Театри Лоҳутӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎Таърих: илова
х илова
Сатри 3: Сатри 3:
[[Акс:Ҳунарпешагони Тоҷикистон .JPG|right|thumb|Ҳунарпешаҳои театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]]
[[Акс:Ҳунарпешагони Тоҷикистон .JPG|right|thumb|Ҳунарпешаҳои театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]]
'''Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ''' – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти [[Тоҷикистон]] – ш. [[Душанбе]] ҷойгир аст.
'''Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ''' – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти [[Тоҷикистон]] – ш. [[Душанбе]] ҷойгир аст.

== Таърих ==
== Таърих ==
Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ яке аз театрҳои аввалини давлатӣ- касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи қарори Ҳукумати РСС Тоҷикистон, Комиссарияти Халқии Маорифи ҷумҳурӣ тобистони [[соли 1929]] ба ташкил намудани аввалин дастаи касбӣ-театрӣ шурӯъ кард. Асоси онро маҳфили ҳаваскорони аскарони сурхи аз артиш ҷавобшуда ташкил медод.

Сатри 17: Сатри 16:

Имрӯз Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ метавонад бо хатмкунандагони донишкада амсоли Шералӣ Абдулқайсов, Баҳодур Миралибеков, Фаррух Қосимов, Сабоҳат Қосимова, Саодат Азизова, Асалбек Назриев, Қиёмиддин Чақалов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Савринисо Сабзалиева, Исо Абдурашидов, Қурбони Собир, Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Нурулло Абдуллоев, Ортиқ Қодиров, Нуриддин Ҷаронӣ, Ғаюр Ашӯров, Давлат Убайдуллоев, Бобоҷон Ҳасанов, Лутфулло Давлатов, Муҳаммадҷон Шодиев, Салоҳиддин Шукуров, Латофат Барзиева, Малоҳат Абдуллоева, Майрам Турсунова, Султонмурод Бобомуродов ва чандин тани дигаре фахр кунад.

== Ҳунарпешаҳои унвондор ==
== Ҳунарпешаҳои унвондор ==

===Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон===
===Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон===

* [[Нурулло Абдуллоев]]
* [[Нурулло Абдуллоев]]
* [[Исо Абдурашидов]]
* [[Исо Абдурашидов]]
Сатри 46: Сатри 42:
* [[Зулхумор Иброҳимова]]
* [[Зулхумор Иброҳимова]]
* [[Давлат Убайдуллоев]]
* [[Давлат Убайдуллоев]]
===Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон===
===Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон===

* [[Маҳмадҳаким Мамадзоҳиров]]
* [[Маҳмадҳаким Мамадзоҳиров]]
*
*
Сатри 59: Сатри 54:
*
*
* [[Латофат Барзиева]] <ref>[http://vfarhang.tj/index.php?view=data_links&link=teatri_davlatii_akademii_dramavii_ba_nomi_abulkosim_lohuti Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]</ref>

==Ҳунарпешаҳои маъруф==
==Ҳунарпешаҳои маъруф==
* [[Аслӣ Бурҳонов]]
* [[Аслӣ Бурҳонов]]
Сатри 76: Сатри 70:
* [[Равшан Тӯрабеков]]
* [[Равшан Тӯрабеков]]
* [[Башоратхон Тоҷӣбоева]]
* [[Башоратхон Тоҷӣбоева]]

== Асарҳои таҳияшуда ==
== Асарҳои таҳияшуда ==
Аз ибтидо то соли 2014 саҳнаи Театри академӣ- драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутро инчунин асарҳои оламшумули драматургияи Ғарб зебу зиннат доданд:

* «Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «ШоҳЛир»-и В.Шекспир,
Солҳои 2009- 2010:
* «Макр ва муҳаббат», «Роҳзанҳо»-и Ф.Шиллер,
* «Эзоп»-и Г.Фигерейдо, «Хонадони Бернардо Алба»-и Г.Лорка,
* «Раъду барқ»-и Тсао Юй,
* «Хизматгори ду хоҷа», «Соҳибаи меҳмонхона», «Моҷаро дар Киоза»-и К.Голдони,
*
* «Бемори хаёлӣ», «Дон Жуан»-и Ж.Б. Молйер,
* «Зуҳури Сӯҳроб»-и А.Фирдавсӣ,
* «Чашмаи гӯсфандон»-и Лопе де Вега,
*
* «Шоҳ-гавазн»-и К.Готси,
* «Шов-шов»-и Ҷ. Қуддус ва Н.Қосим,
* «ШоҳЭдип»-и Софокл, «Саид»-и П.Корнел,
*
* «Антигона»-и Жан Ануй, «Медея»-и Эврипид
* «Маликаи Турондухт» и К.Готси,
80 соли сипарӣ барномаи Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутиро беҳтарин асарҳои драмнависони миллӣ рангин сохтанд.
*
«Калтакдорони сурх», «Рӯдакӣ», «Шодмон», «Гавҳари шабчироғ», «Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода,
* «Дод аз дастиАфандӣ»-и Ғ. Ашуров,
* «Рустам ва Сӯҳроб», «Ҳуррият», «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло,
*
* «Дил-дили Зайнаб»-и Шамсӣ Қиёмов ва Анна Мороз,
* «Маро бикуш, азизам»-и А.Несин,
* «Хонаи Нодир», «Дили сӯзон», «Гарнизон таслим намешавад», «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ,
*
* «Шаҳри ман», «Корвони бахт» «Қишлоқи тиллоӣ»-и Мирсаид Миршакар,
* «Ганҷи ранҷ»-и Т.Аҳмадхонов
* «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», «Ҳукми модар»-и Файзулло Ансорӣ,

