Википедиа:Барои навкорон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Вироиши Yahyoev Abdurahmon (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки AryanBot анҷом дода буд
Сатри 1: Сатри 1:
<center><u>Ин дастури хеле мухтасар ба шумо имконият медиҳад, ки бо сарфи камтарини вақт мақолаи аввалини худро бинависед ва онро дуруст тарҳрезӣ кунед. Умедворем, ки шумо аз иштирок дар ин лоиҳа кайфияти зиёде мебаред.</u></center>
<center><u>Ин дастури хеле мухтасар ба шумо имконият медиҳад, ки бо сарфи камтарини вақт мақолаи аввалини худро бинависед ва онро дуруст тарҳрезӣ кунед. Умедворем, ки шумо аз иштирок дар ин лоиҳа кайфияти зиёде мебаред.</u></center>
=== 1 Қадами 1. Мавзӯро барои мақолаатон интихоб кунед. ===

Мавзӯеро интихоб кунед, ки ба шумо маъқул аст. Мавзӯҳои доғи рӯз ва ё ба ҷомеа заруриро, агар ба шумо писанд набошанд, интихоб накунед. Дар ибтидо муҳим нест, ки шумо ин мавзӯро хуб донед, вале шумо бояд хоҳиши дарки амиқи онро дошта бошед. Хеле хуб аст агар дар оғоз шумо бидонед, ки маълумоти саҳеҳро аз куҷо дастрас кардан мумкин аст.
Савлатшоӽ Мерганов - шарқшиноси шинохтаи тоҷик, ки зиёда аз 35 сол дар мамлкакти Афғонистон кору фаъолият кардааст. Савлатшоӽ Мерганов 13 сентябри соли 1937 дар қишлоқи Ҷорфи ноӽияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падари Савлатшоӽ Мерганов Мулломир ном доштанд ва ба сабаби ӽавасу шуғли шикор доштану нишонзани моӽир буданашон лақаби «Мерган»-ро гирифта буданд. Замоне, ки мактаб рафтанд ба Савлатшоӽи хурдсол фамилияи Мергановро доданд, зеро номи Мулломир бо ӽиссаи «мулло» ба талаби замон мувофиқ набуд.
Дар бораи манбаъҳои маълумот инҷоро. нигаред
Падарашон хеле барвақт, тобистони соли 1946 дар вақти нӯӽсолагии Савлтшоӽ нобаӽангом вафот карданд. Тарбияи ӯ ба зиммаи модараш Ӽарамгул ва амакаш Иззатшоӽ Воӽидов ва баъдан амаки хурдиаш Зиёратшоӽ Воӽидов афтод.
Баъди хатми синфи шашум ба интернати шаӽраки Навободи ноӽияи Рашти имрӯза омад. Таӽсили мактабро дар ӽамин интернат анҷом дода, соли 1955 ба факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, дар соӽаи забон ва адабиёти тоҷик хонишро идома дод.
Баъди анҷоми таӽсил дар курси дуюм равиши таӽсили ӯ дигаргун шуд, ки ба тақдири минбаъдааш таъсир гузошт. Бо роӽнамоии донишманди забоншинос ва шевашиноси тоҷик Р.Л. Неменова ба факултаи шарқшиносии Донишгоӽи давлатии Ленинград (ӽоло Санкт-Петербург) интиқол ёфт. Дар ин ҷо дар кафедраи эроншиносӣ бо ихтисоси забон ва адабиёти пашту таӽсил мекард. Аз донишмандони машӽури эроншинос А.Н. Болдырев ва М.Н. Боголюбов асосӽои илми эроншиносӣ, забон ва адабиёти форсиро омӯхтааст.
Соли 1961 баъди хатми тањсил дар донишгоњи Ленинград ба Университети давлатии Тоҷикистон ба кафедраи забон ва адабиёти тољик ба кор омад. Як сол ба ҳайси ассистенти кафедраи забону адабиёти форсӣ фаъолият дошт ва соли 1962 ба Институти шарқшиноси ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон даъват шуд. То соли 1965 дар академия ба кори омўзишу таҳлили илми машғул буд.
