Исм (дастури забон): Тафовут байни таҳрирҳо

Jump to navigation Jump to search
тахрир
х (таҳрир)
(тахрир)
 
[[4.Исмҳои воқеӣ ва мафҳум.]]
===Исмҳои шахс ва ғайришахс===
Исмҳои шахс ва ғайришахс аз ҷиҳати маъно, қабули шаклҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мувофиқати хабар бо онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар [[забони тоҷикӣ]] танҳо исмҳои шахс ба саволҳои ''кӣ?, киҳо?'' дигар ҳамаи исмҳо ба саволҳои ''чӣ?, чиҳо?'' ҷавоб мешаванд.
 
 
[[Хабар]] бо исмҳои шахс, ки [[мубтадо]] шуда омадаанд, одатан мувофиқат мекунад. Агар исм дар шакли танҳо ояд, хабар низ дар шакли танҳо меояд, агар исм дар шакли ҷамъ бошад, хабар ҳам дар шакли ҷамъ воқеъ мешавад. Вале ин қоида ҳангоми мубтадо шуда омадани исмҳои ғайришахс пурра риоя намешавад, зеро бо исмҳои ҷамъи ғайришахс дар шакли танҳо омадани хабар низ дида мешавад:''Шохҳои дарахтон меҷунбид'' ([[Айнӣ]]). Дар шароити алоҳидаи нутқ - ҳангоми бо эҳтиром ном бурдани шахс исм шаклан танҳо бошад ҳам, хабар дар шакли ҷамь меояд:''Устод шахси бузург буданд. Он кас ҳеҷ гоҳ бе далелу бурҳон гап намезаданд'' ([[Ҷалол Икромӣ]]).
===Исмҳои ҷинс ва хос===
Исмҳо ба ду гурӯҳ: исмҳои ҷинс ва хос ҷудо мешаванд.
* '''Исмҳои ҷинс''' - номи умумии ашёи ҳамҷинс буда, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро далолат мекунад: ''одам, гул, кӯл, дарё, шаҳр, расм'' ва ғайра.

Менюи гаштан