* «Орзу», «Дасти дӯст»-и Меҳрубон Назаров,
* «Қиссаи аҷибу ғариб» «Баҳроми Чӯбина, «Чаманзори ваҳдат»-и Тӯрахон Аҳмадхонов,
* «Лаҳзаи ҷовид», «Захми забон», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и Меҳмон Бахтӣ,
* «Беватан», «Ҳақиқати талх»-и Султон Сафаров,
* «Бо имзои Ленин»-и Абдусалом Атобоев,
* «Саодат»-и Саидсултон Саидмуродов ва Муҳаммадҷон Рабиев,
* «Рустам ва Сӯҳроб»-и Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн,
* «Кӯпрук»-и Фотеҳ Ниёзӣ, «Тӯй»-и Самад Ғанӣ,
* «Ибтидо»-и Ато Ҳамдам,
* «Ғуруби Аҷам», «Хоҷа сагпараст»-и Ҷумъа Қуддус,
* «Кабки қафас»-и Т.Зулфиқоров,
* «Драмаи миллат»-и Сафармуҳаммад Аюбӣ,
* «Паёми зардушт»-и Нур Табаров,
* «Искандари Зулқарнайн ва Спитамен»-и Барот Абдураҳмонов,
* «Ҷияни хира», «Тахти Султонмаҳмуд»-и Шодӣ Солеҳ,
* «Афсонаҳои мӯйсафед», «Мусофир ё «Куҷо равонаем»-и Нурулло Абдуллоев»,
* «Парвози сабзабаноз»-и Маҳмадалӣ Муҳаммадиев,
* «Парвози Шоҳин»-и Ато Ҳамдам ва Р.Ҳодизода,
* «Гурги нодон»- Ғаюрбек Ашӯров,
* «Шов-шов»-и Ҷ. Қуддус ва Н.Қосим,
* «Дод аз дастиАфандӣ»-и Ғ. Ашуров,
* «Ганҷи ранҷ»-и Т.Аҳмадхонов ва диг.
== Манобеъ ==
== Манобеъ ==
* Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010
* Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2010
* [[Ҳоҷиқул Раҳматуллоев (Китоб)|Нурҷонов Низом. Ҳоҷиқул Раҳматуллоев.–Душанбе: Эҷод, 2005.– 216 с.]]
* [[Ҳоҷиқул Раҳматуллоев (Китоб)|Нурҷонов Низом. Ҳоҷиқул Раҳматуллоев.–Душанбе: Эҷод, 2005.– 216 с.]]
* [[Ҷаҳони Марям (Китоб)|Шарифов Холмурод. Ҷаҳони Марям. – Душанбе: Адиб, 2011. – 40 с.]]
* [[Ҷаҳони Марям (Китоб)|Шарифов Холмурод. Ҷаҳони Марям. – Душанбе: Адиб, 2011. – 40 с.]]
[[Гурӯҳ:Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
{{ҷавона}}
[[Гурӯҳ:Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]]
[[Гурӯҳ:Муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Театрҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Театрҳои Тоҷикистон]]

Нусха 15:10, 19 май 2015

Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ

Акс:Teatri Davlatii Akademi-Dramavii ba nomi Abulqosim Lohuti s.jpg
бинои театр дар Душанбе
Ҳунарпешаҳои театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ

Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр дар пойтахти Тоҷикистон – ш. Душанбе ҷойгир аст.

