Бобо Ҳоҷӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х иловаи акс
х →‎Манобеъ: илова
Сатри 39: Сатри 39:
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ходими шоистаи маданияти РСС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон]]
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]

Нусха 16:25, 31 марти 2015

Шаблон:Зиндагинома Бобо Ҳоҷӣ - (1 майи с. 1928, деҳаи Похути ноҳияи Айнӣи Тоҷикистон), шоир, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз с. 1954. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1988). БОБÒ ҲОҶӢ (тахаллус; ном ва насаби аслиаш Ҳоҷизода Бобо; таваллуд. 1 майи с. 1928 деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ).

Зиндагинома

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1951). Корманди оӯзномаҳои «Ком­сомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи «Машъал» (1951–1962), муҳарри­ри калони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962–1967). Солҳои 1967–1987 дар муассисаҳои нашриявии «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб» муҳаррири калон буд. Аз с. 1988 бознишаста ва машғули кори эҷодист. Шеъри аввалинаш с. 1949 ба табъ расидааст. Мавзӯи маҷмӯаҳои «Изҳори муҳаббат» (1962), «Гули Хуршед» (1964), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Нони ҳалол» (1978), «Паймона», «Дурри ятим» (ҳар ду 1986), «Обилаи дил» (2002), «Гули шому саҳар» (2004), «Соябони сар»-и (2008) Бобо Ҳоҷӣ ватандорӣ, сулҳу ваҳдат, инсондӯстӣ, тантанаи ғояҳои ҳаёти нави сотсиалистӣ, васфи манзараҳои табиати кӯҳистон, шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, ситоиши аҳли заҳмат ва ғ. мебошад. Ашъори дар маҷмӯаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1962), «Соябони сар» (2008) фароҳам омадаро Бобо Ҳоҷӣ махсус барои бачагон иншо намудааст, ки дар онҳо ҳаёт, тарзи зиндагӣ, орзую умеди насли наврас ифода ёфтааст. Шеърҳои барои бачагон, талабаҳои синфҳои ибтидоӣ эҷоднамудаи ӯ дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна ҷой гирифтаанд. Дар ашъори ҳаҷвии «Қарсак аз ду даст» (1982) ашхоси бадгуҳар, мансабдорони ноуҳдабаро ва чолпусро бо ҳаҷви тезу тунди нишонрас мавриди сарзаниш қарор додааст. Шеърҳои ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Признание в любви» (1970), «Честный хлеб» (1987) фароҳам омадаанд. Чанде аз шеърҳояш ба дигар забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС ва хориҷӣ (англисию чехӣ) тарҷума шудаанд. Инчунин Бобо Ҳоҷӣ ба навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ, публитсистӣ, очерку лавҳа ва хотирот машғул аст. Намунаҳои ашъори Н. Некрасов, С. Есенин, Л. Украинка, Абай, А. Сурков, М. Исаковский, С. Михалков, Зулфия ва дигар, инчунин мухтасари ҳамосаи Ҳинди Қадим «Рамаяна»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Бо нишони тилои Кумитаи муҳофизони сулҳи ИҶШС, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эҷодиёт

Нахустин шеърҳои Бобо Ҳоҷӣ соли 1949 нашр шудаанд. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърҳо барои кӯдакон:

  • "Раҳмат ба Ватан" (1958),
  • "Бузи айнакдор" (1961),
  • "Водии шукуфон " (1965),
  • "Признание в любви" (1970) (забони русӣ)
  • "Гурбаи гелосбон" (1971),
  • "Райҳон" (1980).

Инчунин, Бобо Ҳоҷӣ муаллифи якчанд маҷмӯаҳои шеърҳои тоҷикӣ ва забони русӣ мебошад. Якчанд очеркҳои ӯ ба монанди

  • "Гули ҳафтранг" (1969),
  • "Хандаи маҳтоб" (1976),
  • "Паймона" (1986),
  • "Дурри ятим" (1988),
  • "Нони ҳалол" (1987),
  • "Пешдаргирон" (1998),
  • "Обилаи дил" (2002),
  • "Гули шому саҳар" (2004),
  • "Соябони сар" (2008),
  • "Кулоҳи коку" (2011) дар маҷмӯаҳои алоҳида нашр шудаанд.

Манобеъ

  • Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Ҷилди I (А – ГАВҲАР)|| 1978 || ЭСТ. Ҷилди I [1]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2