Ноҳияи Исфара: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасб: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасб: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ
Сатри 75: Сатри 75:
== Бахшбандӣ ==
== Бахшбандӣ ==


Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Исфара 1 шаҳр, 3 шаҳрак ([[Шӯроб]], [[Нафтобод]], [[Ким]]) ва 9 [[ҷамоат]] дорад<ref>{{cite web|url=http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls|title=Феҳристи ҷамоатҳо|publisher=UN Coordination, Tajikistan|accessdate=June 22, 2010}}</ref>:
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Исфара 1 шаҳр, 3 шаҳрак ([[Шӯроб]], [[Нафтобод]], Нурафшон [[Ким]]) ва 9 [[ҷамоат]] дорад<ref>{{cite web|url=http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls|title=Феҳристи ҷамоатҳо|publisher=UN Coordination, Tajikistan|accessdate=June 22, 2010}}</ref>:
{| class="wikitable" width= "50%"
{| class="wikitable" width= "50%"
|-
|-

Нусха 15:11, 21 Январ 2014

Ноҳияи Исфара
Ноҳияи Исфара дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Суғд
Марказ: Исфара
Замони таъсис : 31 январи 1927
Раиси ноҳия: Ашуров Субҳониддин
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 835,9 км²
Шумораи шаҳрҳо : 1
Шумораи шаҳракҳо : 3
Шумораи ҷамоатҳо : 9
Мардум
Аҳолӣ (2009) : 222 600 кас
Зичии аҳолӣ : 288,8 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ, қирғизӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : IR
ISO-намоя : TJ.SU.IR
Пешшумора : +992 3462
Нишонии почта : 735920
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : http://www.isfara.com/isfara
Шумораи мошинҳо : 02РТ

Ноҳияи Исфара (форсӣ: ناحیۀ اسفره‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳри Исфара (форсӣ: اسفره‎) аст ки 108 км шарқтар аз шаҳри Хуҷанд дар каронаи рӯди Исфарасой ҷойгир аст. Аз Исфара то Душанбе 410 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Исфара бо сарзамине 835,9 км² дар доманаи кӯҳсори Туркистон дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Фарғонаи Узбакистон, дар шарқ ва ҷануб — бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва дар ғарб — бо ноҳияи Конибодом аз бахшҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.

Мардум

Мардуми Исфара ба яке из ширинтарин лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Исфара 222 600 тан ҷамъият дошт.

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Исфара 1 шаҳр, 3 шаҳрак (Шӯроб, Нафтобод, Нурафшон Ким) ва 9 ҷамоат дорад[1]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Исфара[2]
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳри Исфара 37 922
Навгилем 28311
Хонобод 9614
Кӯлканд 17732
Шаҳрак 13991
Чилгазӣ 12150
Лаккон 5514
Сурх 10396
Чоркӯҳ 28846
Ворух 23121

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Исфара Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Исфара Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Исфара барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод

Ноҳияи Исфара 20 корхонаи саноатӣ, 392 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 368 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 4,3 ҳазор га, аз ҷумла 4,3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу (картошка) аст.

Таърих

Ин ноҳия 31 январи соли 1927 дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Узбакистон таъсис ёфта аст. Дар моҳи октябри соли 1929 бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон шуд.

Пайнавиштҳо

  1. Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 22 июни 2010 санҷида шуд.
  2. Бахшбандии вилояти Суғд. UN Coordination, Tajikistan. 22 июни 2010 санҷида шуд.

Ҳаволаҳо