Соли 1966 дар Институти шарқшиносии Маскав ба сифати муҳаққиқи коромўз пазируфта шуд ва баъди як сол ба аспирантураи назди ҳамин пажўҳишгоњҳ дохил шуд. Таҳсилро ба поён нарасонида, соли 1967 ўро ба Афғонистон ба ҳайси сартарҷумони гурўҳи мушовирони шўравӣ дар назди вазорати банақшагирии Афғонистон фиристонданд. Чун Савлатшоњ Мерганов забонњои руси, пашту ва форсии дариро хуб медонист, ба ҳайси тарљумон дар миёни ходимони сиёси, иқтисоди ва иҷтимоии шўравӣ мақом ва эътибори хосс дошт. Ваќте раиси шўрои вазирони Иттиҳоди Шўрави А.Н. Косыгин ба Афғонистон сафар карда буд, чанд навбат вазифаи тарљҷумонии ўро Савлатшоҳ Мерганов ба ҷо овард.
Аз сафари Афғонистон соли 1972 баргашта, таҳсилашро дар аспирантура идома дод. Ҳамин сол дар мавзўи «Хусусиятњои забони ва шеърии зарбулмасалҳои пашту» дар Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шўрави рисолаи номзади ҳимоя кард. Баъди ҳимояи рисолаи номзади ба ҷойи кори асосии худ – Институти шарқшиносии Академияи илмҳо баргашт. Аммо соли 1974 боз барои кор аз нав ба Афғонистон даъват шуд ва дар мусташорияти иқтисодии сафорати Шўравӣ ҳамчун узви шўъбаи иқтисодӣ ва ҳам сартарҷумон то миёнаи моҳи декабри соли 1979 кору фаъолият намуд. Баъди ба ватан баргаштан дар институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон ба кор шурўъ намуд ва аз соли хониши 1980 то 1988 дар Донишгоњи миллии Тољикистон, ки шўъбаи пашту кушода шуда буд, ба сифати дотсенти кафедра забон ва адабиёти паштуро дарс медод.
Ҳамчун шарқшинос, мутахассис оид ба омӯзиши забони пашту ва форсии дарӣ дар ҳамоишҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар Русия ва Олмон иштирок кардааст. Соли 1986 дар конференсияи шарқшиносони ҷаҳон, ки дар шаҳри Ҳамбурги Олмон доир гардид, иштирок карда, дар бораи фолклори паштузабони Афғонистон бо маърўза баромад карда буд.
Соли 1988 боз ба Афғонистон равон гардид ва то охири соли 1994 ба сифати мушовири ҳукумати Афғонистон дар соҳаи ҳамкориҳои мустақим байни ҷумҳуриҳои Шўравӣ (баъд аз пошхурдани Шуравӣ – Русия) ва њам мушовири раиси АИ Афѓонистон иҷрои вазифа намуд. Аз соли 1995 то соли 2004 дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Русия сухангўй ва тањиягари барномањои адабии радиои «Садои Русия» ба забонҳои пашту ва форсӣ буд.
Баъди фосилаи сафари Афғонистон ва кор дар радиои Маскав, соли 2004 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргашт ва то рўзҳои охири умраш устоди таълими забону адабиёти пашту буд.
Азбаски таърихи адабиёт, забони пашту ва амалияи ин забонро хуб медонист, дар миёни донишљўён ва устодони донишгоҳ иззату эътибори хосса дошт.
Ў донандаи хуби вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон буд ва ўро борњо барои шаҳр додани ин ё он масъалаҳои марбут ба радиову телевизион таклиф мекарданд.

