Мансури Суруш: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: кор карда истодааст, replaced: ў → ӯ (14)
х →‎Манбаъ: иловаи гурӯҳ
Сатри 60: Сатри 60:


[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Дромнависон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дромнависони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дромнависони Тоҷикистон]]

Нусха 16:38, 13 марти 2016

Шаблон:Зиндагинома Мансур Суруш (Сайфиддинов Мансур) – Нависанда, драматург, мутарҷим, публисист, рӯзноманигор. соҳиби Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Зиндагинома

Мансур Суруш (Сайфиддинов Мансур) 19 декабри соли 1954 дар ноҳияи Панҷ таваллуд ёфтааст. Хатмкунандаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (1977) ва шӯъбаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии Тошканд (1988) аст. Солҳои 1977-1992 ба ҳайси тарҷумони рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), мухбири рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (ҳоло «Народная газета»), дар вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд), мудири шӯъбаи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» хидмат намудааст. Солҳои 1993-2005 корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, 2005-2009 сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» буд Аз соли 2009 мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

Мансур Суруш ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ якзайл менависад, ба адабиёт андаке дертар аз журналистика ворид гардиду аз рӯзноманигорӣ хешро канор намегирад. Тобишҳои ранги зиндагиро дар ойинаи дил мебинаду ба қалам медиҳад ва нахустнавиштаҳояш ҳамсони қатраҳои оби мурод ба зудӣ зулолу такшин шуданд. Зарраҳои умедбахшро аз ҳаёт дарёфта, бо оташи дил мегудозад ва ба армуғон меорад. Чун мутолиоти бисёр амиқу дақиқ дар мутуни насри русу Ғарб дорад ва ҳамзамон аз адабиёти пешину муосири форс-тоҷик хуб баҳраманд аст, ҳузури муассири нигорандагиаш тез собит шуд. Осораш ҳам аз назари қолаб ва наҳваи тавсиф, тасвирпардозӣ ва ҳам аз лиҳози маънӣ наву тоза аст. Дар нигоштаҳояш омезаи аз табиатситоии романтикии русу Аврупо ва табиатгароии орифони шарқӣ ҳувайдост, ба ёдоварӣ ва бозофаринии арзишҳои дерина ҳамвора рӯй меораду дар ростои бедории афкори ҷомеъа ҷадал менамояд. Дар дромнависӣ низ истеъдоди Мансур Сурӯш зуҳур кардааст. Намоишномаҳои «Акси садои тӯлонӣ», «Ба куштани ман ҳанӯз фурсат хоҳед ёфт» (ҳар ду дар Театри драмаи русии ба номи В.Маяковский рӯи саҳна омадаанд), «Шиквае аз ту надорам асри ман», «Омӯрзиш» ва ғайра баёнгари муносибати ҷиддии муаллиф ба ин жанри адабиётанд. Афзун бар ин, номрафта ҷуръати бебокона намуда, даст ба тарҷумаи бадеъӣ аз тоҷикӣ ба русӣ зад, намунаи фаровон аз осори адабии классикон ва адибони муосир, публисистикаи тоҷикро ба забони Пушкину Толстой баргардонд ва ба ин васила дар муаррифии адабиёти миллат ба хориҷиён саҳм мегузорад. Мураттиби китоби «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни Бухоро» (ба забони русӣ, соли 2012) мебошад.

Мукофот

ӯ сазовори Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (ду маротиба) гардидааст.

Намунаи осор

  • Изгнание [Текст]. - Душанбе, 1994. - С.123.
  • Чала [Матн]: Роман // Памир. -1995. - № 7-12.
  • Замурованный грех [Текст]: Автобиографическая проза. - Душанбе, 1999. - С.148.
  • Метка Азроила [Текст]: Рассказы, публисистика. - Душанбе, 1999. - С.88.
  • Ҳалвоӣ [Матн]: Ҳикоятҳо, мақолаҳо ва намоишномаҳо. - Душанбе, 2001. - С.147.
  • Утреняя молитва [Текст]: Повести и рассказы. - Душанбе, 2002. – 119 с.
  • Ду боли як иқбол. [Матн]. - Душанбе, 2013. - С.127

Адабиёт доир ба Суруш

  • Ковтун Марина Борисовна. Жанрово - стилевые искания в творчестве Мансура Суруша [Текст]. - Душанбе, 2003. - 127 с.
  • Ковтун Марина Борисовна. Жанрово - стилевые искания в творчестве Мансура Суруша [Текст]. - Душанбе, 2004. - 97 с.
  • Мансур Сурӯш ( Сайфиддинов Мансур) // Адибони Тоҷикистон [Матн]. - Душанбе, 2003. - С.527-529.
  • Абдухолиқ Набавӣ. Шамсиддини Солеҳ. Намози бомдоди нависанда [Матн] // Адабиёт ва санъат. - 2009. - 11 июл.[1]

Манбаъ

  1. Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2014) - Душанбе: Бухоро, 2012.- 95 с.