Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х wikify
х илова
Сатри 12: Сатри 12:


== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==
Аз оилаи ҳунарманд. Мактаби миёнаро с. 1930 хатм кардааст. Аз
Пас аз хатми мактаби кӯҳна дар мактаби усули ҷадид ва курси тайёрии Академияи педагогии Ӯзбекистон (Самарқанд) хондааст (1930-1931). Дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ва шӯъбаи Нашр. давл. Тоҷ. дар Самарқанд кор кардааст (1931-1935). С.1935 ба Сталинобод омадааст: мудири шӯъбаи танқид ва котиби масъули маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (1935-1938), кот. ИН Тоҷ. (1938-1944), котиби масъули маҷаллаи “Шарқи Сурх”, муҳарири адабии Нашр. давл. Тоҷикистон (1935-1946), корманди илмии Институти таърих, забон ва адабиёти филиали АИ СССР, сармуҳарири Нашр. давл. Тоҷикистон, муҳарири маҷаллаи “Шарқи Сурх”, мудири шӯъбаи тарҷимаи осори классикони марксизм-ленинизми Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон, муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муҳарири масъули маҷаллаи “Тоҷикистон” (1946-1961). Аз с.1961 – ходими калони илмии ИЗА ба номи Рӯдакии [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|АИ Тоҷикистон]].
с. 1931 дар [[Самарқанд]], дар газетаи
==Эҷодиёт ==
“Ҳақиқати Ӯзбекистон” ва шуъбаи
Нашриёти давлатии Тоҷикистон
кор мекард. С. 1935 ба [[Душанбе]]
омада, дар идораи журнали “Барои
адабиёти сотсиалистӣ” кор кард.
Дар солҳои ҶБВ (с.1941 - 45) корманди Нашриёти
давлатии Тоҷикистон, пас аз ҷанг котиби масъул
ва муҳаррири журнали “Шарқи Сурх”, муҳаррири
журнали “Тоҷикистон”, котиби иҷроияи ИН ҷумҳурӣ,
мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ ва сармуҳаррири
Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд ва ба сифати
яке аз арбобони барҷастаи матбуоту нашриёти тоҷик
шуҳрат пайдо кард. С. 1946 – 1949 ходими илмии Ин – ти
забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии АИ
СССР буда, бо Н. Н. Ершов “Луғати русӣ - тоҷикӣ” –
ро таҳрир намуд (нашраш с.1949). Дар таҳрири чанд
ҷилди тарҷумаи тоҷикии асарҳои В.И. Ленин иштирок
дошт. Аз с. 1959 то охири умр корманди илмии Ин –
ти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|Академияи илмҳои Тоҷикистон]], яке
аз муҳаррирони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (ҷ. 1 – 2,
М., 1969) буд. Яке аз донишмандони забону адабиёти
тоҷик ва аввалин муҳаррири аксари асарҳои илмии
[[Садриддин Айнӣ]] буда, дар таҳияи нахустин маҷмӯаи шеърҳои
Рӯдакӣ (с.1940) бо С. Айнӣ ҳамкорӣ кардааст. “Ҳафт
пайкар” ва “Лайливу Маҷнун” – и Низомӣ, мухтасари
“Куллиёт” – и Саъдӣ, “Латифаҳои тоҷикӣ” – ро ба чоп
ҳозир кардааст.
== Эҷодиёт ==
Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз с. 1928 сар шуда, дар
назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои
зиёде офаридааст. Дар шеър аз шогирдони С.Айнӣ
буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда
шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи
достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда,
сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони
лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба
меҳнати коргарони ф – каи “Ҳуҷум” – и Самарқанд
(қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва
фидокориҳои пахтакорона Фарғона (қ.3) бахшида
шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи
ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии
ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда,
эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд.
Пас аз ҷанг ва дар с – ҳои 50 – ум дар лирикаи Д. мавзӯи
муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони
ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд.
Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои
публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти
ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи
публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву
мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода
гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.
Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии “Хисраву
Ширин” (1936), ки ҳамроҳи [[Мирзо Турсунзода]] дар асоси
достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи
манзуми “Шӯриши Восеъ” (1940), ки низ ҳамроҳи
М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои
нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (бастакор
[[Серге Баласанян]]). Дар ин драма оҳангҳои фолклорӣ
ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии
зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд
овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар
драмаи манзуми Деҳотӣ “Комде ва Мадан” (1952, дар
асоси як сюжети “Ирфон” – и Бедил) низ либреттои
опера шудааст (бастакор [[Зиёдулло Шаҳидӣ]]). “Нур дар
кӯҳистон” (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи
нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён
ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии “Қиссаи
Таърифхӯҷаев” (1953, бо ҳамроҳии [[Боқи Раҳимзода]])
комедияи ҳаҷвӣ мебошад.
Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири с – ҳои 40
– ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани
китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4)
ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти
шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор
шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи
кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи
тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд.
Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла [[водии
Ҳисор]] тадқиқот бурдааст.
Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Крилов,
Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба
қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад. <ref>Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560 </ref>
Муаллифи маҷмӯаҳои:
Муаллифи маҷмӯаҳои:
* “Манзараҳои сегона”,
* “Манзараҳои сегона”,
Сатри 28: Сатри 111:
* либреттои операи “Комде ва Мадан” (1952),
* либреттои операи “Комде ва Мадан” (1952),
* маҳзакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев” (бо ҳамқаламии Б.Раҳимзода, 1953).
* маҳзакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев” (бо ҳамқаламии Б.Раҳимзода, 1953).
* “Куллиёти” панҷ ҷилд (1965-1966) осори ӯро фаро мегирад.
* “Куллиёт” Иборат аз панҷ ҷилд (1965-1966) (осори ӯро фаро мегирад).
== Мукофот ==
*
* Аз с. 1934 узви ИН СССР буд.
Дар нашри осори ниёгонамон, ҷамъоварии адаб. шифоҳӣ, мураттаб сохтани луғатҳо, тарҷ. ва таҳрири осори класс. марксизм-ленинизм саҳми арзанда гузоштааст. С. 1949 таҳти роҳбарии ӯ ва Н.Н.Ершов “Луғати русӣ-тоҷикӣ”-и бузургҳаҷм ба табъ расид. Ӯ ҳамчунин яке аз муҳарирони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (дуҷилда, 1969), муаллифи “Китоби хониш” аз адаб. тоҷ. (барои синфи 4, 1954-1966), китобҳои дарсӣ барои синфи 1 (1960-1975).
* ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,