Бо вуҷуди масруфияти зиёд бо корҳои идори ва сафарҳои тўлонӣ ба Афғонистон Савлатшоҳ Мерганов ба илмҳои забоншиносию таърих шавқи зиёд дошт ва ба иловаи рисолаи номзади чанд китоб, мақолаҳо ва таҳқиқот аз зери қалами ў баромадаанд. Китобҳо зери унвони «Забони дари», «Афғонистони навин», «Таърихи ҳузн ул - миллали Бухоро», «Қабули калимаҳо ва истилоҳоти навин дар забони пашту» ва ғайра ба қалами ў тааллуқ доранд. Дар бораи зумрае аз адибони Афғонистон, ки бо адабиёти тоҷик пайвастагӣ доштанд, мақола ва ёддоштҳои судманд навишта, дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон чоп кардааст. Яке аз чунин мақолаҳои ҷолиб ба рўзгор ва ашъори шоири соҳибдевон Авлиёҳусайн Мақмуми Дарвозӣ бахшида шудааст. Китоби «Маҷмўаи адабиёти Дарвоз»-и Ҳиҷрати Дарвозиро бо њамроњии С. Қаландар ба чоп омода карда, ба табъ расонидааст.
Аз рўзгори подшоҳи Афғонистон Абдураҳмонхон, амири охирини Бухоро Олимхон мақолаҳо навишта, ёддоштҳои амир Олимхонро низ чоп кардааст.
Устод Савлатшоҳ Мерганов дар миёни аҳли сиёсат ва илму адаби замони худ эътибор ва шўҳрати хосс дошт. Дар Афғонистон бисёр касон аз аҳли сиёсат, илму адаб ва касбу пеша бо ў ошнои доштанд ва мақому мартабаи инсонии ўро бузург медоштанд ва арҷгузори менамуданд. Дар миёни аҳли илму адаби Афғонистон ва бахусус дар ватани худаш Тоҷикистон дўстону қадршиносони зиёде доранд. Онњо фазлу адаб, шўхию ҳазлҳо ва меҳрубонињои Савлатшоҳро, ки ҳақиқатан шоҳ буду шоҳона рафт, дар ёд ба ёд мебаранду рўҳу тинати покашро нигоҳ медоранд.

=== Қадами 2. Барои мақолаатон номи мувофиқро интихоб кунед. ===
=== Қадами 2. Барои мақолаатон номи мувофиқро интихоб кунед. ===
Мақолаҳои Википедиа исмҳои шакли танҳо мебошанд, масалан: [[давлати Сомониён]], [[забони англисӣ]]. Ба ҷои ҳарфҳои тоҷикии асл аз қабили ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ ҳарфҳои г, и, к, у, х, ч '''нанависед'''. Агар номи мақола чанд калимаро ифода кунад, дар қафс шарҳи онро нависед, масалан: [[Конго (кишвар)]], [[Москва (дастаи футбол)]]. Дар мақолаҳо дар бораи одамон ному насаби пурраашонро нависед, масалан: [[Карл Маркс]]. Як мақоларо барои ду шахс навиштан мумкин нест, ҳатто онҳо хешовандони наздик бошанд ҳам.
Мақолаҳои Википедиа исмҳои шакли танҳо мебошанд, масалан: [[давлати Сомониён]], [[забони англисӣ]]. Ба ҷои ҳарфҳои тоҷикии асл аз қабили ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ ҳарфҳои г, и, к, у, х, ч '''нанависед'''. Агар номи мақола чанд калимаро ифода кунад, дар қафс шарҳи онро нависед, масалан: [[Конго (кишвар)]], [[Москва (дастаи футбол)]]. Дар мақолаҳо дар бораи одамон ному насаби пурраашонро нависед, масалан: [[Карл Маркс]]. Як мақоларо барои ду шахс навиштан мумкин нест, ҳатто онҳо хешовандони наздик бошанд ҳам.

Нусха 14:04, 18 марти 2016

Ин дастури хеле мухтасар ба шумо имконият медиҳад, ки бо сарфи камтарини вақт мақолаи аввалини худро бинависед ва онро дуруст тарҳрезӣ кунед. Умедворем, ки шумо аз иштирок дар ин лоиҳа кайфияти зиёде мебаред.

1 Қадами 1. Мавзӯро барои мақолаатон интихоб кунед.

Мавзӯеро интихоб кунед, ки ба шумо маъқул аст. Мавзӯҳои доғи рӯз ва ё ба ҷомеа заруриро, агар ба шумо писанд набошанд, интихоб накунед. Дар ибтидо муҳим нест, ки шумо ин мавзӯро хуб донед, вале шумо бояд хоҳиши дарки амиқи онро дошта бошед. Хеле хуб аст агар дар оғоз шумо бидонед, ки маълумоти саҳеҳро аз куҷо дастрас кардан мумкин аст. Дар бораи манбаъҳои маълумот инҷоро. нигаред

Қадами 2. Барои мақолаатон номи мувофиқро интихоб кунед.

