Тахаллус: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
Саҳифаи нав: '''Тахаллус''' (аз арабӣ халос шудан) 1) дар илми бадеи классикии форс-тоҷик як ҷузъи қасидаи мадҳ...
(бе тафовут)

Нусха 16:38, 12 октябри 2014

Тахаллус (аз арабӣ халос шудан) 1) дар илми бадеи классикии форс-тоҷик як ҷузъи қасидаи мадҳӣ, номи дигари гурез; 2) лақаб ё номи иловагии махсуси шоир дар шеър, ки тадриҷан бо он ном машҳур гардида бошад. Масал, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Кисоӣ, Фаррухӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон. Анъанаи тахаллусгузорӣ дар шеъру адаби муосири тоҷик низ давом дорад (Лоҳутӣ, Пайрав, Деҳотӣ, Шукӯҳӣ, Фарҳат ва дигарон)[1].


Манбаъ

  1. Тоиров У. Энциклопедияи адабиёт ва санъат, ҷилди 3. Душанбе 2004