* Бо ду ордени “Нишони Фахрӣ” ва Ифтихорнома мукофотонида шудааст.
* ду ордени “Нишони Фахрӣ” ва чанд Ифтихорномаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШСТ мукофотонида шудааст.
* Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ва ш. Самарқанд гузошта шудааст.<ref>Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.50</ref>

* Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ва кӯчае дар ш. Самарқанд гузошта шудааст.
==Манобеъ==
==Манобеъ==
<references/>
<references/>

Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.50
{{Тоҷикистон}}
{{Тоҷикистон}}



Нусха 16:54, 9 сентябри 2015

Шаблон:Зиндагинома

Абдусалом Деҳотӣ - (14 март, 1911, д. Боғимайдони н. Самарқанд31 январ, 1962, ш. Душанбе), шоир, нависанда, драматург, луғатшинос, арбоби давлати, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз с.1934).[1]

Зиндагинома

Аз оилаи ҳунарманд. Мактаби миёнаро с. 1930 хатм кардааст. Аз с. 1931 дар Самарқанд, дар газетаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард. С. 1935 ба Душанбе омада, дар идораи журнали “Барои адабиёти сотсиалистӣ” кор кард. Дар солҳои ҶБВ (с.1941 - 45) корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон, пас аз ҷанг котиби масъул ва муҳаррири журнали “Шарқи Сурх”, муҳаррири журнали “Тоҷикистон”, котиби иҷроияи ИН ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд ва ба сифати яке аз арбобони барҷастаи матбуоту нашриёти тоҷик шуҳрат пайдо кард. С. 1946 – 1949 ходими илмии Ин – ти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии АИ СССР буда, бо Н. Н. Ершов “Луғати русӣ - тоҷикӣ” – ро таҳрир намуд (нашраш с.1949). Дар таҳрири чанд ҷилди тарҷумаи тоҷикии асарҳои В.И. Ленин иштирок дошт. Аз с. 1959 то охири умр корманди илмии Ин – ти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, яке аз муҳаррирони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (ҷ. 1 – 2, М., 1969) буд. Яке аз донишмандони забону адабиёти тоҷик ва аввалин муҳаррири аксари асарҳои илмии Садриддин Айнӣ буда, дар таҳияи нахустин маҷмӯаи шеърҳои Рӯдакӣ (с.1940) бо С. Айнӣ ҳамкорӣ кардааст. “Ҳафт пайкар” ва “Лайливу Маҷнун” – и Низомӣ, мухтасари “Куллиёт” – и Саъдӣ, “Латифаҳои тоҷикӣ” – ро ба чоп ҳозир кардааст.