Мақолаҳои Википедиа исмҳои шакли танҳо мебошанд, масалан: давлати Сомониён, забони англисӣ. Ба ҷои ҳарфҳои тоҷикии асл аз қабили ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ ҳарфҳои г, и, к, у, х, ч нанависед. Агар номи мақола чанд калимаро ифода кунад, дар қафс шарҳи онро нависед, масалан: Конго (кишвар), Москва (дастаи футбол). Дар мақолаҳо дар бораи одамон ному насаби пурраашонро нависед, масалан: Карл Маркс. Як мақоларо барои ду шахс навиштан мумкин нест, ҳатто онҳо хешовандони наздик бошанд ҳам.
Барои тафсилот аз инҷо дидан кунед.

Қадами 3. Ҷустуҷӯ намоед, ки мақолаи шумо аллакай мавҷуд аст ё не.

Калимаҳои асосии мақолаатонро дар майдончаи матнии дар тарафи чап ҷойгиршудаи «Ҷустуҷӯ» нависед ва тугмачаи «Search»-ро пахш кунед. Натиҷаҳои ҷустуҷӯ ба намуди ҳаволаҳо мебароянд. Агар мақолаи шумо аллакай мавҷуд бошад, бо он гузаред ва лавҳаи «Вироиш»-ро (дар болои саҳифа) пахш намуда ба таҳрири мақола бипардозед.
Барои тафсилот аз инҷо дидан кунед.

Қадами 4. Мақоларо созед.

Агар то ҳол мақолаи шумо набошад, онро сохтан зарур аст. Барои ин дар майдончаи матнии дар тарафи чап ҷойгиршудаи «Ҷустуҷӯ» номи мақоларо нависед ва тугмачаи «Go»-ро пахш кунед. Матни зерин пайдо мешавад: Бо сарлавҳаи "номи мақола" мақола вуҷуд надорад. Шумо метавонед ин саҳифаро бинависед. Бо пахш кардани ҳаволаи ин саҳифаро бинависед саҳифаи наве кушода мешавад, ки дар болои он дар ҳоли вироиш "Номи мақола" навишта шудааст. Акнун шумо тайёред, ки мақолаи аввалини худро бинависед.


Барои тафсилот аз инҷо. дидан кунед

Қадами 5. Мақоларо дуруст сар кунед.

Мақолаҳои Википедиа бо такрор кардани номи мақола ва соҳаи ба он дахлдор сар мешаванд, масалан: «Диалекти́ческий материали́зм — философское учение, утверждающее…», «Хе́ллоуин — знаменитый фильм ужасов…». Дар қавс метавон пайдоиши истилоҳро нишон дод. Дар мақолаҳо оиди одамон дар қавсҳо бояд санаи таваллуд ва вафоташонро нишон дод: «Луи́ Жан Люмье́р (фаронсавӣ: Louis Jean Lumière; 5 октября 1864, Безансон6 июня 1948, Бандоль) — изобретатель кинематографа, родоначальник французской…». Инчунин тарзи навишти аслӣ ва зодгоҳу шаҳри вафотро низ нишон додан хеле хуб аст.
Барои тафсилот аз инҷо дидан кунед.

Қадами 6. Худи мақоларо нависед.

Ҳаҷми хурдтарини тавсияшудаи мақолаҳо — 500 ҳарф мебошад (вале агар мақолаи шумо хурдтар бошад ҳам мешавад. дар назар гиред, ки дар оянда мундариҷаи онро густурдан мумкин аст). Мақола ба забонии илмӣ - оммавии ба аксарият дастрас бояд навишта шавад. Ғайр аз ин дар Википедиа ду принсипи муҳимтарин ҳаст, ки онҳоро ҳангоми навиштани мақолаҳо ҳамеша риоя намудан лозим аст:

