Абдуссалом Атобоев: Тафовут байни таҳрирҳо
No edit summary |
CommonsDelinker (баҳс | ҳисса) Removing "Атобоев_Абдусалом.tif", it has been deleted from Commons by Hedwig in Washington because: Copyright violation, see c:Commons:Licensing. |
||
Сатри 2: | Сатри 2: | ||
|Номи тоҷикӣ=Атозода |
|Номи тоҷикӣ=Атозода |
||
|Номи аслӣ=Атобоев Абдуссалом |
|Номи аслӣ=Атобоев Абдуссалом |
||
|Акс= |
|||
|Акс=Атобоев Абдусалом.tif |
|||
|Санаи таваллуд=[[24 апрел]]и [[1934]] |
|Санаи таваллуд=[[24 апрел]]и [[1934]] |
||
|Зодгоҳ= [[Исфара]] |
|Зодгоҳ= [[Исфара]] |
Нусха 17:33, 5 сентябри 2015
АТОБÓЕВ Абдуссалом (тахаллус Атозода; 24.04.1934, Ноҳияи Исфара – 28.04.1985, Душанбе) — нависанда ва драматурги тоҷик. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1958). Солҳои гуногун дар газетаи «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал» ва Вазорати фарҳанги ҶТ кор кардааст. Нахустин очерку ҳикояҳои Атобоев Абдуссалом солҳои 60 асри 20 чоп шудаанд. Аммо ӯ бештар чун драматург машҳур аст.
Эҷодиёт
Пйесаҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои таърихӣ таълиф ёфтаанд. Пйесаи «Суруди нотамом» (1971) аз тақдири фоҷиавии шоираи тоҷик Робиаи Балхӣ (асри 10) ва «Фоҷиаи инсон» (1973) дар бораи воқеаҳои аҳди қадими сарзамини Бохтар (асри 6 то милод) ҳикоят мекунад. Дар пйесаи публитсистии ӯ «Қиёми Лоҳутӣ» (1979)аз рӯзгори инқилобии А. Лоҳутӣ сухан меравад. Мазҳакаи «Иллоанта» (1977), пйесаҳои «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (бо ҳамроҳии Ғ. Абдулло, 1975), пйеса барои театри лухтак «Қиссаи аввалин» (бо ҳамроҳии Е. Абрамян, 1978) ва ғайра низ ба қалами Атобоев Абдуссалом тааллуқ доранд. Пйесаҳои Атобоев Абдуссалом дар маҷмуаҳои ӯ «Суруди нотамом» (1982), «Шамшери меросӣ» (1984) ва дар «Тазкираи адабиёти бачагон» (ҷилди 5) ба табъ расидаанд. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1974. [1]
Манобеъ
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.71