Эҷодиёт

Фаъолияти адабии Деҳотӣ аз с. 1928 сар шуда, дар назм, наср, драматургия, адабиёти бачагона асарҳои зиёде офаридааст. Дар шеър аз шогирдони С.Айнӣ буд. Бисёре аз шеърҳои лирикии ӯ ба оҳанг дароварда шуданд. “Манзараҳои сегона” (1934) якумин намунаи достони лирикӣ дар адабиёти советии тоҷик буда, сюжети яклухт надорад ва образи қаҳрамони лирикӣ хеле қувват гирифта, се қисми асарро, ки ба меҳнати коргарони ф – каи “Ҳуҷум” – и Самарқанд (қ.1), муборизаи меҳнаткашони Тоҷикистон (қ.2) ва фидокориҳои пахтакорона Фарғона (қ.3) бахшида шудааст, ба ҳам муттаҳид мекунад. Дар лирикаи ватандӯстонаи Деҳотӣ дар солҳои ҶБВ оҳанги публисистии ҷанговарона бо лиризми ҳароратноке ҷӯр шуда, эҳсосоти мудофеони Ватанро амиқтар зоҳир намуд. Пас аз ҷанг ва дар с – ҳои 50 – ум дар лирикаи Д. мавзӯи муҳофизати сулҳ ва муборизаи зидди оташафрӯзони ҷанги нав мавқеи асосӣ ишғол намуд. Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад. Драматургияи Деҳотӣ аз драмаи мусиқавии “Хисраву Ширин” (1936), ки ҳамроҳи Мирзо Турсунзода дар асоси достони Низомӣ навишта буд, сар шудааст. Драмаи манзуми “Шӯриши Восеъ” (1940), ки низ ҳамроҳи М.Турсунзода навишта шуда буд, асоси либреттои нахустин операи тоҷикӣ қарор ёфтааст (бастакор Серге Баласанян). Дар ин драма оҳангҳои фолклорӣ ва иқтибоси фолклор яке аз воситаҳои асосии зоҳир кардани рӯҳи деҳқонони исёнгар ва ба вуҷуд овардани образи пешвои шӯриш мебошад. Дигар драмаи манзуми Деҳотӣ “Комде ва Мадан” (1952, дар асоси як сюжети “Ирфон” – и Бедил) низ либреттои опера шудааст (бастакор Зиёдулло Шаҳидӣ). “Нур дар кӯҳистон” (1947) драмаи қаҳрамонист дар бораи нахустин муаллимони Ғарм, ки аз дасти босмачиён ҳалок гардида буданд, пйесаи якпардагии “Қиссаи Таърифхӯҷаев” (1953, бо ҳамроҳии Боқи Раҳимзода) комедияи ҳаҷвӣ мебошад. Шеърҳои бачагонаи Деҳотӣ асосан аз охири с – ҳои 40 – ум ба муносибати аз тарафи ӯ тартиб дода шудани китобҳои хониши мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1 - 4) ба вуҷуд омадаанд. Содагӣ, равонӣ ва самимияти шеъри ӯ, хусусан, дар ин асарҳо барҷастатар намудор шудааст. Аксари ин шеърҳо ҷилваҳои психологияи кӯдакро нозук ифода намуда, дар адабиёти бачагонаи тозабунёди тоҷик мавқеи муайян ишғол кардаанд. Дар бораи шоирони кӯҳистон, аз ҷумла [[водии Ҳисор]] тадқиқот бурдааст. Тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои Крилов, Некрасов, Шевченко, Байрон, Ҷ. Родарӣ ва диг. ба қалами Деҳотӣ тааллуқ дорад. [2] Муаллифи маҷмӯаҳои:

  • “Манзараҳои сегона”,
  • “Таронаҳои меҳнатӣ”
  • “Меваи Октябр” (с.1934),
  • “Шеърҳо ва ҳикояҳо” (1940),
  • китоби “Шеърҳои мунтахаб” (1945),
  • “Асарҳои мунтахаб” (1949, 1957),
  • “Ҳадя ба хурдтаракон” (1954),
  • “Ҳаёт қадам мезанад” (1961),
  • “Бунафша” (1963),
  • драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин” (бо ҳамқаламии М.Турсунзода, 1936),
  • либреттои операи “Шӯриши Восеъ” (1940),
  • либреттои операи “Комде ва Мадан” (1952),
  • маҳзакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев” (бо ҳамқаламии Б.Раҳимзода, 1953).
  • “Куллиёт” Иборат аз панҷ ҷилд (1965-1966) (осори ӯро фаро мегирад).

Мукофот

  • Аз с. 1934 узви ИН СССР буд.
  • ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ду ордени “Нишони Фахрӣ” ва чанд Ифтихорномаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии ҶШСТ мукофотонида шудааст.
  • Ба номи ӯ яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ва ш. Самарқанд гузошта шудааст.[3]

Манобеъ

  1. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 14 марта 2014 года (Азия Плюс) http://www.asiaplus.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-14-marta-2014-goda
  2. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560
  3. Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с.50