Таърих

Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ яке аз театрҳои аввалини давлатӣ- касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи қарори Ҳукумати РСС Тоҷикистон, Комиссарияти Халқии Маорифи ҷумҳурӣ тобистони соли 1929 ба ташкил намудани аввалин дастаи касбӣ-театрӣ шурӯъ кард. Асоси онро маҳфили ҳаваскорони аскарони сурхи аз артиш ҷавобшуда ташкил медод. Ҳайати театри навбунёд аз ҳафт нафар иборат буд: актёрҳо Шариф Бақоев, Гулчеҳра Бақоева, Тӯбиё Бобоева, навозандагон Пӯлод Аҳмадов, Гулмирзо Ҳусейнов, Михаил Ягудоев, коргардон Ҳомид Маҳмудов (ӯ вазифаи директорро низ ба ӯҳда дошт). Нахустин коргардонҳои театрӣ, дорои маълумоти махсуси театрӣ, хатмкунандагони студияи Хонаи маърифати ӯзбекӣ дар шаҳри Маскав Ҳ. Маҳмудов, Ф.Умаров ва М.Саидов буданд.

Моҳи декабри соли 1939 мардуми Тоҷикистон 10-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро ҷашн гирифт, ки он ба даҳумин солгарди таъсиси театри драмавӣрост омад. Ин ҷашнвораҳо аз ҷониби театр бо пйесаҳои С.Улуғзода «Шодмон» (ноябри соли 1939 ба саҳна гузошта шуд, коргардон М.Саидов), «Отелло» (таҳияи Мителман соли 1939), пйесаи Д.Фурманов ва С. Поливанов «Исён» (таҳияи нав) пешвоз гирифта шуд. Соли 1939 Театри аввалини тоҷик унвони академӣ- драмавии ба номи устод А.Лоҳутиро ба худ гирифт ва фаъолияти бархе аз актёрон, аз қабили Ф Исматов, М.Қосимов, М.Саидов, Г.Бақоева, С.Тӯйбоева, А.Бурҳонов, О.Зиёев ба унвони Артисти шоистаи республика тақдир гардида Е.И.Мителиан ва оҳангсоз С.Баласянян сазовори унвони «Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон» дониста шуданд.

Соли 1964 театри мазкур аз байни театрҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон якумин шуда бо панҷ намоишномаи азим- «Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, «Ромео ва Ҷулйетта»-и В.Шекспир, «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А.Н.Островский, «Ҳукми Модар»-и Ф.Ансорӣва «Гавҳари шабчироғ»-и С. Улуғзода дар Театри Пуҳаннандории кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳунарнамоӣ кард. Сафари ҳунарӣ бо ширкати якҷояи ҳунарварони тоҷику афғон дар намоишномаи «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и бародарони афғон (ин асарро ҳангоми сафари хидматӣ ба Кобул Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ба саҳна гузошта буд) Кручинина-Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Т.Фозилова, Незнамов- Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ба поён расид. Ҳунарнамоии театри тоҷик бо музаффариятҳои калон гузашт.

Аз соли 1929 Ҳомид Маҳмудов, Фатҳулло Умаров, Миркарим Саидов, С.Саидмуродов, В.Тихонович, Я.Тоналский, аз соли 1937 то 1961 беш аз 20 сол театрро ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ, устоди актёрони наслҳои аввал ва дуввум Е.И.Мителман сарварӣ намуд. Баъд аз ӯ В.Я Лянге (1961-1964), Ф.И.Александрин (1964-1969), Ҳ.Раҳматуллоев (1969-1971), Х. Майбалиев (1971-1977), Н.К Детсик (1977-1981), Х. Майбалиев(1981-1995), М.Миров (1995-1998), Ф.Қосимов (1998-2000), Д.Убайдуллоев (2000-2004), Б.Миралибеков (2004-2008) ва аз соли 2008 И. Машрабов сарварӣ менамояд. Муҳаммадҷон Қосимов ва Миркарим Саидов, Абдураҳмон Саидов, София Тӯйбоева ва АслӣБурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ва Алиназар Хоҷаев, «Тӯҳфа Фозилова ва Гулчеҳра Бақоева, Тӯтӣ Ғафорова ва Хайрӣ Назарова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳамадҷонов ва Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов ва Майрам Исоева, Баҳодур Миралибеков ва Сорою Савринисо Сабзалиеваҳо, Мавлуда Обидова, Дилбар Умарова, Шералӣ Абдулқайсов ва Ибодулло Машрабов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Асалбек Назриев, Нурулло Абдуллоев, Қиёмиддин Чақалов, Саодат Азизова ва Фирӯз Умаров, Қурбони Собир ва дигарон бо назокату нафосати шарқиёна, бо ҳарорату зиндадилии тоҷикона, лаҳни ширини шоирона аз рӯи ақлу хирад ва фардияту ҳаётдонии хеш нақшҳои ҷовидонаро ба ҳаводорони театр тақдим намудаанд.

