Энергетикаи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х тахрир
х таҳрир
Сатри 25: Сатри 25:




1.8 [[НБО - Қайроққум]] – бо иқтидори 126 МВт, дар Сирдарё
1.8 [[НБО Қайроққум]] – бо иқтидори 126 МВт, дар Сирдарё





Нусха 19:00, 4 Январ 2015

Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори нерӯгоҳҳои барқии обӣ - 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ - 527 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштӯмро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

1.1. НБО Норак – бо иқтидори 3000 МВт, дар дарёи Вахш


1.2. НБО Бойғозӣ– бо иқтидори 600 МВт, дар дарёи Вахш


1.3. НБО Сангтӯда – 1 – бо иқтидори 670 МВт, дар дарёи Вахш


1.4. НБО Сангтӯда-2 - бо иқтидори 220 МВт, дар дарёи Вахш


1.5. НБО Сарбанд – бо иқтидори 240 МВт, дар дарёи Вахш


1.6. НБО Шаршара – бо иқтидори 29,9 МВт, дар дарёи Вахш


1.7. НБО Марказӣ – бо иқтидори 15,1 МВт, дар дарёи Вахш


1.8 НБО Қайроққум – бо иқтидори 126 МВт, дар Сирдарё


1.9. Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб-1, НБО Варзоб-2 ва НБО Варзоб-3) - бо иқтидори умумии 25.7 МВт., дар дарёи Варзоб


1.10. НБО Хоруғ - бо иқтидори 9 МВт, дар дарёи Ғунд

1.11. Силсилаи НБО – и хурд.

Имрӯз дар Тоҷикистон сохтмони НБО Роғун – бо иқтидори 3600 МВт ва якчанд НБО – и хурд бо кӯмаки инвеститсионии давлату хазинаву бонкҳои хориҷӣ идома ёфта истодааст. Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн.кВт. соатро ташкил дод. Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз моҳҳои октябрь то май давом мекунад. Дар ин мӯҳлат бо карори Ҳукумати Тоҷикистон барои муассисаю корхонаҳо ва хонадони аҳолии шахру нохияхои ғайри пойтахт – ш. Душанбе, якчанд сол аст (аз миёнаи солҳои 90-ӯми сари XX то имрӯз [соли 2015]), ки лимити истифодаи барқ ҷорӣ карда мешавад. Ин амал барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти саломатии аҳолӣ зарар мерасонад.

Сохтмони НБО Роғун – бо иқтидори 3600 МВт аз нав дар соли 2010 сар шудааст. Ба истифода супоридани якчанд НБО – и хурд ва махсусан НБО Роғун норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон бартараф хоҳад шуд.