Мучал: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Солшумории дувоздаҳгонаи мучал
 
х иловаи гурӯҳ
Сатри 63: Сатри 63:




[[Гурӯҳ:Солшуморӣ]]
[[Гурӯҳ:Гоҳшуморӣ]]

Нусха 18:54, 2 марти 2015

Солшумории дувоздаҳгонаи мучал, ки дар кӯҳистони тоҷик бо номи «сол» машҳур аст, аз замонҳои бостон корбурд мешавад. Рӯзгори дувоздаҳсола банавбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, ки ба гуфти мардумонамон 6 ҳалолу 6 ҳаром аст.

Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ бар усулҳои нав поя гирифтааст, вале ҳамоно барои таърих, муайян намудани замони зисти падару модар, бобою бибӣ ва дигар ниёгонамон солбарории дувоздаҳгона даркор аст. Агар фаромӯш накарда бошед, дар китоби «Дар ҷустуҷӯйи Карим-Девона»-и шодравон Ҳабибулло Назаров муаллиф маҳз бо кӯмаки солбарорӣ замони зист ва рӯзгори мардони таърихии водии Ҳисорро бознигорӣ кардааст. Барои мучал ҷадвалҳои гуногун сохта ва корбурд мешаванд. Лекин ман бароятон усулеро пешниҳод мекунам, ки бе ягон ҷадвал мучалҳоро барои ҳар кадом сол аз садаи I то садаи XXI солшумории хуршедии исавӣ метавонед муайян карда бошед.

1. Пеш аз ҳама бояд ин рубоиро азёд намоем ва шумораи тартибии солҳоро азбар намоем:

Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор,
Он гоҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Яъне,

  1. Муш,
  2. Бақар,
  3. Паланг,
  4. Харгӯш,
  5. Наҳанг,
  6. Мор,
  7. Асп,
  8. Гӯсфанд,
  9. Ҳамдуна,
  10. Мурғ,
  11. Саг,
  12. Хук аст.

2. Аз соли матлуб 3 якиро кам карда посухи онро ба 12 бахш мекунем. Бозмондаи (бақияи) бахш худ шумораи тартибии соли мучал аст.

Барои намуна: Соли 2014

(2014-3):12=167 ва 7 бозмонда (бақия). 7 – шумораи тартибии Асп аст.

Соли 1917

(1917-3):12=159 ва 6 бозмонда (бақия). 6 — шумораи тартибии Мор аст.

Соли 1932

(1932-3):12=161 ва бозмонда (бақия) 9 аст. 9 – шумораи тартибии Ҳамдуна аст.

Соли 1878 (зодсоли С. Айнӣ)

(1878-3):12=156 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 – шумораи тартибии Паланг аст.

Соли 858 (зодсоли Одамушшуаро Рӯдакӣ)

(858-3):12=71 ва бозмонда (бақия) 3 аст. 3 – шумораи тартибии Паланг аст.

3. Дониста ва огоҳ бошед, ки соли ҳар як ҷонвар дар Осиёи Пеш ва Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, аз Соли нави ҳақиқӣ (Наврӯз) оғоз меёбад, на аз оғози Соли нави исавӣ.

Бинобар ин, ақидаи вақтҳои охир маъмулгашта, ки масалан, соли Асп гӯё аз 01.01.2014 оғоз меёбад, хатост. Ҳол он ки соли Асп аз Наврӯзи соли 2014 сар шуда, то Наврӯзи соли 2015 давом мекунад.[1]

Пайвандҳои беруна

Манобеъ

  1. Солатон чист?