Исм (дастури забон): Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 13: Сатри 13:




===Исмҳои ҷинс ва хос===

Исмҳо ба ду гурӯҳ: исмҳои ҷинс ва хос ҷудо мешаванд.

* '''Исмҳои ҷинс''' - номи умумии ашёи ҳамҷинс буда, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро далолат мекунад: ''одам, гул, кӯл, дарё, шаҳр, расм'' ва ғайра.

* '''Исмҳои хос''' - ба шахс, ашё ва ҳодисаю воқеаҳои алоҳида мансубанд, онҳо барои аз ашёи ҳамҷинсашон фарқ кунондан истифода мешаванд. Номи умумии ''Сир, Зарафшон, Вахш'' ва ғайра [[дарё]] аст, вале ба онҳо номҳои алоҳида гузоштаанд, ки онро исми хос меноманд. Ба ҳамин тариқ, [[шаҳр]] исми ҷинс, аммо ''Москва, Душанбе, Хуҷанд, Самарӄанд'' исмҳои хос, инсон исми ҷинс, вале ''Зафар, Комрон, Ширин, Зебо'' исмҳои хос мебошанд.











===Исмҳои ҷомеъ===
===Исмҳои ҷомеъ===
'''Исми ҷомеь''' дар шакли танҳо маънои бисёрии ашёи ҳамҷинсро ифода мекунад (мардум, халқ, рама). Дар исми ҷомеъ мафҳуми бисёрӣ чунон равшан аст, ки ҳангоми мубтадо шудани исмҳои ҷомеъ хабар дар шакли ҷамъ меояд:Мардум аз ҷой хестанд.
'''Исми ҷомеь''' дар шакли танҳо маънои бисёрии ашёи ҳамҷинсро ифода мекунад (мардум, халқ, рама). Дар исми ҷомеъ мафҳуми бисёрӣ чунон равшан аст, ки ҳангоми мубтадо шудани исмҳои ҷомеъ хабар дар шакли ҷамъ меояд:Мардум аз ҷой хестанд.

Нусха 08:36, 29 Январ 2016

Исм - ҳиссаи нутқест, ки номи ашё (санг, об, замин, дарахт, моҳӣ, саг,) ва мафҳумҳои ашёшуда (шӯриш, хониш, некӣ, ақл)-ро ифода менамояд. Исм ба саволҳои чӣ?, чиҳо?, кӣ?, киҳо? ҷавоб мешавад. Исм ба вазифаи ҳамаи аьзои ҷумла меояд. Он дар ҷумла пеш аз ҳама вазифаи мубтадо ва пуркунандаро иҷро мекунад. Исм ба вазифаи пуркунанда асосан бо пешоянду пасоянд меояд. Исм ба вазифаи хабар низ зиёд истифода мешавад. Ҳангоми хабар шуданаш аксар бо бандакҳои хабарӣ ва феълҳои ёридиҳанда сурат мегирад. Муайянкунандаи соҳибӣ ва баёния асосан бо исм ифода мешавад.

Гурӯҳҳои маъноиву грамматикии исм

Исм дар забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои маъноиву грамматикии зерин ҷудо мешавад:

1.Исмҳои шахс ва ғайришахс;

2.Исмҳои ҷинс ва хос;

3.Исмҳои ҷомеъ;

4.Исмҳои воқеӣ ва мафҳум.









Исмҳои ҷомеъ

Исми ҷомеь дар шакли танҳо маънои бисёрии ашёи ҳамҷинсро ифода мекунад (мардум, халқ, рама). Дар исми ҷомеъ мафҳуми бисёрӣ чунон равшан аст, ки ҳангоми мубтадо шудани исмҳои ҷомеъ хабар дар шакли ҷамъ меояд:Мардум аз ҷой хестанд.

Исмҳои воқеӣ ва мафҳум

Исмҳои воқеӣ ва мафҳум (маьнӣ) гурӯҳи махсусро ташкил медиҳанд.

  • Исмҳое, ки инсон ва ашеи олами ҳастиро ифода менамоянд, воқеӣ ном доранд: модар, донишҷӯ,хона, даст ва ғайра. Исмҳои воқеӣ шумурдашаванда буда, миқдори онхо бо адад низ таъин карда мешавад: як муаллим, ду хона, панҷ китоб.Исмҳои мафҳум мафҳумхои амал, аломат ва ҳолатро номбар мекунанд: шӯҳрат, хониш, некӣ, тайерӣ ва ғ.
  • Исмҳои мафҳум бештар аз сифат, феьл, исм ва сифати феьлӣ ба воситаи пасвандҳои -ӣ (гӣ) (мардӣ , нестӣ, нависандагӣ); -гарӣ (одамгарӣ, калонгарӣ, ҳомигарӣ) ; -иш (сабзиш, хониш) ; -ор (сӯхтор, куштор) ;-гор (ёдгор); -ос(-ас):аккос,фишшос ва ғ.