Имрӯз Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ метавонад бо хатмкунандагони донишкада амсоли Шералӣ Абдулқайсов, Баҳодур Миралибеков, Фаррух Қосимов, Сабоҳат Қосимова, Саодат Азизова, Асалбек Назриев, Қиёмиддин Чақалов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Савринисо Сабзалиева, Исо Абдурашидов, Қурбони Собир, Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Нурулло Абдуллоев, Ортиқ Қодиров, Нуриддин Ҷаронӣ, Ғаюр Ашӯров, Давлат Убайдуллоев, Бобоҷон Ҳасанов, Лутфулло Давлатов, Муҳаммадҷон Шодиев, Салоҳиддин Шукуров, Латофат Барзиева, Малоҳат Абдуллоева, Майрам Турсунова, Султонмурод Бобомуродов ва чандин тани дигаре фахр кунад.

Ҳунарпешаҳои унвондор

Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон

Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон

Ҳунарпешаҳои маъруф

Асарҳои таҳияшуда

Аз ибтидо то соли 2014 саҳнаи Театри академӣ- драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутро инчунин асарҳои оламшумули драматургияи Ғарб зебу зиннат доданд:

  • «Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «ШоҳЛир»-и В.Шекспир,
  • «Макр ва муҳаббат», «Роҳзанҳо»-и Ф.Шиллер,
  • «Эзоп»-и Г.Фигерейдо, «Хонадони Бернардо Алба»-и Г.Лорка,
  • «Хизматгори ду хоҷа», «Соҳибаи меҳмонхона», «Моҷаро дар Киоза»-и К.Голдони,
  • «Бемори хаёлӣ», «Дон Жуан»-и Ж.Б. Молйер,
  • «Чашмаи гӯсфандон»-и Лопе де Вега,
  • «Шоҳ-гавазн»-и К.Готси,
  • «ШоҳЭдип»-и Софокл, «Саид»-и П.Корнел,
  • «Антигона»-и Жан Ануй, «Медея»-и Эврипид

80 соли сипарӣ барномаи Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутиро беҳтарин асарҳои драмнависони миллӣ рангин сохтанд. «Калтакдорони сурх», «Рӯдакӣ», «Шодмон», «Гавҳари шабчироғ», «Алломаи Адҳам ва дигарон»-и Сотим Улуғзода,

  • «Рустам ва Сӯҳроб», «Ҳуррият», «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло,
  • «Дил-дили Зайнаб»-и Шамсӣ Қиёмов ва Анна Мороз,
  • «Хонаи Нодир», «Дили сӯзон», «Гарнизон таслим намешавад», «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ,
  • «Шаҳри ман», «Корвони бахт» «Қишлоқи тиллоӣ»-и Мирсаид Миршакар,
  • «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ», «Ҳукми модар»-и Файзулло Ансорӣ,
  • «Орзу», «Дасти дӯст»-и Меҳрубон Назаров,
  • «Қиссаи аҷибу ғариб» «Баҳроми Чӯбина, «Чаманзори ваҳдат»-и Тӯрахон Аҳмадхонов,
  • «Лаҳзаи ҷовид», «Захми забон», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и Меҳмон Бахтӣ,
  • «Беватан», «Ҳақиқати талх»-и Султон Сафаров,
  • «Бо имзои Ленин»-и Абдусалом Атобоев,
  • «Саодат»-и Саидсултон Саидмуродов ва Муҳаммадҷон Рабиев,
  • «Рустам ва Сӯҳроб»-и Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн,
  • «Кӯпрук»-и Фотеҳ Ниёзӣ, «Тӯй»-и Самад Ғанӣ,
  • «Ибтидо»-и Ато Ҳамдам,
  • «Ғуруби Аҷам», «Хоҷа сагпараст»-и Ҷумъа Қуддус,
  • «Кабки қафас»-и Т.Зулфиқоров,
  • «Драмаи миллат»-и Сафармуҳаммад Аюбӣ,
  • «Паёми зардушт»-и Нур Табаров,
  • «Искандари Зулқарнайн ва Спитамен»-и Барот Абдураҳмонов,
  • «Ҷияни хира», «Тахти Султонмаҳмуд»-и Шодӣ Солеҳ,
  • «Афсонаҳои мӯйсафед», «Мусофир ё «Куҷо равонаем»-и Нурулло Абдуллоев»,
  • «Парвози сабзабаноз»-и Маҳмадалӣ Муҳаммадиев,
  • «Парвози Шоҳин»-и Ато Ҳамдам ва Р.Ҳодизода,
  • «Гурги нодон»- Ғаюрбек Ашӯров,
  • «Шов-шов»-и Ҷ. Қуддус ва Н.Қосим,
  • «Дод аз дастиАфандӣ»-и Ғ. Ашуров,
  • «Ганҷи ранҷ»-и Т.Аҳмадхонов ва диг.

Манобеъ

  1. Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