 3 – 5 маротиба бештар аст. Витамини С дар мавриди нигоҳ доштани Ғужмкарам нест намешавад. Ғужмкарам бинобар калий, магний ва оҳан доштанаш барои одамони гирифтори амрози дилу рагҳо муфид аст. Ғужмкарам ғизои парҳезӣ мебошад. Истеъмоли он барои ашхосе, ки ҷарроҳӣ карда шудаанд, нафъ дорад. Бино ба баъзе маълумот Ғужмкарам захмро зуд ба ҳам меорад ва шифо мебахшад. Оби Ғужмкарам якҷоя бо оби сабзӣ, коҳу ва лӯбиё баҳри одамони гирифтори диабети қандӣ давои хуб маҳсуб мешавад. Аз Ғужмкарам таомҳои хушлаззат мепазанд[1].



Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Манбаъ

<references>

  1. Ғужмкарам аз Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/uzhmkaram/6-1-0-797