Исмҳои ҷондор ва беҷон

Ҳамаи исмҳо ба ду гурӯҳи калон ҷондор ва беҷон таксим мешаванд.

  • Ба гурӯҳи исмҳои ҷондор исмҳои ифодакунандаи номи одамон, ҳайвонот ва ҷонварон дохил мешавад: мард, коргар, асп, хирс, моҳӣ, мӯрча.
  • Номи ҳамаи ашеи дигар, ҳодисаву воқеаҳо ба исмҳои беҷон дохил мешаванд: санг, замин, об, ҳарос, ханда ва ғ.

Категорияҳои исм

Исм категорияҳои махсуси сарфӣ (морфологӣ) дорад: категорияҳои муайяниву номуайянӣ ва шумора.

Исмҳои муайян ва номуайян

Исм дорои категорияи сарфии муайяниву номуайянӣ мебошад,ки воситаи асосии ифодаи он артикли ба шумор меравад: Гурӯҳе мерафтанд, гурӯҳе меомаданд (Икромӣ). Дар ин вазифа калимаи як ҳамчун муродифи артикли истифода мешавад, яьне исмҳое, ки бо калимаи як меоянд, на танҳо ягонагии ашё, балки номуайянии онро ҳам ифода мекунанд: Як шаб...Абдусаттор аз ҳавлиаш барои гӯштхарӣ баромад...(Айнӣ). Дар ифодаи номуайянӣ инчунин калимаҳои ягон, ҳеҷ, кадом истифода мешаванд:Ин тавр бошад, ягон рӯзи таътил ӯро ба ҳуҷраи ман гирифта биёр! Аз рӯзи омадагиаш ҳеҷ кор накардааст (Икромӣ). Кадом як китоберо ба зери сараш монда хоб кардааст ("Садои Шарқ").

Исмҳои танҳо ва ҷамъ

Аломати грамматикии шумораи ҷамъи исм пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикии -ҳо, -он ( -ён, -гон, -вон ) ба шумор мераванд : духтарҳо, хонаҳо, падарон, нависандагон, бонувон ва ғ. Инчунин шакли солими ҷамъи арабӣ, ки ба забони тоҷикӣ дохил шудааст, ба воситаи пасвандҳои -от, -ин ва шакли ҷамъи шикаста бо ёрии флексияи дохилӣ ба амал меояд: деҳот , сабзавот , навиштаҷот , муаллимин,ашхос (шахсҳо), атроф (тарафҳо), атфол (тифлҳо), ҳаводис (ҳодисаҳо) ва ғ.

Калимасозии исм

Исмҳо аз ҷиҳати таркиби сарфиашон сода, сохта, мураккаб ва омехта мешаванд.

  • Исмҳои сода танҳо аз реша иборат мебошанд:хона, дарс, гул, нон ва ғ.
  • Исмҳои сохта аз реша ва пасванду пешванд таркиб ёфтаанд.
  • Пасвандҳои исмсоз зиёданд: хизматчӣ, оҳангар, омӯзгор, мизбон, харидор, нонвой, хонавода, сӯзанак, тӯёна, пӯшок,дастпона,ангуштарин, чангол, тарсакӣ, шамьдон, сайдгоҳ, лолазор, Тоҷикистон,кӯҳсор, санглох, ҷӯйбор, ганҷина, гулшан,паҳно, донишкада, зебоӣ, одамгарӣ, хониш, рафтор, сармо, зиндагонӣ.
  • Дар исмсозӣ танҳо пешванди ҳам - иштирок менамояд:ҳамроҳ,ҳамсоя,ҳамдиёр,ҳамшаҳр ва ғайра.
  • Исмҳои мураккаб аз ҷузъҳое иборатанд,ки дар натиҷаи васлшавӣ ба асос табдил ёфта , ҳамчун морфема воқеь мешаванд:гап-гап, сарупо,давутоз,сарлавҳа, хамиртуруш, ошхона,салоҳдид,дурбин,шашмақомхон.
  • Исмҳои омехта аз ибора ва таркибҳои гуногун ба воситаи пасвандҳо сохта мешаванд:шабнишинӣ,тозакунӣ,мондашавӣ ва ғ.

Манбаъ

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.Душанбе:Дониш.-1985,356с.