  1. Нуқтаи назари бетараф. Маънои ин принсип он аст, ки мақола бояд бидуни ҷонибдорӣ аз касе ё чизе бетарафона ва пурра навишта шавад. Шумо ҳаққи баён намудани фикри шахсии худро дар мақола баён кардан надоред. Агар ба ягон мавзӯи баҳсталаб чандин ақидаҳо мавҷуд бошанд, ҳамаи онҳо бояд дар сатҳи баробар оварда шаванд.
  2. Риояи ҳуқуқи муаллиф. Мақсади вики-ҷомеа ин сохтани энсиклопедияи ройгон ва ба ҳамагон дастрас аст. Аз ин рӯ ба Википедиа нусхабардорӣ кардани матнҳо, расмҳо ва дигар манбаъҳои дорои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф манъ аст. Худи Википедиа аз рӯи иҷозатномаи «Creative Commons Attribution/Share-Alike License» дастрас аст.

Дар Гурӯҳ:Википедиа:Мақолаҳои мунтахаб шумо мақолаҳои хуб иншошуда ва зебо тарҳрезишударо дарёфт карда метавонед. Инҳо мақолаҳое мебошанд, ки бо тарзи овоздиҳӣ чун мақолаи беҳтарин интихоб шудаанд ва шумо аз онҳо чун намуна истифода бурда метавонед.
Барои тафсилот дар бораи нуқтаи назари бетараф аз инҷо ва оиди ҳуқуқи муаллиф аз инҷо дидан кунед.

Қадами 7. Манбаъҳое,ки шумо аз он ҷо маълумот гирифтаед, нишон диҳед

Баъд аз навишта шудани мақола дар охири он қисми «Адабиёт»-ро созед ва дар он рӯйхати китобҳои истифода бурдаатонро биёваред (ном, муаллифон, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.-ро нишон диҳед). Баъд қисми «Нигаред инчунин»-ро созед ва рӯйхати мақолаҳои Википедиаро, ки ба мақолаи шумо наздиканд, нависед. Дар охири мақола қисми «Ҳаволаҳо»-ро созед ва рӯйхати web-саҳифаҳову сайтҳои Интернетро биёред, ки чун манбаи маълумот ба шумо хизмат кардаанд. Дар қисми «Ҳаволаҳо» дигар сайтҳоро ки шумо аз он ҷо маълумот нагирифтаеду вале онҳо ба мақолаи шумо наздиканд, нишон додан мумкин аст.
Дар бораи манбаъҳои маълумоти озод инҷоро бинед.

Қадами 8. Дуруст ва зебо мақоларо тарҳрезӣ кунед.

Саҳифаҳоро оро додан дар Википедаи осон аст:

  • Барои матнро бо ҳуруфоти ғафс гузоштан, пеш аз он ва баъд аз он се нохунаки яктоӣ гузоред: «'''матн бо ҳуруфоти ғафс'''». Бо ҳуруфоти ғафс фақат номи мақолаҳо ва (нигаред қадами 5) ва мафҳуму истилоҳоти асосӣ ишора карда мешаванд;
  • Барои курсив (ҳуруфоти хобида) ду нохунаки яктоӣ кофист: «''Матн бо ҳуруфоти хобида''». Курсив барои маъноян ҷудо кардани матни муҳим истифода мешавад ва бисёр истифода кардани он хуб нест;
  • Номи қисмҳои мақола дар сатри алоҳида навишта мешаванд ва ду (ё се барои зерқисмҳо) аломати баробарӣ доранд, масалан: «=== Қадами 8. Дуруст ва зебо мақоларо тарҳрезӣ кунед. ===».
  • Сархатҳо (абзац) дар Википедиа бо сатри холӣ навишта мешаванд. Барои сархат гузоштан сатреро холӣ гузоред кофист.
  • рӯйхатҳо чунин сохта мешаванд: дар ҳар як сатри алоҳида аломати «#» гузошта мешавад ва баъд номи узви рӯйхат меояд. Барои рӯйхатҳои берақам ба ҷои «#» аломати «*» истифода мешавад, масалан: «* Номгӯи 1;[сатри нав]* Номгӯи 2;[сатри нав]* Номгӯи 3.»
  • Пайвандҳои дохилӣ (ҳаволаҳо (ссылки) ба дигар мақолаҳои Википедиа) ба намуди зерин навишта мешаванд «[[номи мақолаи ба он ҷо пайвандшаванда|матне, ки ба шакли ҳавола бояд барояд]]». Агар номи мақола бо матне, ки ба шакли ҳавола бояд барояд як хела бошанд боз осонтар аст, масалан: Дар соли [[2006]] бисёр…. Мақолаи хуб бояд на камтар аз се пайванд дар ҳар як сархаташ дошта бошад.
  • Пайвандҳои беруна (пайвандҳо ба дигар сайтҳои Интернет) чунин навишта мешаванд: [http://URL-адрес матни пайванд]. Масалан: [http://dushanbe.tj/ Сайти расмии шаҳри Душанбе]. Вале ба назар гиред, ки дар Википедиа ба сайтҳои пулакӣ ҳавола (пайванд) кардан ва умуман реклама кардан мумкин нест.

