Раззоқ Ғаффоров: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Раззоқ Ғаффоров
 
Сатри 25: Сатри 25:


{{Тоҷикистон}}
{{Тоҷикистон}}
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ: Фарҳанги Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон]]

Нусха 12:09, 17 Декабри 2013

Шаблон:Зиндагинома


Раззоқ Ғаффоров (15.01.1932 – ваф. 25.05.2001), олими забоншинос, доктори илми филологӣ (1980), профессор (1986), узви вобастаи АИ ҶТ (1991). Узви ИН Тоҷикистон (аз с.1989), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989), “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (1992).

Ҳолнома

Дар д. Хоҷа Ғуломи н. Самарқанд ба дунё омадааст. Дар шӯъбаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории тоҷик, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар Самарқанд таъсис дода шуда буд, таҳсил намудааст (1947-1949). Муаллими мак. миёнаи д. Чоркӯҳи н. Исфараи Тоҷикистон ва қарияи Оҳалики н. Самарқанд (1949-1951), Донишгохи омӯзгории Самарқанд ба номи С.Айнӣ (1954-1959). С. 1959 бо даъвати маъмурияти ИЗА ба номи Рӯдакии АФ Тоҷ. ба Сталинобод омадааст: ход. хурди илмии шӯъбаи забони адабии тоҷик (1959-1965), муд. шӯъбаи лаҳҷашиноси (1965-92) Институти ЗА ба номи А. Рӯдакии АФ Тоҷикистон.

Мероси илмӣ

Муаллифи бештар аз 300 асару мақолаи илмӣ ва мон., аз ҷумла “Забон ва услуби Раҳим Ҷалил” (1966), “Замон ва забон” (1975), “Устоди бузурги сухан” (1978), “Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” (қ.3 “Синтаксиси ҷумлаи содда”, 1979), “Синтаксиси лаҳҷаҳои тоҷикӣ” (1993), “Наттоқ ва устоди калом” (1999), яке аз муаллифони китоби дарсии “Услубшиносӣ дар мактаби миёна ва олӣ”, китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ барои факултаи филология”, “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, асари 5-ҷилдаи “Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ”, ки барои он бо чанд тан аз ҳамкорон ва шогирдон сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст (1989). Раиси Шӯрои дифои рисолаҳои док. ва номз. ИЗА ба номи Рӯдакии АФ ҶТ (1989-1993). С. 1992 маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А.Навоӣ барои таҳкими фак. филологияи тоҷик ӯро ба кор даъват намуд, ки дар он ҷо то охири умр муд. каф. заб. тоҷ. буд. 15 нафар унвонҷӯ зери роҳбариаш рисолаи номз. дифоъ кардааст. Ба номи ӯ Омузишгоҳи омӯзгории Хуҷанд гузошта шудааст.

Адабиёт

Энсиклопедияи советии РСС Тоҷикистон. Ҷилди 2. – Душанбе, 1989.