Ноҳияи Исфара: Тафовут байни таҳрирҳо
х Bot: Migrating 8 interwiki links, now provided by Wikidata on d:q2474029 (translate me) |
No edit summary Барчасб: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ |
||
Сатри 71: | Сатри 71: | ||
== Мардум == |
== Мардум == |
||
Мардуми Исфара ба яке из ширинтарин |
Мардуми Исфара ба яке из ширинтарин лаҳҷаҳои забони [[забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]] сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Исфара 222 600 тан ҷамъият дошт. |
||
== Бахшбандӣ == |
== Бахшбандӣ == |
Нусха 15:08, 21 Январ 2014
Ноҳияи Исфара | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Суғд |
Марказ: | Исфара |
Замони таъсис : | 31 январи 1927 |
Раиси ноҳия: | Ашуров Субҳониддин |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 835,9 км² |
Шумораи шаҳрҳо : | 1 |
Шумораи шаҳракҳо : | 3 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 9 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2009) : | 222 600 кас |
Зичии аҳолӣ : | 288,8 кас/км² |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, узбакӣ, қирғизӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | IR |
ISO-намоя : | TJ.SU.IR |
Пешшумора : | +992 3462 |
Нишонии почта : | 735920 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | http://www.isfara.com/isfara |
Шумораи мошинҳо : | 02РТ |
Ноҳияи Исфара (форсӣ: ناحیۀ اسفره) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳри Исфара (форсӣ: اسفره) аст ки 108 км шарқтар аз шаҳри Хуҷанд дар каронаи рӯди Исфарасой ҷойгир аст. Аз Исфара то Душанбе 410 км роҳ аст.
Ҷойгоҳ
Ноҳияи Исфара бо сарзамине 835,9 км² дар доманаи кӯҳсори Туркистон дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Фарғонаи Узбакистон, дар шарқ ва ҷануб — бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва дар ғарб — бо ноҳияи Конибодом аз бахшҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.
Мардум
Мардуми Исфара ба яке из ширинтарин лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Исфара 222 600 тан ҷамъият дошт.
Бахшбандӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Исфара 1 шаҳр, 3 шаҳрак (Шӯроб, Нафтобод, Ким) ва 9 ҷамоат дорад[1]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Исфара[2] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шаҳри Исфара | 37 922 | ||||||||||
Навгилем | 28311 | ||||||||||
Хонобод | 9614 | ||||||||||
Кӯлканд | 17732 | ||||||||||
Шаҳрак | 13991 | ||||||||||
Чилгазӣ | 12150 | ||||||||||
Лаккон | 5514 | ||||||||||
Сурх | 10396 | ||||||||||
Чоркӯҳ | 28846 | ||||||||||
Ворух | 23121 |
Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Исфара Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Исфара Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Исфара барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод
Ноҳияи Исфара 20 корхонаи саноатӣ, 392 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 368 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 4,3 ҳазор га, аз ҷумла 4,3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу (картошка) аст.
Таърих
Ин ноҳия 31 январи соли 1927 дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Узбакистон таъсис ёфта аст. Дар моҳи октябри соли 1929 бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон шуд.
Пайнавиштҳо
- ↑ Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 22 июни 2010 санҷида шуд.
- ↑ Бахшбандии вилояти Суғд. UN Coordination, Tajikistan. 22 июни 2010 санҷида шуд.