Фарқият байни намунаҳои "Устура"

Jump to navigation Jump to search
no edit summary
[[File:Untash Napirisha stele Louvre Sb12.jpg|alt=Нақши барҷастаи эломӣ: Дар ин тасвир зане бо пойҳои шабеҳ ба думи моҳӣ морҳое дар даст дорад. Думи моҳӣ зоҳиран аз мазоҳири асотирии эламиён буда ва хате дар нақшҳои давраи Ҳахоманишӣ ба вижа дар Посоргот нишонаҳои он дида мешавад.|thumb|Нақши барҷастаи эломӣ: Дар ин тасвир зане бо пойҳои шабеҳ ба думи моҳӣ морҳое дар даст дорад. Думи моҳӣ зоҳиран аз мазоҳири асотирии эламиён буда ва хате дар нақшҳои давраи Ҳахоманишӣ ба вижа дар Посоргот нишонаҳои он дида мешавад.]]
[[File:SchoolOfTabriz4.jpg|alt=Набарди Исфандиёр бо гургҳо дар ҷараёни ҳафт хон. Исфандиёр шоҳаншоҳи Каёнӣ ҳаст, ки ба ривояте дорои руинтанӣ буда.|thumb|Набарди Исфандиёр бо гургҳо дар ҷараёни ҳафт хон. Исфандиёр шоҳаншоҳи Каёнӣ ҳаст, ки ба ривояте дорои руинтанӣ буда.]]
'''АСОТЍР''' ([[Забони арабӣ|ар.]] – '''أساطیر''' ҷамъи [[устура]]; [[ривоят]], [[гуфтор]], [[қисса]]), шакли шуури ҷамъиятӣ, усули дарки воқеият дар ибтидои ҷомеаи инсонӣ; ривоёти мансуру манзум дар бораи амали эзадон ва қаҳрамонон, ки ба худоҳо ва арвоҳ такя доштанд. Дар асот асотир бо ривоят, афсона ва дин иртибот дорад. Ривоят он осори эҷоди мардумиро мегӯянд, ки бо воқеоти таърихӣ пайвандӣ доранд, масалан, бунёди шаҳрҳо (Фив, [[Рим]], Раҳо, Гундишопур), ҷангҳо, ашхоси таърихӣ ва ғайра Мавзӯи асотир ба маънои аслии калима на шахсияту воқеаҳои таърихӣ, балки падидаҳои табиатанд. Вале дар рафти инкишофи асотир чунин сарҳадгузорӣ на ҳамеша риоя шудааст. Масалан, устураи сафари Аргонавтҳо, Тӯфони Нӯҳ эҳтимол заминаи таърихӣ доранд ва аз ҳамин сабаб дар адабиёт баъзан бо асотиру афсонаву ривоят омехта мешаванд. <br/>
Ҳаддгузории асотир бо афсона боз ҳам душвортар аст. Баъзе муҳаққиқон барғалат асотирро бо афсона омехта мекунанд. Умумияти устураву афсона дар он аст, ки дар ҳар ду таҷассуми падидаҳои олам ё хосияти инсонӣ ҷой доранд. Ҳам дар асотир ва ҳам дар афсона падидаҳои олам, ҳайвонот, ашё ҳамчун инсон тасвир мешаванд ва мисли инсон рафтор мекунанд. Вале асотир аз афсона тафовути ҷиддӣ дорад. Аввал ин ки дар асотир одамон ба воқеият, ҳақиқати чизе ки нақл мешавад, бовар доранд. Ғайр аз ин, афсона бар хилофи асотир бо маросим ва парастиш иртибот надорад. Дуюм, хусусияти фарқкунандаи асотир аз афсона ҷиҳати ташреҳи (этиологӣ)-и асотир аст. Афсона барои вақтхушӣ, ё барои панду насиҳат нақл мешавад, вале чизеро таъбир намекунад. асотир баръакс, бо воқеияти муҳит дар тамос аст ва онро шарҳ медиҳад. <br />

Менюи гаштан