Талабхӯҷа Сатторов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Манбаъ: бот: ҳазф карда истодааст
Removing "Talab_Sattorov.jpg", it has been deleted from Commons by Ellin Beltz because: Copyright violation; see Commons:Licensing - Using VisualFileChange..
Сатри 2: Сатри 2:
|Номи тоҷикӣ= Талабшоҳи Саттор
|Номи тоҷикӣ= Талабшоҳи Саттор
|Номи аслӣ= Талабхӯҷа Сатторов
|Номи аслӣ= Талабхӯҷа Сатторов
|Акс= Talab Sattorov.jpg
|Акс=
|Зодрӯз= [[1953]]
|Зодрӯз= [[1953]]
|Зодгоҳ= деҳаи Гулзор [[ноҳияи Кӯлоб]]
|Зодгоҳ= деҳаи Гулзор [[ноҳияи Кӯлоб]]

Нусха 00:27, 20 августи 2015

Шаблон:Зиндагинома

Зиндагинома

Талабхӯҷа Сатторов, ё Талабшоҳи Саттор (1953 - 10 апрел 2007) оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1966), барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Борбад (1990), профессор (2000), раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва раиси нахустин Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003 - 2007) буд.

Зиндагинома

Ӯ дар рустои Гулзори ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон мутаваллид шуда ва фаъолияти корияш ҳам дар театри Саидалӣ Вализода дар шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст. Хатмкардаи Консерваторияии давлатии Маскав ба номи Петр Чайковский (1983), Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти эҷодии худро ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи мусиқии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (1983 - 1984) шурӯъ кардааст. Сипас ассистенти кафедраи оҳангсозии Консерваторияи давлатии Маскав (1984-1986), муҳаррири шӯъбаи мусиқии Телевизиони Тоҷикистон (1986 - 1989), муаллим, декани факулта ва ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаи Душанбе (1983 - 2003) буд. Ӯ соли 1998 раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб гардид. Шурӯъ аз соли 2003 муассис ва то охирин зарби қалб (2007) Талабхӯҷа Сатторов раиси (ректори) нахустин Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.

Эҷодиёт

Муаллифи оҳангҳои зиёде бо шумули квартети дутора, «Ғазал» (оҳанги вокалӣ), симфония барои оркестри симфонии бузург, рапсодия барои 2 роял ва оркестр, «Оҳанги шодӣ», «Идона» (тасвири симфонӣ), тараннуми Наврӯз (песаи консертӣ), «Садои бонувон» (оратория - балет), операи «Рустам ва Сӯҳроб» ва садҳо дигар таронаву оҳангҳои милливу анъанавист.[1] Асарҳои марҳум борҳо дар толорҳои бузурги ватаниву хориҷӣ садо додаанд. Ҷасади марҳум дар боғи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шудааст. Ба хотири некдошти ӯ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гузошта шудааст.

Пайвандҳои беруна

Манбаъ

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - с.171-180