Абдулмалики I: Тафовут байни таҳрирҳо

Jump to navigation Jump to search
no edit summary
х (Робот ислоҳ кара истодааст, replaced: Ў → ӯ (8) using AWB)
No edit summary
'''Абдумалики I ибни Нӯҳ''' ([[954]]-[[961]]) замоне, ки амири [[Сомониён]] шуд, ҳамагӣ даҳсола буд. ӯӮ аз падар кишвари ошуфтаву бесомонро ба мерос гирифт. Вазъияти ноороми кишварро дида, дар гӯшаву канор мулкҳои зиёде даъвои истиқлол карданд. Гузашта аз ин, ин вазъ аъёни дарборро низ густох карда, қудрати амирони сомониро дар чашмашон ночиз ҷилва медод.
 
Абдумалики I бо халифаи аббосӣ муносибати хубро ба роҳ монда, пас аз солҳои тӯлонӣ хутбаро бо номи халифа Мутеъ хонд. Ҳамчунон ин амири сомонӣ барои поён бахшидан ба низои даҳсолаи Сомониёну Бувайҳиён соли [[955]] қарордоди сулҳ имзо кард, вале ин қарордод ба фоидаи [[Сомониён]] набуд. Марги Абӯалии Чағонӣ (соли [[955]]) ҳам фурсате дигар барои қомат рост кардани Сомониён фароҳам овард. Қудрати саркардаҳои ҳарбии турк аз ҷумла Алптегин ба ҳадде расид, ки дар давоми панҷ сол чор вазирро барканор сохт.
25 886

edits

Менюи гаштан