Дар охир бори дигар имлои мақоларо аз назар гузаронед. Ва албатта, фаромӯш накунед, ки дар зери мақолаҳои Википедиа имзо ё номи худро гузоштан мумкин нест.
Барои тафсилот аз ин ҷо дидан кунед.

Қадами 9. Мақоларо гурӯҳбандӣ кунед.

Барои осон шудани ҷустуҷӯ ҳар як мақолаи Википедиа ба як ва ё зиёда гурӯҳҳо мансуб аст. Барои мақоларо ба гурӯҳе дохил кардан дар охири мақола (баъд аз «Ҳаволаҳо») сатри холиеро гузоред ва баъд дар ҳар сатри нав дар қавсҳои квадратии дутоӣ гурӯҳашро пас аз калимаи «Гурӯҳ:» нависед. Масалан, [[Гурӯҳ:Алифбоҳо]] . Мақолаҳои дар бораи одамон буда бояд ҳатман ба гурӯҳи «Шахсиятҳо аз рӯи алифбо» [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]) ва ба гурӯҳҳои санаи таваллуду вафот (масалан, [[Гурӯҳ:Зодагони 2 июл]] ва ё [[гурӯҳ:Мурдагони соли 1890]]) ва гурӯҳҳо аз рӯи касб ва кишвар(масалан, [[Гурӯҳ:Файласуфҳои Олмон]] дохил бошанд.
Барои тафсилот аз ин ҷо дидан кунед.

Қадами 10. Пайвандҳоро (ссылки, ҳаволаҳо) ба дигар википедиаҳо гузоред.

Википедиа — энсиклопедияи байналхалқист, ки ба даҳҳо забонҳои дигари дунё низ вуҷуд дорад. Байни мақолаҳо дар забонҳои гуногун бояд пайвандҳо (ҳаволаҳо) гузошт. (интервикӣ-ҳаволаҳо). Барои ин номи мақолаатонро ба забони русӣ ё англисӣ тарҷума кунед. Дар охири мақола, баъди гурӯҳҳо, сатри холиеро гузоред ва баъд дар сатри нав чунин нависед:[[коди забон:тарҷумаи номи мақола]], ки дар ин ҷо коди забон барои забони англисӣ en ва барои забони русӣ ru мебошад. Масалан, барои мақолаи «Николас Кейҷ» чунин мешавад: [[en:Nicolas Cage]] ва [[ru:Николас Кейдж]]. Дар охир тугмаи «Саҳифа захира шавад»-ро, ки дар поёни саҳифа аст, пахш кунед. Акнун мақолаи аввалини шумо дар Википедиа тайёр аст.
Барои тафсилот аз ин ҷо дидан кунед.

Охирсухан

Чуноне, ки дар боло қайд намудем дар мақолаҳои беҳтарини Википедиа шумо мақолаҳоеро дарёфт карда метавонед, ки ба тариқи овоздиҳӣ интихоб шудаанд ва онҳо беҳтарин мебошанд. Агар шумо чунин мақола навиштед, он гоҳ шуморо метавон гуфт, википедисти ҳақиқӣ шудаед. Кӯшиш кунед, ки чунин мақолаҳо нависед ва онро барои интихоб пешниҳод кунед.
Мо аминем, ки Шумо аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонед!